photo_٢٠٢٤-٠٥-٠٣_١٥-٣٣-٢١

« Ал-Азим »

« العظيم »
« Ал-Азим »
Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва ҳифзи он ду бар Ӯ гарон намеояд ва Ӯ Баландмартаба ва Бузург аст”. (Бақара:255). Аллоҳ таъоло Бузург аст ва дорои ҳар сифате мебошад, ки таъзим ва бузургдоштро воҷиб мегардонад. Аллоҳ таъоло сутуда ва болотар аз ситоиши бандагон аст. Таъзиме, ки барои Аллоҳи ягона собит шудааст, ду навъ аст:
1.Ӯ таъоло ба ҳар сифати камол мавсуф аст. Дорои илм ва доноии фарогир аст. Аз Бузургии Парвардигор ин аст, ки осмонҳо ва замин дар кафи Ӯ хурдтар аз донаи нахуд ҳастанд. Аллоҳ фармудааст: “Аллоҳ осмонҳо ва заминро нигаҳ медорад ва намегузорад хориҷ ва нобуд шаванд. Ҳаргоҳ хориҷ ва нобуд гарданд, ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ кас наметавонад онҳоро нигаҳ ва маҳфуз бидорад”. (Фотир:41). Пас Азамат ва Кибирё аз они Ӯ таъолост. Ин ду сифат аст, ки ҳеҷ кас қадр ва андозаи онҳоро намедонад.
2.Танҳо Аллоҳ сазовори он аст, ки бандагонаш ба қалбҳо ва забонҳо ва бо аъзои баданашон Ӯро таъзим намоянд. Аллоҳ таъолоро бишносанд ва аз Ӯ битарсанд, Ӯро ҳамду ситоиш кунанд ва фармонбардорӣ намоянд ва сарпечӣ нанамоянд ва Ӯро ҳамеша ёд кунанд. Ва яке аз тасдиқи Бузург доштани Аллоҳ ин аст, ки замонҳо ва маконҳое, ки Аллоҳ онро муҳтарам қарор додааст, бузург бидонанд, Аллоҳ фармудааст: “Ва ҳар кас шаоири Аллоҳро бузург дорад, бегумон бузургдошти онҳо нишонаи парҳезгории қалбҳост”. (Ҳаҷ:32). Ва инчунин фармудааст: “Ва ҳар кас амр ва наҳйҳои Аллоҳро бузург ва муҳтарам дорад, пас дар назди Парвардигор чунин кор барои Ӯ беҳтар аст”. Ҳаҷ:30.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٠٢_١٢-٥١-٤٩

УМАР ИБНИ ХАТТОБ разияллоҳу анҳу

عمر ابن خطاب رضي الله عنه
УМАР ИБНИ ХАТТОБ разияллоҳу анҳу
Агар инсон саҳифаҳои асрҳои гузаштаро боз кунад, дар таърихи башарият одилтарин инсон ва бузургтарин шахси наҷотёфтаро пайдо мекунад, ки он шахс Умари Форуқ разияллоҳу анҳу аст. Амири муъминон, Умар ибни Хаттоб ибни Нуфайл ибни Абудулузо Қурайшӣ Адавӣ, ки бо даъвати Паёмбар ﷺ Ислом оварданд. Пас ба сабаби он кас Аллоҳ таъоло Исломро иззат дод. Умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу шахсе буданд, ки навсоз, илҳомбахш ва муваффақ. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дар умматҳои пеш аз шумо мардумоне буданд, ки ба онҳо илҳом мешуд ва агар дар уммати ман як нафар чунин бошад, пас он Умар аст”. Бухорӣ. Ва аз илҳоми Умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу буд, ки чанд ояти Қуръони карим дар бораи фикри он кас нозил шудааст. Умар разияллоҳу анҳу гуфт: “Бо Парвардигорам дар се ҳолат мувофиқ омадам. Ба Паёмбар ﷺ гуфтам; Эй Расулуллоҳ, агар мо мақоми Иброҳимро ҷойи намоз қарор диҳем, пас ин оят ба Паёмбар ﷺ нозил гардид: “Ва аз ҷойи қадами Иброҳим намозгоҳ бигиред”. (Бақара:125). Ва ояти ҳиҷоб, ки занони Паёмбар ﷺ ҷамъ гардида буданд ва ман рашкам омад, ки пас ба онҳо гуфтам; Агар Паёмбар ﷺ шуморо талоқ диҳад, зуд аст ки Парвардигораш барои ӯ занони дигареро бар ивази шумо медиҳад, ки беҳтар аз шумоянд”. (Таҳрим:5). Ва аз ҳайбати Умар разияллоҳу анҳу шайтонҳо мегурехтанд. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Қасам ба он зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, ҳаргиз шайтон туро дар ҳоли гузаштанат аз роҳе намебинад, магар ин ки роҳи ғайри туро пеш мегирад”. Бухорӣ. Умар разияллоҳу анҳу баъди вафоти Абубакр разияллоҳу анҳу хилофатро ба даст гирифтанд. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳароина Аллоҳ таъоло ҳақро бар забони Умар ва қалби ӯ қарор додааст”. Тирмизӣ. Умар разияллоҳу анҳу аввалин шахс дар ташкили байтул мол, солшумории ҳиҷрӣ, вазоратхона ва идораҳои давлатӣ буданд. Дар замони Умар разияллоҳу анҳу Қудс, Ироқ, Миср, Шом фатҳ гардид. Ва ба Умар разияллоҳу анҳу дар рӯзи чоршанбе, 26 уми моҳи Зулҳиҷҷа дар меҳроби масҷид корд заданд, ки баъди се рӯзи он шаҳид гаштанд. Ва рӯзи 1 уми Муҳаррам ба паҳлуи Паёмбарﷺ ва Абубакри Сиддиқ ба қабр гузоштанд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٠٢_١٢-٥٠-٥٤

«Ас-Самиъ»

«السميع»
«Ас-Самиъ»

Аллоҳ таъоло мефармояд: “Аллоҳ Шунаво ва Биност”. Нисо:136. Аллоҳ таъоло дар бисёр оятҳо сифати Самиъ (шунидан) ва Басир (дидан)-ро дар канори ҳам зикр кардааст. Пас ҳар кадом аз сифатҳои Шунидан ва Дидан, тамоми алоқамандии зоҳири ва ботинии худро иҳота дорад. Самиъ (шунаво) касе аст, ки шунавоии Ӯ ҳама шуниданиҳоро дарбар мегирад. Бинобарин Аллоҳ таъоло тамоми садоҳои паст ва баландро, ки дар ҷаҳони боло ва поён вуҷуд дорад, мешунавад. Тавре, ки гуё ҳама як садо ҳастанд. Ва садои зиёд барои Ӯ ташвиш эҷод намекунад. Ва Ӯ ҳама забонҳоро медонад. Ва садои наздик ва дур ва паст ва баланд барои Ӯ якхел ҳастанд. Аллоҳ таъоло фармуд: “Касе аз шумо суханро пинҳон медорад ва касе, ки суханро ошкор месозад ва оне, ки худро дар шаб пинҳон менамояд ва оне, ки дар рӯз равон мегардад, барои Аллоҳ якхел мебошад”. Рад:10. Ва низ Аллоҳ фармудааст: “Аллоҳ гуфтори он занеро мепазирад, ки дар бораи шавҳараш бо ту баҳс мекард ва ба Аллоҳ шикоят мебурд. Аллоҳ ҳатман гуфтугӯйи шумо ду нафарро мешунавад, чаро ки Аллоҳ Шунаво ва Биност”. Муҷодала:1. Аллоҳ таъоло дуои дуокунандагон ва ибодати онҳоро мешунавад. Ва дуоҳояшонро қабул менамояд ва ба онҳо аҷру савоб медиҳад. Аллоҳ таъоло фармуд: “Бегумон Парвардигори ман дуоро мешунавад (иҷобат мекунад) ва гуфтаи намозгузор, ки мегӯяд: Аллоҳ хостаҳои ҳар ситоишгарро қабул мекунад”. Иброҳим:39.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٠٢_١٢-٥٠-٣٠

ФАЗИЛАТИ МАҶЛИСИ ЗИКР

فضل مجلس الذكر
ФАЗИЛАТИ МАҶЛИСИ ЗИКР
Аллоҳ таъоло фариштагоне дорад, ки зикркунандагон ва маҷлисҳои илмро дар рӯйи замин ҷустуҷӯ мекунанд. Ва чун гурӯҳеро бубинанд, ки ба ёди Аллоҳ ва талаби илм машғуланд, якдигарро фарёд мекунанд ва мегӯянд; “Ба сӯйи он чизе, ки дар ҷустуҷӯйи он будед, биёед”. Онгоҳ зикркунандагонро то осмони дунё дар зери болҳояшон мегиранд. Сипас Аллоҳ бо ин, ки огоҳии комил дорад, аз фариштагон мепурсад: “Бандагонам чӣ мегӯянд? Дар ҷавоб фариштагон мегӯянд: “Покӣ ва Бузургии Туро баён мекунанд ва Туро ситоиш намуда Бузург медонанд”. Аллоҳ мефармояд: “Оё онҳо маро дидаанд? Дар ҷавоб фариштагон мегӯянд: “Ба Ту қасам, ки Туро надидаанд”. Пас Аллоҳ мефармояд: “Агар маро медиданд, чӣ кор мекарданд? Фариштагон мегӯянд: “Агар Туро медиданд, бештар ибодат мекарданд ва ҳам бештар Бузург медоштанд ва бештар тасбеҳ мегуфтанд”. Онгоҳ Аллоҳ фармуд: “Онҳо чӣ мехоҳанд? Фариштагон мегӯянд: “Аз Ту биҳишт мехоҳанд”. Аллоҳ мефармояд: “Оё онҳо биҳиштро дидаанд? Фариштагон мегӯянд: “Парвардигоро, қасам ба Ту, ки биҳиштро надидаанд”. Аллоҳ мефармояд: “Агар онро медиданд, пас чӣ кор мекарданд? Фариштагон мегӯянд: “Агар онро медиданд, ба он алоқаи бештаре пайдо мекарданд ва бештар ба дунболи он мерафтанд ва ба он рағбати бештар нишон медоданд”. Пас Аллоҳ мефармояд: “Аз чӣ чиз паноҳ мехоҳанд? Фариштагон мегӯянд: “Аз дӯзах паноҳ мехоҳанд”. Аллоҳ мефармояд: “Оё дӯзахро дидаанд? Фариштагон мегӯянд: “Парвардигоро, қасам ба Ту, ки дӯзахро надидаанд”. Аллоҳ мефармояд: “Агар онро медиданд, пас чӣ кор мекарданд? Фариштагон мегӯянд: “Агар онро медиданд, аз он бештар дур мешуданд ва тарси бештар аз он доштанд”. Аллоҳ мефармояд: “Шумо гувоҳ бошед, ки ман онҳоро бахшидам”. Пас яке аз фариштагон мегӯяд: “Фалон шахси гунаҳкор низ дар миёни онҳост, вале он аз ҷумлаи онҳо нест, балки ӯ барои коре ба онҷо омада буд? Аллоҳ мефармояд: “Ӯро низ бахшидам. Онҳо касоне ҳастанд, ки ҳамнишинонашон низ бенасиб намемонанд ва бадбахт намешаванд”.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٠٢_١٢-٥٠-٠٤

«Ал-Басир»

«البصير»
«Ал-Басир»
Ал-Басир дар Қуръони карим 11 маротиба зикр шудааст. Ал-Басир, яъне он зоте, ки биноии Ӯ ҳама диданиҳоро дар тамоми гӯшаҳои замин ва осмон иҳота намудааст. Ӯ ҳатто пинҳонтарин чизро мебинад. Роҳи рафтани мӯрчаи сиёҳ дар зери санги сиёҳ дар шаби зулумотро мебинад. Ва тамоми аъзои зоҳирӣ ва ботинии мӯрча ва ҳаракати ӯро мушоҳида мекунад. Ҳаракати обро дар шохи дарахтон ва решаҳояшон мебинад. Навъҳои гиёҳҳои хурд ва бузургро мебинад. Рагҳои борики мӯрча, занбӯр, пашша ва майдатарин ҳашаротро мебинад. Пас Ӯ таъоло Парвардигорест, ки дар Азамат ва Бузургӣ пок аст. Аллоҳ таъоло хиёнати чашмҳо ва ҳаракати қалбҳоро мебинад. Чуноне, ки дар Қуръони карим фармуд: “Он Парвардигоре, ки туро мебинад, ба он гуна, ки ба намози таҳаҷҷуд бармехезӣ ва ҳамчунин ҳаракати қиём ва рукӯъ ва саҷдаатро дар миёни саҷдакунандагон мебинад, чаро ки Ӯ Шунаво ва Огоҳ аст”. (Сураи Шуаро: ояти 218,220). Инчунин фармудааст: “Аллоҳ таъоло хиёнати чашмҳо ва он чиро, ки синаҳо пинҳон медоранд, медонад”. (Сураи Ғофир: ояти 19). Ва инчунин фармудааст: “Ва Аллоҳ бар ҳар чизе Ҳозир ва Нозир аст”. (Сураи Буруҷ: ояти 9). Яъне, Аллоҳ таъоло огоҳ аст ва илм ва биноӣ ва шунавоии Ӯ тамоми коинотро иҳота кардааст. Аллоҳ таъоло он зоте аст, ки Биноӣ ва Шунавоии Ӯ ҳама сир ва сӯҳбатҳои пинҳониро дарбар гирифтааст. Аллоҳ он зоте аст, ки гуфтори бандагонаш ва ба он чизе, ки халқаш сухан мекунанд, мешунавад ва мебинад, бинобарин бар Ӯ таъоло чизе пӯшида намемонад. Ва Ӯ Шунаво ва Биноест, ки дуои дуокунандагонро иҷобат мекунад. Аллоҳ дар Қуръон фармуд: “Ва Ӯ Шунаво ва Биност”. (Сураи Шуро: ояти 11).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٠٢_١٢-٤٦-٠١

«Ал-Алим Ал-Хабир»

«العليم الخبير»
«Ал-Алим Ал-Хабир»
Аллоҳ мефармояд: “Ва Ӯ болои бандагони Худ Ғолиб аст. Ва Ӯ Донои Огоҳ аст”. Анъом:18. Ал-Алим он зотест, ки илми Ӯ ошкорҳо ва пинҳонҳо ва розҳову эълонҳоро фаро гирифтааст, пас бар Ӯ ягон чиз пӯшида намемонад, он чизе, ки буд ва мебошад, онро медонад. Номи Ал-Алим 157 маротиба дар Қуръони карим зикр шудааст. Аллоҳ фармуд: “Бегумон Аллоҳ таъоло ба ҳар чиз Огоҳ аст”. Анфол:75. Ӯ Доноест, ки Доноии Ӯ бар ҳар чиз иҳота дорад. Ӯ аз тамоми корҳои мумкин ва номумкин Бохабар аст. Аллоҳ аз чизҳое, ки вуҷуди он мумкин нест, Бохабар аст. Аллоҳ фармуд: “Агар дар осмонҳо ва замин ғайр аз Аллоҳи ягона маъбудоне чанд мебуданд, ҳатман осмонҳо ва замин табоҳ мегаштанд”. Анбиё:22. Ва фармуд: “Аллоҳ ҳеҷ фарзанд нагирифтааст ва ҳеҷ маъбуди дигар ҳамроҳи Ӯ нест. Онгоҳ ҳар маъбуде чизеро, ки офарида буд, мебурд ва ҳамоно баъзе аз онҳо бар баъзе ғолиб меомад. Покӣ аз они Аллоҳ аст, аз он чи баён мекунанд”. Муъминун:91. Ӯ Доное аст, ки доноӣ ва огоҳияш ҷаҳони боло ва поёнро иҳота намудааст ва ҳеҷ макон ва замоне нест, ки Ӯ бо он огоҳ набошад. Ӯ таъоло ошкор ва пинҳонро медонад, ҳамчуноне ки фармуд: “Албатта Аллоҳ ба ҳар чиз Доност”. Анфол:75. Ва ҳар заррачае дар осмонҳо ва замин аз нигоҳи Аллоҳ пинҳон намемонад. Ӯ таъоло на дар ғафлат мемонад ва на фаромӯш мекунад. Қудрат ва тавоноии мардум бе ягон асос ба қудрати Аллоҳ қобили муқоиса нест. Пас Аллоҳ таъоло аст, ки ба инсонҳо чизҳоро омӯзондааст, ки онро намедонистанд. Аллоҳ таъоло ояндаи ҷаҳонро медонад. Аҳволи инсонҳоро аз замоне, ки офарид ва миронид ва дар қиёмат зинда мекунад, медонад. Аллоҳ таъоло аз тамоми корҳои хубу бад ва савобу азоби мардум бохабар аст. Пас ҳеҷ чизе бар Ӯ пӯшида ва пинҳон нест.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٠١_١٧-٤٤-٤٧

ОФТОБ КАЙ АЗ ТАРАФИ МАҒРИБ МЕБАРОЯД?

متي تطلع الشمس من مغربها؟
ОФТОБ КАЙ АЗ ТАРАФИ МАҒРИБ МЕБАРОЯД?

Ҳаррӯз офтоб аз тарафи машриқ мебарояд ва рӯйи заминро равшан мегардонад ва дар охири рӯз ба тарафи мағриб менишинад, ки рӯйи заминро торикӣ фаро мегирад. Ва лекин дар охири замон ин ҳолат баракс шуда офтоб аз тарафи мағриб мебарояд, ки он нишонаи калони наздик шудани қиёмат аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аввалин нишонае, ки пеш аз рӯйи қиёмат барои мардум зоҳир мешавад, ин баромадани офтоб аз тарафи мағриб аст. Ва ин нишонаи калони қиёмат аст. Агар инсон баъди мушоҳидаи ин ҳолат имон орад, барои ӯ ин имон фоидае намедиҳад. Ва баромадани ҳайвон низ аз аломатҳои калони рӯзи қиёмат аст, ки дар вақти баланд шудани офтоб меояд, ки он баромада ба мардум сухан мекунад, яъне ин ду нишонаи рӯзи қиёмат дар як вақти наздик бо ҳам рух медиҳад”. (Муслим). Ва охирин нишонаи калони қиёмат бо марги Исо писари Марям алайҳис салом ба поён мерасад. Ва шояд баромадани ҳайвон ва тулӯъи офтоб аз тарафи мағриб дар як рӯз бошад. Ва дар ҳамон рӯз дари тавба баста мешавад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳароина дар тарафи ғуруби офтоб дари кушодае ҳаст, паҳноӣ ва дарозии он ҳафтсолина роҳ аст, ки он то баромадани офтоб аз мағриб, кушода аст”. (Ибни Моҷа). Бинобарин дар он рӯз онҳое, ки имонашонро нав мекунанд, қабул карда намешавад. Дар он рӯз тавбаи гунаҳкор ва имони шахси кофир қабул намешавад. (Муслим). Инчунин Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дар шаш кор саросема шавед, аз ҷумлаи онҳо баромадани офтоб аз тарафи мағриб”. (Муслим).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٠١_١٧-٤٤-٢٦

МАҲРАМҲО КИСТАНД?

من هم المحارم؟
МАҲРАМҲО КИСТАНД?
Маҳрам касе аст, ки издивоҷ бо ӯ ҳаром аст. Шахсоне, ки бар писарон ва мардҳо маҳрам ҳисоб мешаванд: Модар ва модаркалон, духтар ва духтари фарзанд, хоҳар ва хоҳарзода (духтари хоҳар), бародарзода (духтари бародар), амма (аммаи худ ва аммаи падару модар), хола (холаи худ ва холаи падару модар). Шахсони мазкур ба сабаби хешовандии насабӣ бо ҳам маҳраманд ва гурӯҳи дигаре ҳам ба сабаби издивоҷ маҳрам мешаванд: Модар ва модаркалони зан, духтари зан, ҳарчанд духтари худаш набошад, зани падар, зани писар. Ба ҷуз афроде, ки гуфта шуд, дигар занҳо номаҳраманд, ҳатто зани бародар ва хоҳари зан, агарчанде хоҳари зан то муддате, ки хоҳараш ҳамсари ӯст ҳаром мебошад, яъне издивоҷ бо ду хоҳар ҷоиз нест, магар ин ки аз дунё биравад ва ё ӯро талоқ диҳад. Издивоҷи зани мусулмон бо марди ғайри мусулмон ҳаром аст ва низ издивоҷи марди мусулмон бо зани бутпараст ва мушрик ҳаром мебошад. Ва барои зани мусулмон ин ашхос маҳрам мебошанд ва издивоҷ бо онҳо ҳаром аст: Писар ва набера, падар ва бобо, бародар, бародари модар (тағо), бародари падар (амак), писар ва набераи бародар, писар ва набераи хоҳар. Ва гурӯҳи дигар бо сабаби хешовандӣ ва пас аз издивоҷ маҳрам мешаванд: Домоди худ ва домоди фарзанд, шавҳари модар (падарандар), писари шавҳар (ҳарчанд писари худаш набошад), падари шавҳар. Баъзе аз арабҳо дар қадим мегуфтанд: Шаш намуд занонро ба никоҳи худ нагиред: 1. Ал Аннона: Он зане, ки бисёр шикояткунанда ва ҳар соат асабонӣ аст. 2. Ал Маннона: Он зане, ки ба шавҳараш миннат мекунад ва мегӯяд, ки ба хотири ту чунин ва чунон кардам. 3. Ал Ҳаннона: Он зане, ки ҳамеша ба шавҳараш нолону гирён мекунад. 4. Ал Ҳаддоқа: Он зане, ки ҳар чизе ки мебинад онро орзу карда шавҳари худро маҷбур мекунад, то онро бихарад. Аз чизҳои хона бошад ва ё чизҳои хона. Чашми чунин занон гурсна аст, зеро ҳеҷгоҳ сер намегардад. 5. Ал Барроқа: Он зане аст, ки чашм ва назари бади шайтонӣ дорад. Ва он зане аст, ки аҳли оилаи худро ба чизе тӯҳмат мекунад. 6. Аш Шаддоқа: Он зане аст, ки бе ягон шарм доштан ва ё хаста шудан гапи бисёр мезанад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٠١_١٧-٤٤-١٧

«Ал-Ҳамид»

«الحميد»
«Ал-Ҳамид»
Ал-Ҳамид ҷалла ҷалолуҳу, яъне Ӯ таъоло дар ҳама кирдор, гуфтор, сифатҳо, номҳо, шаръ ва тақдираш Ситудашуда аст. Ҳамду ситоиш карда мешавад ва Ӯ барои сифатҳои комилаш ва эҳсони бисёраш ба сӯйи халқ шоистаи ҳамду сано аст. Ал-Ҳамид дар Қуръони карим 17 маротиба омадааст. Аллоҳ фармуд: “Ҳамоно Ӯ Ситудаи Бузургвор аст”. (Сураи Ҳуд, ояти: 73). Ва фармуд: “Эй мардум, шумо ниёзманди Аллоҳ ҳастед ва Аллоҳ Бениёзу Ситуда аст”. (Сураи Фотир, ояти:15). Ибни Қайюм раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Аллоҳ таъоло аз ду ҷиҳат Ситуда аст; Яккум ин, ки ҳама махлуқот ситоиши Ӯро мекунанд. Пас ҳар ситоиш ва сипосе, ки аҳли осмонҳо ва замин ва гузаштагон ва ояндагони онҳо гуфтанду мегӯянд ва ҳар ситоише, ки нагуфтаанд, танҳо сазовори он Аллоҳ аст. Чун Аллоҳ аст, ки онҳоро офарид ва ризқу рӯзӣ дод ва неъматҳои зоҳирӣ ва ботинӣ ва динӣ ва дунявиро арзонӣ намуд ва ранҷҳоро аз онҳо дур кард. Пас ҳар неъмате, ки бандагон доранд, аз ҷониби Аллоҳ аст. Ва танҳо Ӯ таъоло бадиҳо ва балоҳоро аз онҳо дур менамояд, бинобарин Ӯ сазовори он аст, ки бандагон дар тамоми вақт ситоиши Ӯро карда, шукри Ӯро баҷо меоранд”. Дуввум ин, ки Аллоҳ таъоло бо номҳои ҳусно ва сифоти комили Худ ситоиш мешавад. Ӯ барои ҳар сифате сазовори комилтарин ситоиш мебошад. Пас Ӯ ба хотири зоташ ситоиш мегардад ва ҳам бар асоси сифоташ Ситуда мешавад ва ҳамчунин барои корҳояш Ситоиш мегардад. Чун корҳои Ӯ фазл, эҳсон, адл ва ҳикмат аст. Ӯ бар офариниш ва қонун ва аҳкоми тақдирӣ, шаръӣ ва ҷазоие, ки гузоштааст, мавриди Ситоиш аст. Ва ақлу фикри мо тавони шумурдани Ситоиши Ӯ таъолоро надоранд ва қаламҳо аз баёни ситоиши Ӯ нотавон ҳастанд. (Ал-ҳақ ал-возеҳ с;31,40).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٠١_١٧-٤٢-٤٤

ҲУКМИ ИСТИФОДАИ АНГУШТАРИИ ТАСБЕҲ

حكم إستعمال خاتم التسبيح
ҲУКМИ ИСТИФОДАИ АНГУШТАРИИ ТАСБЕҲ
Суннат он аст, ки шахси мусалмон тасбеҳу таҳлил ва ғайра аз зикрҳоро бояд бо ангуштони дасти худ бишумурад. Аз Ҳумайза бинти Ёсир аз Юсайра ривоят аст, ки ба мо чунин хабар дод: “Ҳароина Паёмбар ﷺ амр ба риояи такбир, (Аллоҳу Акбар), ва қавли Субҳоналлоҳ ва таҳлил (Ло Илоҳа иллаллоҳ) карданд. Ва ин, ки ин зикрҳоро бо атрофи ангуштонашон ҳисоб бикунанд. Шумо эй занон ончи мекунед, пурсида хоҳед шуд, ба ҳамаи он ҳисобгирӣ аст, зеро он амалҳо бар соҳибаш шоҳидӣ медиҳад, он чи амал кард, он сухан хоҳад кард”. (Ривояти имом Аҳмад). Яъне, он ангуштон дар назди Аллоҳ ба он тасбеҳу таҳлилҳо шоҳид мешавад. Ҳеҷ боке надорад, ки шахси мусалмон Аллоҳро ба ҳама он чизҳое, ки ҷоиз аст, ёд бикунад. Ба мисли тасбеҳ ва ё ангуштарии тасбеҳ ва ғайраҳо, ки ба шумо барои шумури он ёрӣ медиҳад. Ва ин ҳама дар зери ин қоида аст: “Воситаҳо дорои аҳкоми мақсадҳо мебошад”. Агар инсон бо ин восита мақсади нек дошта бошад, барои ӯ ба қадри нияташ савоб дода мешавад. Шайхул Ислом раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Аммо шумурдан бо ангуштон ва сангчаҳо ва дигар чизҳое, ки ба онҳо монанд аст, истифодаи он хуб аст. Аз Саҳобагон (разияллоҳу анҳум) касоне буданд, ки он чизҳоро истифода мебурданд. Ва Паёмбар ﷺ Уммул муъминин Оиша разияллоҳу анҳоро диданд, ки бо сангча тасбеҳ мегуфтанд, пас бо ин амалаш ба ӯ чизе нагуфтанд”. Ва дар ривояте омадааст; “Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) бо сангча тасбеҳ мегуфт”. Ва тасбеҳ гуфтан бо тасбеҳҳои доирамонанди ҳозирзамона, ки онро баъзе уламо иҷозат намедиҳанд ва баъзеи дигар онро иҷозат додаанд. Пас агар нияти ӯ хуб буд, истифодаи он ҷоиз аст. Ва аммо беягон зарурот ва ё барои худнамоӣ онро истифода бурд, ҷоиз нест. Ба мисли он шахсоне, ки тасбеҳро ба гарданашон овезон мекунанд. Ва ё ҳамчу дастбанд ба дасташон мебанданд ва ғайраҳо, ки ин ҳама риё ва ё худро ба дигарон монанд кардан аст. Пас агар чунин бошад, аввал он муҳаррам аст, дуввум он кароҳият дорад. Аллоҳ таъоло Доност.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ