photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١١-٥٧-٢٨

«Ал-Фаттоҳ»

«الفتاح»
«Ал-Фаттоҳ»

Ал-Фаттоҳ ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ таъоло Довар дар миёни бандагонаш аст, ки дарҳои ризқ ва раҳматро барои онон мекушояд. Ал-Фаттоҳ ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръон як маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Бигӯ:Парвардигори мо дар рӯзи қиёмат миёни мо ҷамъ хоҳад кард, сипас ба ростӣ миёни мо ҳукм мекунад ва Ӯ Ҳукмкунандаи Доност”. (Сураи Сабо, ояти: 26). Фотиҳ, яъне Ҳоким ва Қозӣ ва Фаттоҳ сиғаи муболаға аст. Пас Фаттоҳ, яъне Довари Некӯкор ва Бахшанда. Ва Доварии Парвардигор бар ду навъ аст: 1. Доварӣ ва қазовати Ӯ бо фармони динӣ ва ҳукми ҷазоии Ӯ таъоло. 2. Доварии Ӯ бо ҳукми тақдири Ӯ таъоло. Доварӣ ва қазовати Ӯ бо фармони динӣ ва ҳукми ҷазоии Ӯ, ҳамон шариъат ва қонуни Ӯст, ки бар забони Паёмбаронаш ҳама он ниёзҳои мукаллафонро баён намудааст, ки онҳо ба василаи он ба роҳи рост ҳаракат мекунанд. Аммо доварии Ӯ аз роҳи ҷазо додан ин аст, ки миёни Паёмбарон ва мухолифонашон ва миёни дӯстон ва душманонашон доварӣ менамояд ва Паёмбарон ва пайравонашонро мавриди бузургдошт қарор дода наҷот медиҳад ва душманонашонро хор гардонида ҷазо медиҳад. Ҳамчунин дар рӯзи қиёмат дар миёни мардум доварӣ менамояд. Ва ба ҳар кас ба таври комил подоши корашро медиҳад. Аммо доварии тақдири Ӯ таъоло, ин хайру шарр ва фоидаву зиёне аст, ки барои бандагонаш муқаррар дошта аст. Аллоҳ таъоло фармуд: “ Он чӣ Парвардигор барои мардум аз Раҳмат кушода созад, пас, ҳеҷ боздорандае онро нест ва он чӣ боздорад, пас, онро баъд аз Вай кушояндае нест. Ва Ӯст Ғолибу Боҳикмат”. (Сураи Фотир:2). Пас Аллоҳ таъоло Довар ва Қозии Доное аст, ки хазинаҳои бахшиш ва карами Худро барои бандагонаш мекушояд ва акси инро ба сӯйи душманонаш сарозер менамояд ва ин мувофиқи Фазл ва Адли Ӯст.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١١-٥٥-٤٠

НАМОЗ ДАР ВАҚТҲОИ МАКРӮҲ

الصلاة في أوقات الكراهة
НАМОЗ ДАР ВАҚТҲОИ МАКРӮҲ

Аз Амр ибни Абасаи Саҳлӣ разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам; Эй Расулуллоҳ, аз донише, ки Аллоҳ ба ту додааст ва ман онро намедонам, ба ман биёмӯз ва ҳам намозро ба ман омӯзиш бидеҳ. Фармуданд: “Намози бомдодро баҷо овар, сипас то вақте ки офтоб ба андозаи як найза боло биёяд, аз хондани намоз худдорӣ бикун, зеро офтоб дар вақти баромадан аз миёни ду шохи шайтон тулӯъ мекунад. Ва ин замоне аст, ки кофирон барои офтоб саҷда мекунанд. Сипас намоз бихон, зеро намоз хондан бо ҳузури фариштагон аст. Ва вақте ки сояи найза ва ё сояи ҳар чизи дигар ба камтарин ҳадди он бирасад, аз хондани намоз худдорӣ бикун, чун дар ин вақт дӯзах шуълавар ва барафрӯхта мешавад. Ва вақте ки соя ба самти машриқ майлкунанда аст, намоз бихон. Зеро хондани намоз бо ҳузури фариштагон аст, то ин ки намози Асрро баҷо оварӣ. Пас аз намози Аср то ғуруби офтоб намоз нахон, зеро офтоб дар миёни ду шохи шайтон ғуруб мекунад ва кофирон дар ин вақт барои офтоб саҷда мекунанд”. (Муслим). Ва ба мо мустаҳаб аст, ки дар ҳама вақтҳо намози нафл бихонем, магар дар вақтҳо манъшуда, ки дар ҳадис ворид шуд. Ва вақтҳо макрӯҳ; 1. Баъди намози Бомдод, то баромадани офтоб ва баъди он понздаҳ дақиқа. 2. Дар нисфи рӯз пеш аз намози пешин, ки камтар ва ё бештар аз панҷ дақиқа аст. 3. Баъди намози Аср, то нишастани офтоб. Яъне, баъди хондани намози аср, то ғуруби офтоб, ки хондани ҳамагуна намоз ҳаром аст. Пас ҳикмати манъ ин аст; 1. Дурӣ аз монанд шудан ба кофироне, ки ба офтоб саҷда мекунанд, зеро саҷдаи онҳо аз рӯйи хурсандӣ ва пешвозгирии офтоб аст. Ва дар вақти ғуруби офтоб, ҳамчу видоъ ба ӯ саҷда мекунанд. 2. Ҳарисии Паёмбар ﷺ ба бастани ҳар даре, ки моро ба ширк мебарад. 3. Дар вақти қиёми офтоб оташи дӯзах шуълавар карда шуда, дарҳои он кушода мегардад.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١١-٥٤-٤٣

«Ал-Раззоқ, Ар Розиқ»

«الرزاق الرازق»
«Ал-Раззоқ, Ар Розиқ»

Ар-Раззоқ, Ар-Розиқ ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Кофили ризқи ом барои ҳамаи махлуқҳо ва ризқи хос ба бандагони мӯъминаш аст. Ризқи хос ҳамон имон доштан ба Ӯ таъоло ва илми нофеъ ва ризқи ҳалол мебошад. Ва Раззоқ бар бисёрии ризқи Ӯ барои халқаш далолат мекунад. Номи (Ар-Розиқ ҷалла ҷалолуҳу) панҷ маротиба, ва аммо номи (Ар-Раззоқ ҷалла ҷалолуҳу) як маротиба дар Қуръони Карим омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд:”Ва ба мо рӯзӣ деҳ, ки Ту беҳтарини Рӯзидиҳандагонӣ”. (Сураи Моида:114). Ва фармуд: “Бегумон Аллоҳ аст, ки Рӯзидиҳанда аст ва Ӯ Қудратманди Устувор аст”. (Сураи Зориёт:58). Ва фармуд: “Ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест, магар ин ки рӯзии он ба уҳдаи Аллоҳ аст”. (Сураи Ҳуд:4). Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аллоҳ таъоло нархгузор, бозгиранда, кушоишгар ва рӯзидиҳанда аст”. (Абудовуд ва Тирмизӣ). Аллоҳ таъоло бо ду сурат бандагонашро рӯзӣ медиҳад, яке бо сурати ом ва дигаре бо сурати хос: 1. Рӯзи додани умумии Ӯ ин аст, ки ба ҳама офаридаҳо ончиро, ки дар зиндагӣ ва ҳаёти худ ба он ниёз доранд, медиҳад. Бинобарин барои ҳама касби рӯзиро муяссар намудааст, ки ба он шахси гунаҳкор, некукор, кофир, мусалмон, инсонҳо, ҷинҳо, фариштагон ва ҳайвонот шомиланд. Ва гоҳе ризқу рӯзӣ аз роҳи ҳалол ба даст меояд, ки банда дар ба даст овардани он ранҷ мебинад. Ва гоҳе аз роҳи ҳаром ба даст меояд. Ва ончи аз ҳалолу ҳаром ба даст меорад, рӯзӣ номида мешавад ва гуфта мешавад, ки Аллоҳ ба ӯ ризқу рӯзӣ додааст. 2. Ризқу рӯзии мутлақ, ки он ба шахсони хос аст. Ин рӯзӣ муфид аст, ки фоидаи он дар дунё ва охират идома дорад. Он ризқу рӯзие аст, ки ба василаи Паёмбар ﷺ ба мардум расидааст ва он ду навъ аст: 1.Рӯзи додан ба қалбҳо, ки он бо илм, имон ва ҳақоиқи он аст. 2. Рӯзи додан ба ҷисми мо, ки он беягон ранҷ ба даст меояд.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١١-٥٤-٠١

«Ал-Ҳаййу»

«الحي»
«Ал-Ҳаййу»

Ал-Ҳаййу ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, он Зиндае аст, ки намемирад ва ҳаёти Ӯ субҳонаҳу ва таъоло комилтарин ҳаёт аст. Ӯ таъоло ҳама сифатҳои камолро лозим мегирад ва зидди онро аз ҳамаи ваҷҳ нафӣ мекунад ва камоли ҳаёти Ӯ лозим мегирад, ки Ӯро ғанаб ва хоб намегирад. Ал-Ҳаййу ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим панҷ маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Аллоҳ Илоҳест, ки ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Ӯ нест, Зиндаву Тадбиркунандаи олам аст”. (Сураи Бақара:255). Ва фармудааст: “Аллоҳ Илоҳест, ки ҳеҷ маъбуде сазовори ибодат нест, магар Ӯ, Зиндаву Поянда ва Тадбиркунандаи олам аст”. (Сураи Оли Имрон:2). Ва фармудааст:“Ва ниёиш кунад чеҳраҳои мардум барои Зиндаи Поянда, ҳароина, ҳар касе ки бори ситамро бардошт, ба матлаб нарасид”. (Сураи Тоҳо:111). Ал-Ҳаййу ҷалла ҷалолуҳу, яъне зиндае, ки ҳаёти Ӯ комил аст. Ва ин ҳама сифоти зоти Парвардигорро ба монанди Илм, Қудрат, Азамат, Ирода ва дигар сифоти зоти муқаддасро шомил мешавад. Ва ба мо воҷиб аст, ки ба он зоте такия намоем, ки намемирад. Аллоҳ фармуд: “Ва таваккул кун бар он зоти Зинда, ки ҳаргиз намирад ва ҳамроҳи ситоиш Ӯро ба покӣ ёд кун ва ба гуноҳони бандагони хеш огоҳии Вай басанда аст”. (Сураи Фурқон:58). Ва фармудааст:“Ӯ зинда аст. Нест ҳеҷ маъбуди барҳақ, магар Ӯ. Пас барои Ӯ дар ҳоле, ки динро холискунандагон бошед, Ӯро ибодат кунед. Ҳама ситоиш аз они Аллоҳ аст, ки Парвардигори ҷаҳониён аст”.(Сураи Ғофир:65). Ва маънои Ҳай ҷалла ҷалолуҳу чунин аст, ки фармуд: “Аллоҳ хост кореро, ки шуданӣ буд, ба анҷом расонад ва то касе ки ҳалок шуданӣ аст, аз рӯи ҳуҷҷати равшан ҳалок шавад ва касе ки зинда монданӣ аст, аз рӯи ҳуҷҷати равшан зинда монад. Ва ҳароина, Аллоҳ Шунаво ва Доност”. (Сураи Анфол:42).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٠

ХУДПИСАНДӢ

التكبر
ХУДПИСАНДӢ

Аллоҳ таъоло фармуд: «Пас ба сӯи вай ваҳй фиристодем, ки киштиро ба ҳузури Мо ва бо фармони мо бисозад. Пас чун фармони Мо ояд ва танур ҷуш занад, аз ҳар ҷинс ду танро ва касони худро, магар аз онҳо касе, ки бар вай гуфтаи Ҳақ пешӣ гирифтааст, дар кишти дарор! Ва дар бораи онон, ки ситам кардаанд бо Ман сухан магӯ! Ба дурустӣ ки онҳо ғарқ шудагонанд». (Сураи Муъминун:27). Ва фармудааст : «Бешубҳа Аллоҳ он чиро, ки пинҳон медоранд ва он чиро, ки ошкор мекунанд, медонад. Ҳамоно Ӯ саркашонро дӯст намедорад».(Сураи Наҳл: 23). Паёмбар ﷺ фармуданд: «Як мард бо такаббури баланд бо либосҳояш фахркунон роҳ мерафт, ки Аллоҳ таъоло ба замин фармон дод, то ӯро фурӯ барад ва он то рӯзи қиёмат дар он боқӣ мемонад». Худписандӣ ин аввалин гуноҳ бар зидди Аллоҳ аст, ки фармуд: «Ва чун ба фариштагон гуфтем: «Ба Одам саҷда кунед, пас саҷда карданд, магар Иблис ки қабул накард ва саркашӣ намуд ва аз кофирон гашт». (Сураи Бақара: 34). Паёмбар ﷺ фармуданд: «Худписандӣ ин қабул накардани ҳақиқат ва таҳқир кардани мардум мебошад». Аллоҳ фармуд: «Ва рухсораи худро аз мардум матоб ва дар замин хиромон роҳ марав, ба дурустӣ ки Аллоҳ ҳар нозандаи худситояндаро дӯст намедорад». (Сураи Луқмон: 18). Ва фармуд: «Ин сарои бозпасинро барои онон муқаррар мекунем, ки дар замин такаббур ва фасод наметалабанд. Ва оқибати некӯ аз они парҳезгорон аст». (Сураи Қасас: 83). Паёмбар ﷺ фармуданд: «Оё шумо мехоҳед дар бораи аҳли дӯзах бидонед? Пас фармуданд: Онҳо душмани бераҳм, бахил ва мутакаббир ҳастанд». Ва фармуданд: «Ҳар одами мутакаббир ва худписанд дар рӯи замин, ба ғазаби Аллоҳ дучор мешавад». Ва фармуданд: «Касе, ки дар дил як зарра такаббур дорад, ба биҳишт дохил нагардад».

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤١

«Ал-Холиқ, Ал-Халлоқ»

«الخالق الخلاق»
«Ал-Холиқ, Ал-Халлоқ»

Ал-Холиқ, Ал-Халлоқ ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Холиқ он зотест, ки халқро эҷод карда онро бемисоли собиқ ихтироъ кардааст ва Ал-Халлоқ бар бисёрии халқи Аллоҳ таъоло ва эҷоди Ӯ ва камоли Ӯ дар офариниш далолат мекунад. Исми Ал-Холиқ дар Қуръон ҳашт маротиба ва аммо исми Ал-Халлоқ ду маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ӯ Аллоҳ аст, Офаридгор, Навпадидоранда, Нигоранда, Ӯро номҳои нек аст, ҳар чи дар осмонҳову замин аст, Ӯро ба покӣ ёд мекунад ва Ӯ Ғолиби Боҳикмат аст”. (Сураи Ҳашр: 24). Ва фармудааст: “Бегумон Парвардигори ту, ҳамон Офаринандаи Доност”. (Сураи Ҳиҷр: 86). Ал-Холиқ Парвардигори ҷаҳониён мебошад, ки ҳама мавҷудотро офаридааст. Ва ҳама махлуқотро аз нестӣ падид овардааст. Ва низоми ҳастиро бо ҳикмати Хеш баробар намуда ва шакл додааст. Ӯ таъоло ҳамеша бо ин сифати Бузург будааст. Аллоҳ фармудааст: “Ва дар замин кӯҳҳои муҳкамро афканд, барои эҳтироз аз он, ки шуморо биҷӯнбонад ва ҷӯйҳо ва роҳҳоро офарид, то бувад ки роҳёб шавед. Ва нишонаҳо офарид ва онҳо бо ситорагон роҳ меёбанд. Оё Он, ки меофаринад, монанди касе аст, ки намеофаринад?! Оё панд намегиред?”. (Сураи Наҳл:,15-17). Ва фармудааст: “Эй мардумон, достоне падид оварда шуд; пас, онро бишунавед: Ҳамоно онон, ки ба ҷуз Аллоҳ мехонед, магасеро офарида натавонанд, агарчи барои он ҷамъ шаванд ва агар магас чизеро аз онҳо бирабояд, онро аз магас раҳо карда натавонанд. Ҳам толибу ҳам матлуб нотавон шуданд”. (Сураи Ҳаҷ:73).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٢ (2)

НОМҲОИ АЛЛОҲ МАҲСУР БА АДАДИ МУАЙЯН НЕСТ

أسماء الله الحسنى لا تنحصر بعدد معين
НОМҲОИ АЛЛОҲ МАҲСУР БА АДАДИ МУАЙЯН НЕСТ

Номҳои Аллоҳ таъоло маҳсур ва маҳдуд ба адади муайяне нест. Аллоҳ номҳо ва сифатҳое дорад, ки дар зумраи илми ғайб назди Худ ниҳон доштааст, ки онро на фариштаи муқарраб ва на анбиёву авлиё касе намедонад. Тавре, ки дар ҳадиси саҳеҳ ворид шудааст: “Мепурсам туро бо ҳама номҳое, ки ту дорӣ, Худро бо он номидаӣ ва ё онро дар китобат нозил кардаӣ ва ё бар касе аз халқат омӯзонидаӣ ва ё дар илми ғайб назди Худ ниҳон доштаӣ”. (Ҳоким ва Аҳмад). Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ дар китоби “Бадоеъ-ул-фавоид” мегӯяд: (Бинобарин мадлули ин ҳадис номҳои Аллоҳ бар се қисм аст: 1-Қисме аз номҳояш, ки Худро бо он номидааст ва бар баъзе аз фариштагон ва ё ғайри онон иттилоъ додааст, вале дар китобаш нозил накардааст. 2-Қисме, ки дар китобаш нозил кардааст ва бар бандагонаш иттилоъ додааст. 3-Қисме, ки зимни илми ғайб назди Худ ниҳон доштааст ва касеро аз он иттилоъ надодааст). Дар хадиси дигаре Паёмбар ﷺ мефармоянд: “Аллоҳ таъолоро наваду нӯҳ ном аст, як кам сад. Ҳар касе онро ҳифз намояд, дохили ҷаннат гардад”. (Бухорӣ ва Муслим). Дар маънои ҳифз гуфтаанд: 1.Ба маънои шуморидан. Яъне онҳоро хифз намояд ва бо он номҳо Аллоҳро дуо кунад. 2. Ба маънои тоқат. Яъне битавонад онро муроъот намуда ҳудуди онро дар муомила бо Парвардигор муҳофизат кунад. 3. Ба маънои маърифат. Яъне онро бишносад ва маънои онро бифаҳмад ва ба он имон орад. Маротиби ҳифз сето аст: 1) Ҳифзи алфоз ва адади он. 2) Фаҳми маъно ва мадлулоти он. 3) Дуои Парвардигор бо он номҳояш. Ҳадиси мазкур далолат ба он намекунад, ки номҳои Аллоҳ маҳсур ба ин ададанд. Зеро агар мақсуд аз ҳадис маҳсур будани он бар ин адад бошад, Паёмбар ﷺ ба ҷои ибораи: “Аллоҳро наваду нӯҳ ном аст…” Чунин мегуфтанд: “Номхои Аллоҳ наваду нӯҳ то аст”.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٢

«Ал-Муъмин»

«المؤمن»
«Ал-Муъмин»

Ал-Муъмин ҷалла ҷалолаҳу. Яъне Ӯ он зоте аст, ки Худашро бо сифоти камол ва ҳам бо камоли мутлақ, ки дар зебои сутуда аст, васф мекунад. Он Парвардигоре, ки Паёмбаронашро фиристод ва китобҳояшро бо нишонаҳо ва далелҳо нозил кард. Ва Паёмбаронашро бо далелҳо ва ҳуҷҷатҳо, ки онҳо содиқ ҳастанд, тасдиқ намудааст. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ӯст он Аллоҳе, ки нест ҳеҷ маъбуде магар Ӯ, подшоҳу аз ҳамаи айбҳо ниҳоят пок аст. Аз нуқсон солим, амондиҳанда, нигоҳбону ғолибу худихтиёру бузургвор аст. Аз шарик муқаррар кардани онҳо Ӯ пок аст”. (Сураи Ҳашр:23). Ал-Муъмин ҷалла ҷалолаҳу ба маънои гувоҳидиҳанда аст, ки Аллоҳ таъоло фармуд: “Аллоҳ гувоҳӣ дод, ҳароина ҳеҷ маъбуди барҳақ ғайри Ӯ нест”. (Оли Имрон:18). Ин гувоҳии бузург ва тасдиқи бузург аст. Имом Муҷоҳид раҳимаҳуллоҳ гуфт: АлМуъмин он зоте аст, ки Худашро якто мегӯяд. Ва Ӯ он зоте аст, ки барои бандагонаш ваъдаҳои Худро тасдиқ мекунад. Аллоҳ фармудааст: “Ва муттақиён гӯянд: «Сипосу ситоиш аз они Аллоҳ аст, ки ваъдаи Худро бар мо рост гардонид ва моро аз замин мерос дод, ҳар ҷо ки бихоҳем аз Ҷаннат ҷой мегирем», пас, (Биҳишт) барои амалкунандагон чӣ хуб музди нек аст”. (Сураи Зумар:74). Ва фармудааст: “Сипас, ваъдаро дар ҳаққи онҳо рост кардем, пас онҳоро ва ҳар киро, ки хостем, бираҳонидем ва азҳадгузарандагонро ҳалок кардем”. (Сураи Анбиё:9). Ва фармудааст: “Аллоҳ ваъда кардааст ва Парвардигор ваъдаи Худро хилоф намекунад, валекин аксари мардум намедонанд”. (Сураи Рум:6). Ӯ таъоло гумонҳои бандагонашро гувоҳӣ медиҳад. АлМуъмин он зоте аст, ки мардум аз зулми Ӯ дар амон ҳастанд: “Ҳаройина, Аллоҳ бар мардум чизе ситам намекунад, валекин мардуманд, ки бар худ ситам мекунанд”. (Сураи Юнус:44).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٣

ЭЙ МАРДУМ! САКАРОТИ МАРГ ҲАҚ АСТ

أيها الناس! سكرات الموت حق
ЭЙ МАРДУМ! САКАРОТИ МАРГ ҲАҚ АСТ

Аллоҳ фармуд: “Ва саранҷом, сакарот ва бехудӣ дар остонаи марг ҳақиқатро пеши чашми ӯ меоварад ва ба инсон гуфта мешавад: Ин ҳамон чизе аст, ки ту аз он мегурехтӣ!”. (Сураи Қоф-19). Сакароти мавт, яъне сахтӣ ва фишори марг аст, ки инсонро беҳӯш карда ва бар ақлаш ғолиб мешавад. Чуноне, ки дар ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо) омадааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоли сакароти марг таҳти фишори он қарор гирифтанд. Ба гунае, ки арақро аз чеҳраи хеш пок мекарданд ва дар ҳамин вақт фармуданд; “Субҳоналлоҳ! Ҳамоно барои марг сахтиҳое аст”. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Чӣ гуна ба Аллоҳ кофир мешавед?! Дар ҳоле, ки шумо мурдагон ва ҷисмҳои берӯҳе будед ва Ў шуморо зинда кард, сипас шуморо мемиронад ва бори дигар шуморо зинда мекунад, сипас ба сӯи Ў бозгардонида мешавед”. (Сураи Бақара-28). Ва фармудааст: “Бигӯ: Фариштаи марг, ки бар шумо маъмур шудааст, рӯҳи шуморо мегирад, сипас шуморо ба сӯи Парвардигоратон боз мегардонанд”.(Сураи Саҷда-11). Паёмбар ﷺ фармуданд: “Бандаи муъмин вақте ки дар ҳолати куч бастан аз ин дунё ва рӯй овардан ба ҷаҳони охират мешавад, фариштагони нуронӣ ва бо чеҳраи дурахшон ба монанди офтоб аз осмон назди ӯ меоянд. Онҳо кафанҳое аз кафани биҳиштро бо худ ҳамроҳ доранд ва хушбӯйиҳое аз атрҳои биҳиштро низ бо худ меоваранд ва дар интиҳои назари ӯ менишинанд. Баъд фариштаи марг меояд, ба рӯйи болини ӯ менишинад, Ва бар инсони муъмин дар ҳоли сакарот буда хитоб намуда мегӯяд: “Эй соҳиби нафси покиза” дар ривояти дигар, “мутмаъина” (ором) ба суйи мағфират ва хушнудии Парвардигор берун биё! Пас он рӯҳ монанди қатраи даҳони машки об аз ҷасади муъмин берун меояд ва фаришта онро мегирад”.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٤ (2)

«Ал-Мутакаббир»

«المتكبر»
«Ал-Мутакаббир»

Ал-Мутакаббир ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ таъоло Бузург, Боазамат, Олитар ва Бартар аз сифатҳои халқаш аст. Ва Ӯ Ғолибу Пирӯз бар золимони онҳо ва ба ин исм ҷуз Ӯ субҳонаҳу ва таъоло касеро мадҳу ситоиш карда намешавад. Ал-Мутакаббир ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръон як маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Пирӯзманд, Ҷаббор (ҷубронкунанда) ва шоистаи Азамат ва Бузургӣ аст. Аллоҳ аз он чи барои Ӯ шарик меоваранд, пок аст”. (Сураи Ҳашр:23). Пас Аллоҳ таъоло аз онҷо ки бузург аст, аз бадӣ, нуқсон, айб бартар мебошад. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Донои ниҳон ва ошкор аст, бузург ва баландмартаба аст”. (Сураи Раъд: 9). Ва фармудааст: “Ва назди Аллоҳ шафоъат суд намебахшад, магар барои касе ки барои ӯ дастуре дода бошад, то он гоҳ ки аз дилҳои онҳо изтироб дур карда шавад, гӯянд: Парвардигори шумо чӣ чиз фармудааст?. Гӯянд: «Сухани рост фармудааст ва Ӯ Баландмартабаву Бузург аст”. (Сураи Сабо:23). Ва фармудааст: “Бузургворӣ дар осмонҳову замин хоси Ӯст ва Ӯст Ғолибу Ҳаким”. (Сураи Ҷосия:37). Сиғаи дигари ин ном Ал Кабир ва Ал Акбар аст. Ал Мутакаббир яке аз номҳои зебои Аллоҳ буда дар Қуръони Карим ва аҳодиси Набавӣ зикр шудааст. Сифати кибриёиву такаббури вақте ба Аллоҳ нисбат дода шавад, як маъно аст ва вақте ба махлуқ нисбат дода шавад, маънои дигар дорад. Такаббурӣ ва кибриёӣ вақте ба Аллоҳ нисбат дода шуд, ин ба маъноест, ки Ӯ баландмартаба буда аз айбу нуқсон пок мебошад. Аллоҳ Мутакаббир аст, яъне кудрати мутлакро дорост ва Ӯ азалӣ мебошад ва Ӯ ба монанди махлуқот нест. “Ва ба фариштагон гуфтем: Одамро саҷда кунед!. Ҳама саҷда карданд ҷуз Иблис, ки рӯй гардонд ва бартарӣ ҷуст. Ва ӯ аз кофирон буд.(Бакара: 34). Дар мавриди кибру ғурур дар Қуръон оятҳо зиёданд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ