«القاهر القهار»
«Ал-Қоҳир, Ал-Қаҳҳор»
Ал-Қоҳир, Ал-Қаҳҳор ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ касест, ки гарданҳо барояш хамшуда ва мутакаббирон хоршуда ва чеҳраҳо дар баробари Ӯ фурутаншуда ва ҳамаи чизро ғолиб омада ва халқҳо ба Ӯ зердаст шуданд ва барои Азамат, Бузургӣ ва Кибрёии Ӯ фурутан гаштанд. Номи Ал-Қоҳир дар Қуръон ду маротиба зикр шудааст ва аммо номи Ал-Қаҳҳор шаш маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва Ӯ ягонаи бисёр Ғолиб аст”. (Сураи Раъд:16). Ва фармудааст: “Ва Ӯст, ки бар бандагони худ, Ғолиб аст”. (Сураи Анъом:18). Ва фармудааст: “Рӯзе, ки онҳо аз қабрҳо берун оянд, аз онҳо чизе бар Аллоҳ пӯшида набошад. Аллоҳ мепурсад: «Подшоҳии имрӯз аз они кист?» Боз Худ ҷавоб гӯяд: «Аз они Аллоҳи Ягонаи Ғолибу Қаҳҳор аст”. (Сураи Ғофир:16). Ӯ зоте аст, ки бар тамоми ҷаҳониён Ғолиб мебошад ва ҳама махлуқот дар баробари Ӯ таслиманд. Аносири арбаа (об, хок, бод, оташ) ҷаҳони боло ва поён таслими қудрати Ӯ ҳастанд. Бинобарин ҳеҷ чизе рух намедиҳад ва ҳеҷ чизе аз ҳаракат намеистад, магар ба фармони Ӯ, ҳар ончи Ӯ бихоҳад, ҳамон мешавад. Ва ҳар ончи Ӯ нахоҳад, он анҷом намеёбад. Ҳама офаридаҳо ба Аллоҳ ниёз доранд. Онҳо молики фоидаҳову зарарҳо ва хайру шарри худ нестанд. Ҳаёту қудрат ва тавоноии Аллоҳ комил аст. Қаҳр ва ғолибии Ӯ низ комил аст. Аллоҳ фармудааст: “Рӯзе, ки ин замин ба ғайри ин замин бадал карда шавад ва осмонҳо низ бадал карда шаванд ва ҳама мардум ба ҳузури Аллоҳи ягонаи Ғолиб ҳозир шаванд”.(Сураи Иброҳим: 48). Ва Аллоҳ фармуд: “Ва он касе ки аз аҳли Миср Юсуфро харид, ба зани худ гуфт: «Гиромӣ дор ҷои ӯро, шояд ки моро нафъ диҳад ё ӯро фарзанд гирем». Ва ҳамчунин Юсуфро дар замини Миср ҷой додем ва то ба ӯ илми таъбири хобҳоро биёмӯзонем ва Аллоҳ ба амри Худ Ғолиб аст, лекин бештари мардум намедонанд”. (Сураи Юсуф:21).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ҲАМКОРӢ ВА АСАРӢ ОН
التعاون و آثاره
ҲАМКОРӢ ВА АСАРӢ ОН
Қуввату қудрат гуногун ва ҳоҷатҳо баёншуда аст. Ва суннати Аллоҳ доим боқӣ аст. Зеро мардум ҳамеша бо ҳамдигар муҳтоҷ ҳастанд. Бинобарин, ҳамкорӣ байни ҳамдигар беҳтарин василаи Аллоҳ ба бандагонаш аст. Як вақт иморатҳо баланду обод мегарданд, вале рӯзе хароб вайрон мешаванд. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва ҳамдигарро бо некӯкорӣ ва бо парҳезгорӣ мадад кунед ва ҳамдигарро дар кори гуноҳ ва зулм мадад макунед. Ва аз Аллоҳ битарсед, ҳароина азоби Аллоҳ сахт аст”. (Сураи Моида:2). Пас бинои уммати мусалмон қоим намегардад, магар порчае аз ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ байни ҳамдигар. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Шахси муъмин бо дигар муъминон ба мисли як бино ҳастанд, ки хишти он бино бо ҳам пайванданд. Ва Паёмбар ﷺ ангуштони дасти худро бо ҳам дохил карданд”. (Бухорӣ ва Муслим). Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Мақсад аз ҷам шудани мардум ва маслиҳату машварат кардани онҳо, ин ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигар дар корҳои некӯ ва худотарсӣ аст”. Пас ҳар шахс бояд бо донистан ва амал кардан, бо дигарон ҳамкорӣ кунад ва ёрӣ диҳад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Муъминон дар дӯстӣ, меҳрубонӣ ва ҳамкорӣ бо якдигар ба монанди ҷасаде ҳастанд, ки агар як узви он ба дард ояд, дигар аъзоҳо ба дарду ранҷ, бехобӣ ва беқарорӣ ҳамнаво ва шарик гарданд”. (Бухорӣ). Бо мардум дар корҳои хайр ҳамкорӣ кардан сабаби сабзидан аст. Аз ҷумлаи он амалҳо: 1. Ҳамкорӣ ва ёрӣ додан дар барпо додани ибодатҳо ва шаоири Ислом. 2. Ҳамкорӣ ва ёрӣ додан дар талаби илм кардан. 3. Ҳамкорӣ ва ёрӣ додан дар даъват, нусрати дин ва бинои иморатҳои хайрия. 4. Ҳамкорӣ ва ёрӣ додан дар муҳҳабат байни қалбҳо, оштӣ кунондан ва адои ҳаққи ҳамдигар. Ҳамкорӣ фоидаҳои бузург дорад: 1. Муҳаббати байни мардум. 2. Пешравӣ, наҷот ва муваффақ шудан. 3. Натарсидан ва ноумед нашудан. 4. Дур шудани ҳасад аз инсон.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
«Ас-Саййид, Ас-Самад»
«السيد الصمد»
«Ас-Саййид, Ас-Самад»
Ас-Саййид ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Молики халқ, ки ҳама халқ бандагони Ӯ ҳастанд, ки ба сӯи Ӯ боз мегарданд ва ба амри Ӯ амал мекунанд ва аз қавли Ӯ содир мешаванд. Ас-Саййид ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони карим наомадааст ва дар Суннати мутаҳҳара омадааст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Саййид Аллоҳ аст”. (Ривояти имом Аҳмад). Ас-Саййид, яъне Молик, Фозил, Шариф, Бузургвор, Бурдбор ва Раисе аст, ки азият ва озори қавмашро таҳаммул менамояд.
Ас-Самад ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ сарваре аст, ки дар сарварии Худ комил аст. Ва мардум дар қазои ҳоҷатҳояшон ва он чизе, ки ба онон фурӯ меояд ба сӯи Ӯ рӯй меоранд ва Ӯро дилҳо аз рӯи рағбат ва раҳбат қасд мекунанд. Ас-Самад ҷалла ҷалолуҳу як маротиба дар Қуръони Карим омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Бигӯ, Аллоҳ ягона ва яктост, Аллоҳ бениёз аст”. (Сураи Ихлос: 2).Ас-Самад сарваре аст, ки ҳама махлуқот бо ниёзмандӣ барои рафъи ниёзҳо ва дафъи балоҳо ба сӯйи Ӯ рӯ меоранд. Ас-самад касе аст, ки дар илм ва ҳикмат ва бурдборӣ ва тавоноӣ ва азамат ва меҳрубонӣ ва дигар сифатҳояш комил аст, яъне Ӯ касест, ки ҳама сифоташ комил аст. Ҳама махлуқот дар ҳама ниёзҳои худ ба Ӯ рӯ меоранд. Пас Ӯ таъоло сарваре аст, ки дар сарвариаш комил аст. Ва Ӯ таъоло Доноест, ки дар Доноияш комил аст. Ва Ӯ таъоло Тавонгаре аст, ки дар Тавонгарӣ ва Бениёзии Худ комил аст. Имом Қуртубӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт: (Ҳар як мукаллаф бояд бидонад, ки ҳеҷ бениёз ва ягонае нест, магар Аллоҳ таъоло, ки ба ғайри Ӯ рӯй намеоранд ва аз ғайри Ӯ намепурсанд”. Номи Ас-Самад дар сураи Ихлос омадааст, ки онро дар бисёр мавзеъҳо хонда мешавад; Дар ракати охири намози витр, пас аз ҳар намоз, дар ракати дуввуми намози бомдод, мағриб ва тавоф, пеш аз хоб, дар назди бемор ва дар ҳар субҳу шом.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
«Аш-Шокир, Аш-Шакур»
«الشاكر الشكور»
«Аш-Шокир, Аш-Шакур»
Аш-Шокир, Аш-Шакур ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, он зоте, ки ба андак тоат шукр мекунад, пас бар он савоби бисёр медиҳад ва неъмати фаровон ато мефармояд, пас ба андак шукр розӣ мешавад. Номи Аш-Шокир ду маротиба ва номи Аш-Шакур чаҳор маротиба дар Қуръони Карим зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Агар қарз диҳед Аллоҳро қарзи некӯ, онро барои шумо дучанд диҳад ва шуморо биёмурзад. Ва Аллоҳ Қадршиносу Бурдбор аст”. (Сураи Тағобун: 17). Ва мефармояд: “Ва ҳар ки ба дилхоҳ кори неке анҷом диҳад, ба дурусти ки Аллоҳ Сипосгузор ва Огоҳ аст”. (Сураи Бақара:158). Шокир ва Шакур яке аз номҳои Аллоҳ аст. Аллоҳ таъоло як некиро аз даҳ то ҳафтсад некӣ баробар афзоиш медиҳад. Ва ин қадрдонӣ ва сипосгузории Парвардигор барои бандагонаш мебошад. Бинобарин, он сахтиҳоеро ки бандагон ба хотири Ӯ таъоло таҳаммул мекунанд, ҳамаро медонад. Ва ҳар бандае, ки кореро ба хотири Ӯ таъоло тарк мекунад, бар ивази он чизи беҳтареро ба ӯ иноят менамояд. Ӯ таъоло аст, ки ба бандагони муъмин тавфиқ медиҳад, то дар пайи ризоияти Аллоҳ бошанд. Ва ҳеҷ кас бартар аз Парвардигор нест, ки чизеро бар ӯ лозим намояд, чунончи фармуд: “Аз он чӣ Аллоҳ мекунад, пурсида намешавад, аммо онҳо пурсида хоҳанд шуд”. (Сураи Анбиё:23). Пас подош додан ба фармонбардорӣ ва азоб додани шахси гунаҳкор, ба Аллоҳ таъоло воҷиб нест, балки подош додан фақат фазл ва эҳсони Аллоҳ аст ва азоб додан адолат ва ҳикмат Ӯ таъоло мебошад. Аллоҳ мефармояд: “Ва чун касоне ки ба оятҳои Мо имон овардаанд, пеши ту биёянд, пас, бигӯ: «Салом бар шумо бод, Парвардигори шумо бар худ Меҳрубониро лозим кардааст, ба дурустӣ ки ҳар касе аз шумо ба нодонӣ кори бад кунад, баъд аз он тавба кард ва некӯкорӣ намуд, пас сухани ҳақ ин аст, ки Аллоҳ Омурзандаву Меҳрубон аст”. (Сураи Анъом:54).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ҲИС МЕКУНАМ, КИ ТУ ПАЗМОНИ Ӯ МЕШАВӢ
أشعر أنك تفتقده
ҲИС МЕКУНАМ, КИ ТУ ПАЗМОНИ Ӯ МЕШАВӢ
Як рӯз Паёмбар ﷺ занеро ба ёд оварда аз саҳобагон пурсиданд, ки ӯ дар куҷост? Саҳобагон гуфтанд: Ӯ вафот кардааст. Пас Паёмбар ﷺ фармуданд: “Барои чӣ аз марги ӯ ба ман хабар надодед? Зеро ӯ масҷидро гоҳе поку тоза мекард ва мерӯфт ва аз сиёҳпӯстон буд. Ва саҳобагон ӯро пасту ҳақир шумурда аз марги ӯ ба Паёмбар ﷺ хабар надода буданд. Дар ривояти дигар омадааст, Паёмбар ﷺ ба назди қабри ӯ рафтанд ва ба ӯ намози ҷаноза хонданд”. Як рӯз шахсе шикоят кард, ки аз суханҳои ӯ фаҳмида мешуд, ки хоҳони аз ин дунё рафтанро дорад. Ӯ мегуфт, ки ҳеҷ кас маро намепурсад, ёд намекунад, пазмони ман намешавад. Намегӯянд, ки оё ӯ зинда аст ва ё мурда? Ман дар назди ҳеҷ кас қадру қимате надорам. Ин мактуб ва ин суханро ба ҳар як падар, модар, ҳамсар, шавҳар ва дӯстон аз мардон бошанд ва ё занон бояд фиристода шавад. Ва бидонем, ки байни ҳар оила ба ҳар рафиқу дӯстон шахсеро пайдо кардан мумкин аст, ки он шахс дар байни онҳо шахси бофаросат ва фарқкунандаи неку бад аст ва танҳо ӯ моро ёд мекунад ва пазмони мо мешавад. Зеро ӯ ислоҳкор аст ва ё хеле зираку меҳрубон аст. Ва ё дар ҳақиқат мард аст, ки танҳо ӯ таҳаммули масъулият мекунад. Ва аз тарафи дигар дар атрофи мо бисёр инсонҳое ҳастанд, ки дар тӯли умрашон ҳеҷгоҳ ҳис намекунанд, ки ба мо ягон зараре расидааст ва ё не. Зеро мо дар назди онҳо ҳеҷ ва нонамоён ҳастем. Ва онҳо ҳатто тобу тавон ва имкону фурсате надоранд, ки аз онҳо як бор бипурсанд. Ва дар гузашти вақт чунин инсонҳо ҳис мекунанд, ки гуё дигарон ӯро бад мебинанд. Пас дар охир ин шахс ба бемории рӯҳӣ гирифтор мешавад. Ва ҳис мекунад, ки баданаш варимида аст. Шояд чунин инсон ҳаётро бад бинад. Пас агар ба мо савол дода шавад, ки агар мо ҳаррӯз аз аҳволи фарзандонамон бипурсем, ба мо чи заҳмату азияте мерасад? Аз оне, ки дар наздамон аст ва ё дур аз мо. Ва ё дигар инсонҳое, ки адои фароизи Илоҳӣ мекунанд ва ё шахсони гунаҳкор ҳастанд. Ба ту чи душворие аст, ки ҳамчу шавҳар аз аҳволи ҳамсарат бипурсӣ? Ва ба мо чи заҳмате мешавад, агар ба як дӯст ва ё хешамон занг бизанем, ба он шахсе, ки ӯ шахси оддӣ, хоксор ва фақир аст. Пас мо бо аҳволпурсии ҳама атрофиён ва бо каме аз аҳмият додан ба онҳо, онро зинда бикунем.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
АЛОҚАМАНДИИ АХЛОҚ БА ИМОН
علاقة الأخلاق بالإيمان
АЛОҚАМАНДИИ АХЛОҚ БА ИМОН
Агар ҳаргоҳ имон дар қалби инсон содиқона бошад, лозим аст, ки асари он дар амал ва ахлоқи инсон зоҳир гардад. Ҳасани Басрӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Албатта имон ин хушрӯ шудан ва ё таманнои онро намудан нест, балки имон чизе аст, ки дар қалб қарор гирифта ва дар амал содиқ аст”. (Мусаннафи Ибни Абушайба). Ҳарчи қадар имон комил гардад, ҳамон қадар ахлоқи инсон хубтар мегардад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Комилтарин муъминони имондор онҳое ҳастанд, ки хулқи хуб дошта бошанд”. (Абудовуд ва Тирмизӣ). Имон соҳибашро ба ахлоқҳои ҳамида такон медиҳад, ба мисли ҳурмати меҳмон ва муомилаи хуб бо ҳамсоягон. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳар касе, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат имон дорад, ҳамсояашро озор надиҳад. Ҳар касе, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат имон дорад, меҳмонашро икром кунад. Ҳар касе, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат имон дорад, пас бояд сухани нек бигӯяд ва ё хомӯш бошад. (Бухорӣ ва Муслим). Имон соҳибашро аз ҳар бадиву озорҳо нигаҳ медорад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Мусалмон касе аст, ки дигар мусалмонон аз даст ва забони ӯ дар амон бошанд. Ва муъмини ҳақиқӣ касе аст, ки дар ӯ сифати имон таҳқиқ ёфта бошад. Ва аломати он дар ӯ зоҳир гардад, ки мардум аз ӯ дар амон бошанд, аз ӯ натарсанд, хуни онҳоро нарезонад, моли онҳоро нагирад, онҳоро надӯздад ва тамоми зарарҳоро тарк кунад”. (Тирмизӣ). Ва шахси муъмини насиҳаткунанда дар ҳама муомилаҳояш амин аст ва дар аҳду паймонҳояш вафокунанда аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Оне, ки амонат надорад, имон надорад ва оне, ки аҳд надорад, дин надорад”. (Аҳмад). Ва фармуданд:“Албатта шахси муъмин ба дигар бародари муъминаш ба мисли як бино аст, ки хишт ба хишт ба ҳамдигар пайваст аст”. (Бухорӣ ва Муслим). Ва фармуданд: “Албатта шахси муъмин бо ҳусни хулқи худ ба дараҷаву савоби шахси рӯзадор ва намози шабхон ноил мегардад”. (Абудовуд).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
«Ал-Вадуд»
«الودود»
«Ал-Вадуд»
Ал-Вадуд ҷалла ҷалолуҳу. Яъне он зоте, ки Анбиё ва Расулонаш ва пайравони ононро дӯст медорад ва онон низ Ӯро дӯст медоранд. Ӯ маҳбубест, ки шоиста аст дар назди банда аз худаш, фарзандаш ва ҳамаи маҳбубҳояш дӯсдоштатар бошад. Ал-Вадуд ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим ду маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед ва баъд ба сӯйи Ӯ баргардед, ҳамоно Парвардигорам Меҳрубону Дӯстдор аст”. (Сураи Ҳуд:90). Ва фармуд: “Ва Ӯ Бахшанда ва Дӯстдори бандагони тавбакор аст”. (Буруҷ:14). Вадуд яъне, муҳаббати холис гирифташуда ва дӯстдори маҳбуб аст. Паёмбарон, фариштагон ва бандагони муъмини ҳеҷ чизеро бештар аз Ӯ таъоло дӯст намедоранд. Муҳаббати Аллоҳ бояд дар қалби банда бештар аз ҳама чиз бошад. Муҳаббати Аллоҳ рӯҳи амалҳо ва тамоми ибодати зоҳирӣ ва ботинист. Муҳаббати банда ба Парвардигораш фазл ва эҳсон аз ҷониби Аллоҳ аст. Ва бузургтарин сабабе, ки банда ба василаи он ба бузургтарин муҳаббати Парвардигораш даст меёбад ин аст, ки Ӯро бисёр зикр кунад, ситоиш намояд, ба сӯйи Ӯ баргардад, ба Ӯ таваккал кунад, бо анҷом додани фаризаҳо ва нафлҳо худро ба Ӯ наздик намояд. Ва қавлу корашро холис барои розигии Парвардигор гардонад. Дар зоҳир ва ботин аз Паёмбар ﷺ пайравӣ намояд. Ҳамон тавре, ки Аллоҳ фармуд: “Бигӯ, агар Аллоҳро дӯст бидоред, аз ман пайравӣ бикунед, то Аллоҳ шуморо дӯст дорад”. (Оли Имрон:31). Ва фармуд: “Эй касоне, ки имон овардаед, касе ки аз шумо аз дини худ бозгардад, пас, наздик аст, ки Аллоҳ қавмеро меорад, ки Парвардигор онҳоро дӯст медорад ва онҳо Ӯро дӯст медоранд”. (Сураи Моида:54). Ва фармуд: “Аз мардум касоне ҳастанд, ки ба ғайри Аллоҳ ҳамтоёнро мегиранд ва онҳоро монанди дӯстии Аллоҳ дӯст медорад. Вале касоне, ки имон овардаанд, дар дӯст доштани Аллоҳ қавитаранд (яъне, Ӯро бештар дӯст медоранд)”. (Сураи Бақара: 165).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
«Ал-Қуддус»
«القدوس»
«Ал-Қуддус»
Ал-Қуддус ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ таъоло аз ҳамаи айб ва аз ҳама бадию нуқсон поку муназзаҳ аст, зеро Ӯ ба сифатҳои ҷалолу камол васфшуда аст. Ал-Қуддус дар Қуръони Карим ду маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ҳар он чӣ дар осмон ҳаст ва он чӣ дар Замин аст, Аллоҳро, ки подшоҳи ниҳоят Пок ва Ғолибу Боҳикмат аст, ба Покӣ ёд мекунанд”. (Ҷумъа:1). Ал-Қуддус аз қудс гирифта шудааст. Яъне ӯро пок донист ва бузург дошт ва ӯро аз бади гардонид. Бинобарин Ӯ муқаддас ва муаззам аст ва аз ҳар бадӣ ва нуқсон пок мебошад. Сифоти Ӯ таъоло аз ҳар айб ва нуқсон пок аст. Сифоти Бузургӣ ва Кибирё барои Ӯ собит аст. Пок донистани Парвардигор ин аст, ки камоли Ӯ аз гумонҳои бад маҳфуз аст. Ба монанди гумони ҷоҳилон, ки дар мавриди Ӯ гумони бад мебурданд. Гумоне, ки шоистаи Ӯ нест. Ҳар банда Парвардигорашро ситоиш кунад ва гӯяд: (Субҳоналлоҳ) ё (Қаддасаллоҳ) ё (Таъолаллоҳ), гуё ӯ солим будани Парвардигор аз ҳар айб ва ҳар камолеро аз барои ӯ собит мекунад. Имом Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ дар бораи номи Ал-Қуддус ва Ас-Салом мегӯяд: (Аллоҳ таъоло беш аз ҳар чизе, ки ба ин ду ном номида шудааст, сазовор аст. Чун Ӯ аз ҳар айб ва нуқсон ва аз ҳар ҷиҳат пок аст. Бинобарин аз ҳар назар салом ва солими ҳақиқӣ мебошад. Аммо солим будани махлуқ ҳақиқӣ ва зотӣ нест). Бинобарин Аллоҳ таъоло аз ҳар айб ва нуқсоне, ки ба хаёли касе меояд, солим ва пок аст. Сифоти Ӯ аз ҳар айб ва нуқсон поканд. Корҳои Ӯ аз ҳар гуна айб ва нуқсон ва шарру ситам пок ва солим мебошанд. Бинобарин Аллоҳ таъоло беш аз ҳама сазовори ин ном аст, ки Ӯ худро бо ин ном пок қарор дода ва Паёмбараш ﷺ Ӯро ба он пок донистааст. Пас Ӯ аз доштани фарзанд ё ҳамсар ё ҳамто ё шарик пок аст. Тавоноии Ӯ аз айби хастагӣ, илми Ӯ аз ғафлату фаромӯшӣ ва сухани Ӯ аз дурӯғ поку солим аст. Аллоҳ фармудааст:“Ва бигӯ: «Ҳамду ситоиш ба Парвардигорест, ки ҳеҷ фарзанд нагирифтааст ва Ӯро ҳеҷ шарик дар мулкаш нест ва Ӯ ба нотавонӣ шоиста нест, то ба ёрӣ муҳтоҷ шавад», Ӯро бо таъзим бисёр зикр кун!”. (Исроъ:111).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
«Ал-Барру»
«البر»
«Ал-Барру»
Ал–Барру ҷалла ҷалолуҳу. Оне, ки бахшандаи неъматҳои зоҳирӣ ва ботинӣ аст. Яъне ҳама махлуқот як лаҳзае аз эҳсону некӯи Ӯ бениёз намебошад. Аҷру савоби некӯкорони мусалмононро дучанд мебахшад ва аз бадкории онон авф ва гузашт мекунад. Ва Ӯ дар ваъдааш содиқ аст. Ал–Барру ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим як маротиба омадааст. Аллоҳ фармудааст: “Мо пеш аз ин Ӯро ба фарёд мехонем, бегумон Ӯ Некӯкору Меҳрубон аст”. (Сураи Тур:28). Ал–Барру ҷалла ҷалолуҳу яке аз номҳои Аллоҳ таъоло аст, ки тамоми ҷаҳони ҳастиро дарбар гирифтааст. Бинобарин Ӯ ҳамеша эҳсон ва некӣ менамояд ва некуҳои Ӯ бешумор аст. Ва некукорӣ сифати Ӯст, ки осори он тамоми неъматҳои зоҳирӣ ва ботиниро дарбар мегирад. Бинобарин ҳеҷ махлуқе ба андозаи як чашм ба ҳам задан, наметавонад аз эҳсон ва некукории Аллоҳ таъоло бениёз бошад. Эҳсон ва некукории Ӯ таъоло ом ва хос аст. 1. Эҳсон ва некукории оми Ӯ, ки фармудааст: “Ва Раҳмати Ман ҳама чизро дарбар гирифтааст”. (Аъроф:156). Ва фармуд: “Парвардигоро! Меҳрубонӣ ва Дониши Ту ҳама чизро фаро гирифтааст”. (Ғофир:7). Ва фармуд: “Ончи аз неъматҳо доред, ҳама аз сӯйи Аллоҳ аст”. (Наҳл:53). Дар эҳсону некукории омми Аллоҳ, некукор ва бадкор шариканд ва аҳли осмон ва замин ва мукаллафон ҳама аз он бархурдоранд. 2. Эҳсону некукории хоси Аллоҳ, ки ҳамон Раҳмат ва неъмати Ӯ бар парҳезгорон аст. Чунончи фармудааст: “Ва дар замин баъди ислоҳи он, фасод макунед! Ва Ӯро бо тарсу умед бихонед. Ҳароина, Раҳмати Аллоҳ ба Накӯкорон наздик аст”. (Сураи Аъроф:56). Ва фармудааст: “Ва маро ба Раҳмати Худ дар зумраи бандагони шоистаи Хеш дохил бикун». (Намл:19). Ин Раҳмати хос, ки Паёмбарон ва пайравонашон онро меҷӯянд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
«Ал-Карим, ал-Акрам»
«الكريم الأكرم»
«Ал-Карим, ал-Акрам»
Ал-Карим, Ал-Акрам ҷалла ҷалолуҳу. Ал-Карим, яъне хайри бисёр ва фоидаи бузургоранда аст. Он зоте, ки бемуқобил эҳсон мекунад. Ва Ал-Акрам, яъне бисёр хайркунанда, ки бо ӯ карим баробар намешавад. Номи Ал-Карим дар Қуръони Карим се бор омадааст, аммо номи Ал-Акрам як бор омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Чӣ туро нисбат ба Парвардигори Каримат мағрур сохта аст?”.(Сураи Инфитор:6). Ва фармудааст: “Бихон ва Парвардигорат Каримтар (бузургвортар) аст. Он кас, ки бо василаи қалам инсонро илм омӯхт. Он чиро, ки инсон намедонист омӯхт”.(Сураи Алақ:3,5). Ва фармудааст: “Ва ҳар, ки шукргузорӣ мекунад, ҷуз ин нест, ки барои нафъи хеш шукргузорӣ мекунад ва ҳар ки носипосӣ кунад, пас Парвардигори ман Бениёзу Карамкунанда аст”. (Сураи Намл:40). Неъматҳо ва эҳсонҳои Илоҳӣ ҳама аз осори Меҳрубонӣ ва Бахшиш ва Карами Ӯ мебошанд ва хубиҳои дунё ва охират ҳама аз нишонаҳои Раҳмати Ӯ ҳастанд. Шайхул Ислом раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: (Аллоҳ таъоло баъди баёни ин, ки Ӯ ҳама чизро офаридааст, Худашро ба Карам ва Бахшиш васф намудааст. Ва Худро Бузургвортар ва Бахшандатар номид, то равшан шавад, ки ба махлуқоташ неъмат медиҳад ва онҳоро ба ҳадафҳои писандида мерасонад. Чунончи фармудаааст: “Он Парвардигоре ки ҳама чизро биофарид, пас онҳоро дурустандом кард. Он Зоте, ки андоза кард, пас ба роҳи дуруст ҳидоят намуд”. (Сураи Аъло, ояти 2,3). Калимаи Карам ҳама хубиҳоро шомил мешавад ва мақсад аз он фақат бахшидан ва додан нест, балки ато ва бахшиш маънои онро комил мегардонад. Калимаи Акрам бар ин далолат менамояд, ки танҳо Ӯ Бахшандатар ва Бузургвортар аст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ











