photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-١٧-١٣

«Ал-Ҳакам»

«الحكم»
«Ал-Ҳакам»

Ал-Ҳакам ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ он зотест, ки дар миёни бандагонаш дар дунё ва охират ба адлаш, дар шаръаш ва тақдираш ва ҷазо доданаш Доварӣ мекунад. Номи Ал-Ҳакам як бор, аммо номи Хайр-ул Ҳокимин панҷ бор омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “(Эй Паёмбар бигӯ): Оё ғайри Аллоҳро ба доварӣ талаб кунам?”. (Анъом:114). Ва фармудааст: “Ва Ӯ беҳтарини Ҳукмкунандагон аст”. (Юнус: 109). Ва фармуд: “То вақте ки Аллоҳ дар миёни мо ҳукм кунад, сабр кунед ва Ӯ беҳтарин Ҳукмкунандагон аст”. (Аъроф:87). Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аллоҳ Қозӣ ва Довар аст ва Ҳукм ва Доварӣ ба Ӯ бармегардад”. Ва Аллоҳ фармуд: “(Бигӯ:) «Оё ба ғайри Аллоҳ дигареро ҳукмкунанда талаб кунем», ва ҳол он ки Ӯст, ки нозил кард ба сӯйи шумо Китоби возеҳшударо?”. (Анъом:114). Аллоҳ таъоло он зотест, ки дар дунё ва охират миёни бандагонаш ба адолат доварӣ менамояд. Ӯ ба андозаи заррае ситам намекунад ва гуноҳи касеро бар гардани каси дигаре намегузорад. Ҳар ҳаққеро ба соҳиби он медиҳад. Аллоҳ дар тақдири Хеш Одил аст. Тамоми гуфтаҳои Парвардигор адолат аст. Аллоҳ фармуд: “Рӯзи қиёмат тарозуи адлро дар миён ниҳем, пас бар ҳеҷ кас ҳеҷ ситам карда нашавад, ва агар амал ҳамсанги донаи сипанд бошад, онро ҳозир кунем. Ва Мо Худ Ҳисобрасиро, Басандаем”. (Анбиё:47). Аллоҳ таъоло дар васф, кор, гуфтор ва дар ҳукми Худ Одил аст. Аллоҳ фармуд: “Ҳароина, ман бар Аллоҳе, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, таваккул кардам. Ҳеҷ ҷунбандае нест, магар ӯро Парвардигор аз мӯйи пешониаш фаро гирифтааст, ҳароина, Парвардигори ман ба роҳи рост аст”. (Ҳуд:56).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-١٥-٠٢

ВАСВАСАИ ШАЙТОН

وسوسة الشيطان
ВАСВАСАИ ШАЙТОН
Яке аз хислатҳои шайтон васваса кардан аст! Шайтон пайваста инсонро васваса мекунад. Шайтон барои барҳам задани муҳаббат ва дӯсти миёни мусалмонон васваса мекунад. Шайтон ҳамеша нисбат ба бародарон дар зеҳни шумо васваса меандозад ба монанди ин ки мегӯяд, ӯ чунин аст, шояд ба ин хотир чунин гуфтааст, ӯ чунин кардааст, шояд ба ин хотир чунин кардааст, пайваста ба тарафи корҳои манфӣ кина ва ҳасад мекунад, зеро шайтон медонад ва таҷрибаи таърихӣ дорад. Шумо ибтидо бо ҳамсари худ дучори ҷанг мешавед ва медонед, ки аз паси он ҳама бадиҳо меояд, лекин шумо дар ин ҳангом ба унвони як мусалмон бигӯйед, ки ман озод ва танҳо нестам, балки Аллоҳ таъоло ҳудудеро барои тафаккуроти ман муайян намудааст, ки Аллоҳ бар онҳо огоҳ аст. Бародаре, ки нисбат ба вай гумони бад доштед, тасаввур кунед ки агар ин бародар аз тафаккури ман огоҳ мегашт, ман чигуна метавонистам ба сурати вай нигоҳ кунам? Ва ҳамеша бидонед, ки Парвардигори ҷаҳониён бар ин афкори шумо Огоҳ аст, магар шумо дар рӯзона панҷ вақт дар ҳузури Аллоҳ намеистед? Чаро дар чунин чизе, ки аз инсонҳо ҳаё мекунед аз Аллоҳ ҳаё намекунед, модоме, ки Аллоҳ чизҳое, ки шумо намедонед, Ӯ таъоло медонад ва бар ончи дар даруни шумо мегузарад, Огоҳ аст. Бинобарин, агар бидонем, ки Аллоҳ бар дунёи дарунии мо огоҳ аст, чунин фаҳмиш ва ҳиссиёт ба мо имкон медиҳад, ки бо хости Аллоҳ дунёи дарунии худро ба сӯи мусбат тағйир диҳем ва аз паси ҳар васвасае, ки ба зеҳни мо мерасад, наяфтем. Аллоҳ фармуд: “Гуфт: «Ҷуз ин нест, ки ғами сахту андӯҳи сахти худро пеши Аллоҳ баён мекунам ва аз ҷониби Аллоҳ он чиро медонам, ки шумо намедонед.”. (Юсуф:86). Ва фармуд: “Ононе, ки имон оварданд, дилҳои онҳо бо ёди Аллоҳ ором меёбад. Огоҳ шав, хос бо ёди Аллоҳ дилҳо ором меёбанд.”. (Раъд:28).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-١٥-٢١

МУСО (АЛАЙҲИС САЛОМ) ВА ҶОДУГАРОН

موسي عليه السلام و السحرة
МУСО (АЛАЙҲИС САЛОМ) ВА ҶОДУГАРОН
Бештарин қиссае, ки дар Қуръони Карим омадааст, ин қиссаи Мусо (алайҳис салом) ва ҷодугарони Фиръавн аст. Вақте ки Фиръавн ва зердастонаш даъвати Мусо (алайҳис салом)ро қабул накарданд ва гумон карданд, ки он ҳама сеҳр аст, пас Фиръавн тамоми соҳирони он диёрро ҷамъ кард, то бар зидди Мусо (алайҳис салом) коре бикунанд. Зеро дар он замон ҷодугарон дар байни мардум шуҳрату маконати зиёде пайдо карда буданд. Онҳо барои соҳир шудан таълим гирифта ва таълим медоданд. Аллоҳ фармуд: “Гуфтанд:«Мавқуф дор ӯро ва бародарашро ва дар шаҳрҳо ҷамъоварандагонро бифирист. То ҳар ҷодугари доноро пеши ту биёранд!».(Шуаро:36.37). Яъне, ҳар ҷодугаре бо сеҳраш меояд, ки ба онҳо маблағи бузургеро ваъда кард. Пас чун ҷодугарон ҳозир шуданд, ба Фиръавн гуфтанд: “Оё агар мо ғолиб шавем, барои мо музде ҳаст? Фиръавн гуфт: Бале шумо онгоҳ аз муқаррабон бошед”. (Шуаро:41.42). Пас ба рӯзи ваъда расиданд ва ҷодугарон ва ҳам мардумон ҷамъ шуданд. Ҷодугарони Фиръавн бо такаббурӣ гуфтанд: “Эй Мусо, ё ин аст, ки ту биафканӣ ё мо аввалин касе бошем, ки биафканем”. (Тоҳо:65). Мусо (алайҳис салом) гуфт: “Он чиро, ки шумо афканандаи он ҳастед, биафканед”. (Шуаро:43). Вақте, ки соҳирон он сеҳру чашмбандиҳоро нишон доданд, қалбҳои мардум низ аз корҳои онҳо ба тарс даромад. Дар ҳамон вақт Мусо (алайҳис салом) асои худро ба назди онҳо андохт, ногаҳон он асо тамоми банду сеҳри ҷодугаронро фурӯ бурд. Ҳама ин ҳолатро мардум медиданд. “Пас ҳақ собит шуд ва он чи онҳо мекарданд, ботил шуд”. (Аъроф:117.118). Пас ҷодугарон гуфтанд: “Ба Парвардигори оламиён имон овардем, Парвардигори Мусо ва Ҳорун”. Аъроф:121.122. Ибни Касир (раҳимаҳуллоҳ) дар тафсири сураи Тоҳо ояти 72 ва 73 гуфт: “Дар аввали ҳамон рӯз он ҷодугарон аз бадтарин инсонҳо буданд, лекин дар охири рӯз аз ҷумлаи беҳтарин шаҳидон гардиданд”.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-١٤-٢٥

«Ал-Ҳодӣ»

«الهادي»
«Ал-Ҳодӣ»

Ал-Ҳодӣ ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ он зотест, ки ба халқ маърифат ва Парвардигориашро илҳом карда ва ононро ба сӯи маслиҳатҳо ва касби ризқашон роҳнамоӣ кардааст. Ва Ӯ касест, ки халқро бар роҳи хайр ва шарр далолат карда ва касе аз ононро хоҳад ба сӯи роҳи росташ ҳидояти тавфиқ ва илҳом менамояд. Ал-Ҳодӣ дар Қуръони Карим ду маротиба зикр шудааст. Аллоҳ фармудааст: “Ва Парвардигори ту барои роҳнамоӣ ва ёрии ту кофӣ аст”. (Фурқон: 31). Ва мефармояд: “Ва ҳамчунин барои ҳар Пайғамбар аз гунаҳгорону кофирон душманон сохтаем. Ва бас аст, ки Парвардигори ту Раҳнамову Нусратдиҳанда аст”. (Нисо:31). Аллоҳ инсонро ба чаҳор сурат ҳидоят мекунад: 1. Ҳидояте, ки шомили ҳар шахси мукаллаф аст. Ба монанди ақл, ҳушёрӣ ва донистаниҳои зарурӣ: “Гуфт:Парвардигори мо Он аст, ки ҳар чизро сурати сазовори ӯро дод ва онро роҳнамоӣ кард”. (Тоҳо:50). 2. Бо даъвати мардум ба воситаи Паёмбарон ва фиристодани китобҳо, онҳоро ҳидоят мекунад: “Аз онҳо вақте ки сабр карданд ва ба оёти Мо яқин оварданд, пешвоёне пайдо кардем, ки бо фармони Мо ба ҳидояти мардум пардохтанд”. (Саҷда: 24). 3. Ҳидояти тавфиқӣ, ки он хоси касоне мебошад, ки ҳидоят ёфтанд: “Ва ононе, ки роҳёфтаанд, ҳидояти онҳоро Аллоҳ зиёда кард ва ба онҳо тақвояшонро дод”. (Муҳаммад:17). 4. Ҳидоят дар охират ба сӯи ҷаннат: “Ситоиши Парвардигореро, ки ба ин неъмати ҷовидона раҳнамун сохт”. (Сураи Аъроф:43). Аллоҳ тамоми ақвол ва афъолаш ҳидоят мебошад: “Ва сухани Парвардигори ту ба ростӣ ва инсоф тамом (комил) аст. Сухани Ӯро ҳеҷ табдилкунандае нест. Ва Ӯст Шунавову Доно”. (Анъом:117). Аз Парвардигор мепурсем, ки моро ба ончи дӯст медорад ва меписандад, ҳидоят кунад. Аз Ӯ ёрӣ хоста мешавад ва таваккали мо бар Ӯст. Аллоҳ фармуд: “(Эй Муҳаммад,) ҳидояти онҳо бар ту лозим нест, валекин Аллоҳ ҳар киро хоҳад ҳидоят мекунад”. (Бақара:272).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-١٠-٣٥

АҲКОМИ ХАЛЪ

أحكام الخلع
АҲКОМИ ХАЛЪ

Агар зиндагии зану шавҳар тағйир ёбад ва ҳардуи онҳо ва ё яке аз онҳо ҷудо шуданро хостааст ва шавҳар имконият пайдо кард, ки зани худро талоқ диҳад ва зан низ чизеро баҳона карда аз ӯ талаби талоқ кунад, ин ҳамон халъ аст. Халъ ин ҷудо шудани шавҳар аз ҳамсари худ бо мол ва ё бо лафзҳои махсус. Халъ номида шуд, зеро зан нафси худро аз шавҳар ҷудо мекунад, ҳамчуноне ки либосашро аз худ дур мекунад. Аллоҳ фармуд: “Онҳо барои шумо либосанд ва шумо барои онҳо либосед”. Бақара:187. Пас агар ҳамсар шавҳари худро бад бубинад ва тарсад, ки ҳуқуқи шавҳарашро поймол мекунад, пас ҳеҷ боке надорад, ки бар ивази моле аз ӯ ҷудо шавад. Аллоҳ фармуд: “Магар онгоҳ, ки марду зан, битарсанд, ки ҳукмҳои Аллоҳро барпо дошта натавонанд. (Яъне дар муошират)”. Бақара:229. Пас агар зан ҳаққи маҳрашро ба шавҳар бозгардонад, пас метавонад талоқашро бидиҳад. Зеро Паёмбар ﷺ ба ҳамсари Собит ибни Қайс гуфтанд: “Оё боғашро ба ӯ бармегардонӣ? Гуфт: Бале. Паёмбар ﷺ ба Собит ибни Қайс хитоб карда чунин фармуданд: “Боғро қабул бикун ва ӯро як талоқ бидеҳ”. (Бухорӣ). Ва ҷоиз нест, ки аз ӯ бештар аз маҳри додашуда талаб карда шавад. Ва ба зан ҳаром аст, ки бе ягон сабаб талаби ҷудо шуданро кунад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Кадом зане, ки бе ягон сабаб аз шавҳараш талаби талоқ мекунад, пас бар ӯ бӯйи биҳишт ҳаром мегардад”. (Абудовуд). Ва ба мард ҳаром аст, ки ҳамсарашро озор диҳад ва танг биёрад. Аллоҳ фармудааст: “Эй касоне ки имон овардаед, барои шумо ҳалол нест ин, ки маҷбурӣ занонро мерос гиред. Ва онҳоро фишор наоред, то бозситонед баъзе он чиро, ки онҳоро маҳр додаед, магар ин ки кори беҳаёӣ кунанд”. Нисо:19. Лафзҳои талоқ ду навъ аст: 1. Сареҳ, ба мисли гуфтани талоқи туро додам, бар ивази ин мол аз ту ҷудо шудам. 2. Киноя, ба мисли гуфтани ман аз ту безор ҳастам, мехоҳам аз ту дур гардам. Ва дар ин киноя нияти мард шарт аст. Дар ин намуд талоқ бозгаштан нест, магар бо никоҳи нав. Халъ танҳо лағви никоҳ аст, онро талоқ ҳисобида намешавад. Бе зарурат ҷудо шудан ҷоиз нест. Аллоҳ фармудааст: “Ва ҳар ки аз Аллоҳ битарсад, Аллоҳ барои ӯ дар кораш осонӣ падид орад”. Талоқ:4.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٩-٣١

«Ал-Ҳасиб»

«الحسيب»
«Ал-Ҳасиб»

Ал-Ҳасиб ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Аллоҳ таъоло таваккулкунандагонро кофӣ аст, ба ҳоли бандагонаш Доност, амалҳои ононро ҳифз мекунад ва онҳоро ба муқтазои ҳикмат ва илмаш ҷазо медиҳад ва Ӯ мӯъминонро Кофӣ ва Басанда аст. Ал-Ҳасиб дар Қуръони Карим се маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Пас, чун ба онҳо молҳояшонро бармегардондед, бар онҳо гувоҳ гиред. Ва Аллоҳ барои ҳисоб гирифтан Басанда аст”. (Сураи Нисо: 6). Ва фармудааст: “Баъд аз он ба сӯйи Аллоҳе ки мавлои барҳаққи онҳост, бозгардонида шаванд. Огоҳ бошед, ки ҳукм танҳо мар Ӯрост ва Ӯ Шитобкунандатарини Ҳисобкунандагон аст”. Сураи Анъом:62. Аллоҳ таъоло бандагонашро барои ҳосил кардани корҳои муҳими динӣ ва ҳам дастёбӣ ба фоидаҳо ва дур кардани зиёнҳои дунявӣ басанда аст. Аллоҳ таъоло ба бандаи парҳезгор ва таваккулкунанда басанда ва кифоя аст, зеро Ӯ дин ва дунёи ӯро беҳбуд мебахшад. Ал-Ҳасиб он зоте аст, ки амалҳои хуб ва бади бандагонашро сабт менамояд ва онҳоро бар асоси он муҳокама ва муҳосаба мекунад. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Эй Паёмбар, Аллоҳ туро ва аз мусалмонҳо касоне, ки пайравони ту ҳастанд, Кифоякунанда аст”. Сураи Анфол:64. Пас ба ҳар андозае, ки банда дар зоҳир ва ботин ба Паёмбар ﷺ пайравӣ намояд ва бандагии Аллоҳро анҷом диҳад, ба ҳамон андоза мавриди ҳимоят ва кифояти Илоҳӣ қарор мегирад. Аллоҳ фармудааст: “Ва чун ба саломе таъзим карда шавед, бо беҳтар аз он таъзим кунед ё ҳамон калимаро бозгардонед. Ҳаройина, Аллоҳ бар ҳар чиз ҳисобкунанда аст”. Сураи Нисо:86. Ва фармудааст: “Рӯзи қиёмат тарозуи адлро дар миён ниҳем, пас, бар ҳеҷ кас ҳеҷ ситам карда нашавад, ва агарчи амал ҳамсанги донаи сипанд бошад, онро ҳозир кунем. Ва Мо Худ ҳисобрасиро Басандаем”. Сураи Анбиё:47.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٨-١٦

ЛАФЗҲОЕ, КИ МУХОЛИФИ АҚИДА АСТ

ألفاظ تخالف العقيدة
ЛАФЗҲОЕ, КИ МУХОЛИФИ АҚИДА АСТ

Лафзҳо маъноҳо дорад, пас пеш аз он ки як суханро бигӯйӣ, аввал фикр бикун, ки чи маъно дорад. Агар сухане, ки гуноҳ бошад, пас онро тарк бикун. Зеро Паёмбар ﷺ фармуданд: “Магар мардумро чизе ҷуз суханонашон бо чеҳра дар дӯзах вожагун мекунад?”. (Ибни Моҷа). Ва хатарноктарин он суханоне аст, ки мухолифи ақида бошад. Аз ҷумлаи он суханон:
1. (Ба ғайри номи Аллоҳ қасам хӯрдан). Паёмбар ﷺ фармуданд: “Шахсе, ки ба ғайри номи Аллоҳ қасам ёд мекунад, пас ба таҳқиқ куфр варзидааст ва ё ширк овардааст”.(Бухорӣ). Баъзе инсонҳо вақте ки ғазабнок мешаванд, мегӯянд, ки ман аз Ислом барӣ ҳастам. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Шахсе ки мегӯяд, ман аз Ислом барӣ ҳастам, агар ин суханаш дурӯғ бошад, пас бо ҳамон суханаш аст. Ва агар он ин суханро содиқона гуфта бошад, пас ӯ ба Ислом солим боз намегардад”. (Насоӣ).
2. Мегӯянд: (Ман ба Аллоҳ ва ба ту). (Ва барои ман ҳеҷ касе нест, магар Аллоҳ ва ту). (Ва ман ба Аллоҳ ва ба ту таваккул мекунам). “Марде ба Паёмбар ﷺ гуфт: Он чизе, ки Аллоҳ хост ва ту хостӣ. Пас Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ба Аллоҳ ширк овардӣ, балки бигӯ, ки Аллоҳи ягона хоҳад”. (Аҳмад).
3.Баъзеҳо мегӯянд: (Эй саййиди ман фалонӣ, ба ман мадад кун). Дуо ва талаби мадад танҳо аз Аллоҳ аст: “Онгоҳ, ки Парвардигори Хешро фарёдрасӣ мехостед, пас дуои шуморо қабул кард, ки Ман бо ҳазор кас аз фариштагони аз паси якдигар оянда мададкунандаи шумо ҳастам”. Анфол:9.
4.Дашноми додани замона ва рӯзҳо. Аллоҳ фармуд: “Ман замона ҳастам, шабу рӯзро ман мегардонам, агар хоҳам он ҳаракати шабу рӯзро боз меистонам ва рӯзи қиёматро барпо мекунам”. Муслим.
5.Қавли дигари ширкӣ : “Фалонӣ раҳм намекунад ва намемонад, ки раҳмати Парвардигорамон нозил гардад”. Ин сухан мухолифи сухани Аллоҳ аст.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٧-٤٦

«Ал-Ҷаббор»

«الجبار»
«Ал-Ҷаббор»

Ал-Ҷаббор ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯст Олӣ, Бартар, бисёр Ғолиб, ки хостаи Ӯ дар халқаш нуфуз мекунад ва Ӯст бисёр Меҳрубону Ҷубронкунандаи дилҳои шикаста ва барои каси заифи нотавон ва барои касе ки ба Ӯ паноҳ бурдааст. Ал-Ҷаббор дар Қуръони Карим як маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “ Ӯст он Аллоҳе, ки нест ҳеҷ маъбуде магар Ӯ, подшоҳ ва аз ҳамаи айбҳо ниҳоят пок аст. Аз нуқсон солим, Амондиҳанда, Нигоҳбону Ғолибу Худихтиёру Бузургвор аст. Аз шарик муқаррар кардани онҳо Ӯ пок аст”.(Сураи Ҳашр: 23). Ҷаббор яке аз номҳои бузурги Парвардигор аст, ки се маъно дорад:
1.Ӯ зоте аст, ки ҳолатҳои нотавонро некӯ мегардонад. Ва бар ҳар диле, ки барои Ӯ шикаста аст, марҳам мегузорад ва шикастаро пайванд мекунад ва фақирро тавонгар менамояд. Ва сахтиро барои инсоне, ки дар тангдастӣ қарор гирифтааст, осон мекунад. Ба шахси мусибатдида тавфиқи сабр медиҳад ва бар ивази он ба ӯ бузургтарин подошро ато менамояд. Ҳамчунин ба қалби касоне, ки дар баробари Азамати Ӯ шикаста ҳастанд, ба таври хос марҳам мегардад. Ва қалби дӯстонашро аз кароматҳо, маъориф ва ҳолатҳои имонӣ саршор мегардонад. Ҳар банда дуо бикунад, ӯро ислоҳ карда аз ногувориҳо дур менамояд.
2.Ҷаббор, яъне Ӯ ба ҳар чиз тавоно аст ва ҳар чиз дар баробари Ӯ шикастанафс ва бетакаббур мебошад.
3. Ҷаббор, яъне Ӯ болотар аз ҳар чиз аст. Пас Ӯ таъоло Меҳрубонӣ ва Тавоноии болотарро дарбар дорад. Аз Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “Рӯзи қиёмат Аллоҳ таъоло осмонҳоро дар ҳам мепечад ва ба дасти росташ мегирад ва сипас мефармояд: Ман Подшоҳ ҳастам, ҷабборон ва мутакаббирон куҷо ҳастанд? Ҳамчунин заминҳои ҳафтгонаро дар ҳам мепечад ва ба дасти чапаш мегирад ва мефармояд: Ман Подшоҳ ҳастам, ҷабборон ва мутакаббирон куҷо ҳастанд?”. Муслим.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٦-٠٢

БО ГУНОҲИ КАБИРА ВАФОТ КАРД, ПАС ОҚИБАТИ Ӯ ЧИГУНА АСТ?

مات علي الكبائرفما مصيره
БО ГУНОҲИ КАБИРА ВАФОТ КАРД, ПАС ОҚИБАТИ Ӯ ЧИГУНА АСТ?
Он шахсе, ки бо тавҳид вафот кардааст ва ба Аллоҳ чизеро шарик наовардааст, ӯ аз аҳли ҷаннат аст, агар чанде гуноҳи кабира карда бошад. Зеро шахси гунаҳкор дар зери хости Аллоҳ аст. Агар хоҳад ӯро мебахшад ва агар хоҳад бо гуноҳонаш ӯро азоб медиҳад, модоме ки аз он гуноҳаш тавба накарда вафот карда бошад. Агар ӯро бо бисёрии гуноҳаш ба дӯзах партофта азоб дода шуд, дар онҷо ҷовидон ва абадӣ намемонад. Ӯро аз дӯзах баъди пок шудан ва тафтиш шуданаш ба биҳишт бароварда мешавад. Аз Абузаръ разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: “Ба назди Паёмбар ﷺ омадам, ки он кас дар тан либоси сафед доштанд ва хоб буданд. Пас баъди муддате омадам, ки Паёмбар ﷺ бедор буданд. Пас фармуданд: “Ҳар бандае, ки Ло Илоҳа Иллаллоҳ бигӯяд, пас вафот бикунад, магар ин ки дохили биҳишт гардад”. Гуфтам: Агарчи он банда зино кунад ва дӯздӣ кунад? Фармуданд: “Агар зино кунад ва дуздӣ кунад”. Гуфтам; Агар зино кунад ва дуздӣ кунад? Фармуданд: “Агар зино кунад ва дуздӣ кунад”. Гуфтам: Агар зино кунад ва дуздӣ кунад? Фармуданд: “Агар зино кунад ва дуздӣ кунад ва агар ба хок расад бинии Абузаръ”. (Бухорӣ). Пас баъди гуноҳ кардан умеди онро дошта бошед, ки Аллоҳ авфкунанда аст, гуноҳонро мағфират мекунад. Ва ҳар шахсе аз мусалмонон бо гуноҳи кабирае вафот бикунад, ба мисли зино, тӯҳмат ва дӯздӣ, пас ӯ дар зери хости Аллоҳ аст, агар хоҳад ӯро мебахшад ва агар хоҳад бо он гуноҳони кабирае, ки анҷом дода буд ва бо он вафот кард, саранҷоми кораш рафтан ба сӯйи ҷаннат аст. Ҳамчуноне, ки Аллоҳ фармуд: “Ба дурусти ки Аллоҳ оне, ки барои Ӯ шарик муқаррар карда шавад, намебахшад. Ва ғайри он ҳар киро хоҳад мебахшад”. (Сураи Нисо:48).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٥-٢٩

«Ал-Қоҳир, Ал-Қаҳҳор»

«القاهر القهار»
«Ал-Қоҳир, Ал-Қаҳҳор»
Ал-Қоҳир, Ал-Қаҳҳор ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ касест, ки гарданҳо барояш хамшуда ва мутакаббирон хоршуда ва чеҳраҳо дар баробари Ӯ фурутаншуда ва ҳамаи чизро ғолиб омада ва халқҳо ба Ӯ зердаст шуданд ва барои Азамат, Бузургӣ ва Кибрёии Ӯ фурутан гаштанд. Номи Ал-Қоҳир дар Қуръон ду маротиба зикр шудааст ва аммо номи Ал-Қаҳҳор шаш маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва Ӯ ягонаи бисёр Ғолиб аст”. (Сураи Раъд:16). Ва фармудааст: “Ва Ӯст, ки бар бандагони худ, Ғолиб аст”. (Сураи Анъом:18). Ва фармудааст: “Рӯзе, ки онҳо аз қабрҳо берун оянд, аз онҳо чизе бар Аллоҳ пӯшида набошад. Аллоҳ мепурсад: «Подшоҳии имрӯз аз они кист?» Боз Худ ҷавоб гӯяд: «Аз они Аллоҳи Ягонаи Ғолибу Қаҳҳор аст”. (Сураи Ғофир:16). Ӯ зоте аст, ки бар тамоми ҷаҳониён Ғолиб мебошад ва ҳама махлуқот дар баробари Ӯ таслиманд. Аносири арбаа (об, хок, бод, оташ) ҷаҳони боло ва поён таслими қудрати Ӯ ҳастанд. Бинобарин ҳеҷ чизе рух намедиҳад ва ҳеҷ чизе аз ҳаракат намеистад, магар ба фармони Ӯ, ҳар ончи Ӯ бихоҳад, ҳамон мешавад. Ва ҳар ончи Ӯ нахоҳад, он анҷом намеёбад. Ҳама офаридаҳо ба Аллоҳ ниёз доранд. Онҳо молики фоидаҳову зарарҳо ва хайру шарри худ нестанд. Ҳаёту қудрат ва тавоноии Аллоҳ комил аст. Қаҳр ва ғолибии Ӯ низ комил аст. Аллоҳ фармудааст: “Рӯзе, ки ин замин ба ғайри ин замин бадал карда шавад ва осмонҳо низ бадал карда шаванд ва ҳама мардум ба ҳузури Аллоҳи ягонаи Ғолиб ҳозир шаванд”.(Сураи Иброҳим: 48). Ва Аллоҳ фармуд: “Ва он касе ки аз аҳли Миср Юсуфро харид, ба зани худ гуфт: «Гиромӣ дор ҷои ӯро, шояд ки моро нафъ диҳад ё ӯро фарзанд гирем». Ва ҳамчунин Юсуфро дар замини Миср ҷой додем ва то ба ӯ илми таъбири хобҳоро биёмӯзонем ва Аллоҳ ба амри Худ Ғолиб аст, лекин бештари мардум намедонанд”. (Сураи Юсуф:21).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ