«الغني»
«Ал-Ғанӣ»
Баъзе инсонҳо бо қасрҳои баландошёнаи худ ва ё бо мошинҳои боҳашамати худ ва ё бо пулҳое, ки дар банкҳо доранд, худро бой ҳисобида фахр мекунанд. Аммо ҳақиқат инҷост, ки танҳо Аллоҳ таъоло Ғанӣ аст, яъне бой аст. Аллоҳ бо зоти Худ аз ҳар чизи дигар бой аст. Ҳама чиз муҳтоҷи Аллоҳ ҳастанд. Ва Ғанӣ будан мутлақ аст, ки Аллоҳ таъоло ҳеҷ касро ба Худ шарик намекунад. Пас дар ҳақиқат Аллоҳ таъоло бо қудрати подшоҳиаш аз дигарон бениёз аст. Ва ҳама халқ дар ато ва эҳсонаш дар назди Ӯ фақир ҳастанд. Аллоҳ дар Қуръон фармуд: “Эй мардумон, шумо ба Аллоҳ муҳтоҷ ҳастед ва ҳамоно Аллоҳ бениёз ва сутудакор аст”. Фотир:15. Пас чихел Ӯ Ғанӣ набошад, ки ҳама чиз дар ин олам мулки Ӯст ва дар зери тадбири Ӯ мебошанд. Аллоҳ фармуд: “Ӯрост ончи дар осмонҳост ва ончи дар замин ва ончи дар миёни инҳо ва ончи зери хоки намнок аст”. Тоҳо:6. Одилӣ ва Ғанӣ будани Парвардигор ин аст, ки Ӯ таъоло соҳиб, фарзанд ва шарик надорад. Аллоҳ фармуд: “Кофирон гуфтанд: Аллоҳ фарзанд гирифтааст, Ӯ пок ва бениёз аст”. Юнус:68. Ва фармуд: “Ва Парвардигори ту бениёз ва соҳиби Раҳмат аст”. Анъом:133. Ва аз Ғанӣ будани Аллоҳ ин аст, ки ба Ӯ таъоло куфри кофирон ва гуноҳи гунаҳкорон зараре намерасонад. Аллоҳ фармуд: “Ва ҳарки шукргузорӣ кунад, ҷуз ин нест, ки барои нафъи хеш шукргузорӣ мекунад. Ва ҳарки носипосӣ кунад, пас Парвардигори ман Бениёзу Карим аст”. Намл:40. Аз назди Ӯ таъоло ба инфоқ кардан чизе кам намегардад. Аллоҳ дар ҳадиси Қудсӣ чунин фармуд: “Эй бандагонам, агар аввалини шумо ва инси шумо ва ҷинни шумо, дар як макон ҷамъ шаванд ва ҳар яке аз онҳо ончи мехоҳанд аз ман бипурсанд ва ман онро ато намоям, пас аз мулки ман чизе кам намегардад, магар ба мисли он аст, ки сӯзанеро ба баҳр дохил карда шавад”. Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
«Аш-Шаҳид»
«الشهيد»
«Аш-Шаҳид»
Аш-Шаҳид ҷалла ҷалолуҳу, яъне он зотест, ки аз Ӯ чизе ғоиб намешавад ва аз Ӯ вазни заррае дар замин пӯшида намемонад ва на дар осмон, балки Ӯ бар ҳама чиз хабар дорад, онро мушоҳида мекунад ва ба тафсилҳои он Доност. Номи Аш-Шаҳид дар Қуръони карим ҳаждаҳ маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва гувоҳии Аллоҳ кофӣ аст”. (Сураи Нисо, ояти: 166). Ва фармуд: “ Ва Аллоҳ бар ҳама чиз Огоҳ ва Нозир аст”. (Сураи Муҷодала:6). Бинобарин банда бояд бидонад, ки илми Парвардигор ҳаракатҳои зоҳирӣ ва ботинии ӯро дар бар дорад, ки ҳамеша аз корҳояш бохабар аст. Банда бояд даруни худро аз ҳар фикр ва хаёле, ки Парвардигорро ба ғазаб меорад, муҳофизат намояд ва ҳам зоҳири худро аз ҳаргуна гуфтор ва кирдори баде, ки сабаби норозигии Парвардигор мешавад, муҳофизат намояд. Ва Парвардигорро чунон ибодат намояд, ки гуё Ӯро мебинад ва агар Ӯро намебинад, Аллоҳ ӯро мебинад ва ин камоли эҳсон аст. Пас вақте ки Аллоҳ аз корҳои ошкор ва пӯшида хабар дорад ва аз ниятҳову розҳо низ огоҳ аст. Мақсад аз зоҳир ва ошкор аз корҳое аст, ки ба воситаи аъзои бадан анҷом меёбад. Аллоҳ фармуд: “Барои онҳо ман чизе нагуфтам, магар он чӣ маро фармудӣ, ки: «Аллоҳро, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, бипарастед». Ва модоме ки дар миёни онҳо будам, бар онҳо гувоҳ будам, пас ҳангоме ки Ту маро бардоштӣ, Ту Худ бар онҳо нигаҳбон будӣ ва Ту бар ҳама чиз хабардор ҳастӣ!”. (Сураи Моида:117). Ва фармуд: “Он Аллоҳе ки подшоҳии осмонҳо ва замин аз они Ӯст ва Ӯ бар ҳама чиз Гувоҳ аст”. (Сураи Буруҷ:9). Пас барои ҳар мусалмон лозим аст, ки агар хоҳони амал бошад, ин номи Аллоҳ Ашшаҳидро ба ёд орад, зеро Аллоҳи пок аз ҳама амали ӯ бохабар ва огоҳ аст. Аллоҳ фармуд: “Бигӯ: «Эй аҳли Китоб, чаро ба оятҳои Аллоҳ кофир мешавед?!, ҳол он ки ба он чӣ мекунед, Аллоҳ гувоҳ аст». (Сураи Оли Имрон:98).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
«Ал-Ҳафиз»
«الحفيظ»
«Ал-Ҳафиз»
Ал-Ҳафиз ҷалла ҷалолуҳу. Ӯ зотест, ки осмонҳо ва замин ва он чизе ва касе, ки дар он аст, ҳифз мекунад ва бар халқ амалҳояшонро ҳифз мекунад ва бандагони мӯъминашро аз ҳалокатҳо, шайтонҳо ва аз воқеъ шудани бар гуноҳҳо ҳифз мекунад. Номи Ал-Ҳафиз дар Қуръони карим се маротиба омадааст. Аллоҳ фармуд: “Пас Аллоҳ беҳтарин Нигаҳбон аст”. (Юсуф: 64). Ва фармуд: “Бегумон Парвардигорам бар ҳамаи чиз нигаҳбон аст”. (Ҳуд:57). Ва фармуд: “Ҳамоно Парвардигори ман Муроқиб ва Мувозиби ҳар чизе аст”. (Сураи Ҳуд:57). Илм ва огоҳии Парвардигор ҳама ҳолатҳои зоҳирӣ ва ботинии бандагонро иҳота намуда ва аъмолашонро дар Лавҳул маҳфуз сабт кардааст. Ҳамчу аъмоли бандагон дар китобҳое, ки дар дасти фариштагон мебошанд, навишта мешавад. Аллоҳ аз тамоми ончи ки дӯст надоранд, ҳифз мекунад. Парвардигор ба ду сурат бандагонашро мавриди муҳофизат қарор медиҳад, яке муҳофизати ом ва дигаре муҳофизати хос. Муҳофизати оми Парвардигор ин аст, ки Ӯ тамоми махлуқотро ҳифозат мекунад. Аллоҳ фармуд: “Гуфт: Парвардигори мо Он аст, ки ба ҳар чизе сурати хоси ӯро дод, сипас ба ӯ роҳ намуд”. (Сураи Тоҳо:50). Яъне ҳар махлуқеро ба сӯйи ниёзҳо ва заруратҳояш, ки барои ӯ муқаррар намуда, ҳидоят кардааст. Ба монанди ҳидоят барои хӯрдан, нӯшидан, издивоҷ ва кору талошҳо ва ҳам дур кардани ҳама намуд ногувориҳо ва зиёнҳо аз онон. Дар ин навъи ҳидоят фосиқу некукор ва ҳатто ҳайвонот шариканд. Дуввум ҳифозати хос, ки Аллоҳ таъоло дӯстонашро аз ончи ки ба имони онҳо осеб мерасонад ва аз шубуҳот ва ва фитнаҳое, ки яқини онҳоро дигаргун мекунад, ҳифз намуда солим берун мекунад. Ва аз шарри душманон ҳифз намуда пирӯз мегардонад. Аллоҳ фармуд: “Албатта Парвардигор аз муъминон дифоъ мекунад”. (Ҳаҷ:38). Дар ҳадис омадааст: “Дини Аллоҳро ҳифз бикун, Аллоҳ туро ҳифз хоҳад кард”.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ХИСЛАТИ ДАСТ КАШИДАН АЗ ҲАРОМ
خلق الورع
ХИСЛАТИ ДАСТ КАШИДАН АЗ ҲАРОМ
Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳалол ва ҳаром ҳарду возеҳ ва мушаххас ҳастанд. Ва дар миёни ҳалол ва ҳаром умури хосе вуҷуд дорад, ки бисёре аз мардум онро намедонанд. Ҳар кас аз онҳо бипарҳезад, дин ва обрӯяшро ҳифз кардааст. Ва касе, ки дар шубуҳот ва корҳои шакдор биафтад, ба ҳаром низ олуда хоҳад шуд”. (Бухорӣ ва Муслим). Оне, ки ҳамеша худро аз ҳаром дур медорад, ҳамеша дар муроқабаи ҳақ аст. Ва ӯ ҳамеша аз шубуҳот сахт ҳазар мекунад. Ва ӯ ҳеҷ гоҳ дари шакро намекӯбад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Беҳтарин диндории шумо, ин дурӣ аз ҳаром аст”. Дурӣ аз ҳарому шубуҳот чаҳор дараҷа дорад: 1. Дараҷаи адолат дар ҳама он фатвоҳое, ки онро ҳаром кардааст. 2. Даст кашидан аз ҳама шубҳаҳое, ки дур шудан аз онро шумо дӯст намедоред, вале онро амри мустаҳаб медонед. 3. Даст кашидан аз баъзе ҳалолҳо, зеро тарс аз он доред, ки ба ҳаром воқеъ нашавед. 4. Даст кашидан аз ҳама чизҳое, ки барои Аллоҳ таъоло нест, ки ин дараҷаи сиддиқин аст. Дурӣ аз ҳаром фоидаҳои бузург дорад: 1. Дурӣ аз ҳаром бароат аз обрӯ ва дин. 2. Дурӣ аз ҳаром таҳқиқи оромии нафс аст. 3. Дурӣ аз ҳаром сабаби ризқи ҳалол ва иҷобати дуо аст. 4. Дурӣ аз ҳаром обрӯ, хун ва молҳоро ҳифз мекунад. Зеро оне, ки аз ҳаром худро дур мегирад, ба даст задан ба муҳаррамот ҷуръат пайдо намекунад. Умра ибни Ҳабиб раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Дар бисёр намозхонӣ ва рӯзадории касе тааҷҷуб накунед, балки шумо назар кунед, ки оё онҳо аз ҳаром дурӣ меҷӯянд ва ё не. Пас агар онҳо аз ҳаром дур гашта, дар ибодати Аллоҳ бошанд, бандаи ҳақиқии Аллоҳ ҳастанд”. Ва инсон бояд бидонад, ки шариъат дурӣ аз ҳаромро барои ҳосил шудани масолеҳ ва фоидаҳо ва комил ёфтани он ва дур кардани зарарҳо амр кардааст, магар касе ки дар амал устувориро гум карда зарару фасоди шаръиро тарк намудааст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
«Ал-Латиф»
«اللطيف»
«Ал-Латиф»
Ал-Латиф ҷалла ҷалолуҳу. Он зоте аст, ки илми Ӯ амрҳои дақиқро фаро гирифтааст ва он зоте, ки Раҳмат ва хайрашро ба бандагонаш ба роҳҳои махфӣ мерасонад. Ал-Латиф дар Қуръони Карим ҳафт маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Дарнамеёбанд Ӯро чашмҳо ва Ӯ дармеёбад чашмҳоро ва Ӯ ниҳоят Меҳрубону Бохабар аст”. (Сураи Анъом:103). Ва фармуд: “Аллоҳ бар бандагони Худ Меҳрубону Латиф аст, ҳар киро хоҳад рӯзӣ медиҳад ва Ӯ Тавоною Ғолиб аст”. (Сураи Шӯро:19). Ал-Латиф аз номҳои некӣ Парвардигор аст. Он зоте аст, ки нисбат ба банда дар умури берунӣ Лутф ва Марҳамат дорад. Пас Ӯ бандаро ба сӯйи ончи ки ба салоҳ ва суди ӯст, бе ин ки банда ҳис кунад, пеш мебарад. Ин аз осори Илм, Карам ва Раҳмати Ӯст. Бинобарин Латиф ду маъно дорад: 1. Ӯ Огоҳ аст ва илму огоҳии Ӯ бар розҳо ва умури пӯшидаву пинҳон, сирри дилҳо ва умури ғайбӣ ва ҳар ончи, ки дақиқ ва борик аст, иҳота намудааст. 2. Лутф ва Меҳрубонии Ӯ нисбат ба бандааш ба он сабаб аст, ки эҳсони Худро бар банда комил мегардонад ва ӯро шомили Карам ва Бузургвории Худ қарор медиҳад ва ба мақомҳои боло мебардорад. Ӯро ба сӯйи осонӣ ва кушоиш мебарад ва аз сахтӣ дур медорад. Ва ҳама навъҳои мушкилоти ногуворро сабаби саодати ӯ мегардонад. Ҳамон гунае, ки Паёмбаронро ба василаи азият ва озори қавмашон ва бо ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ имтиҳон кардааст. Чуноне ки Аллоҳ таъоло аз аҳволи Юсуф (алайҳис салом) хабар дода баён намудааст, ки ин ҳолат оқибати нек барои ӯ дар дунё ва охират аст. Лутф ва Карами Парвардигорро наметавон дарк кард, зеро он дар тасаввур ва хаёл намеғунҷад. Аллоҳ таъоло ба бандагонаш Меҳрубон аст ва ба дӯстонаш Лутф дорад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
МУҲАББАТИ АЛЛОҲ БО ПАЙРАВ ШУДАН БА СУННАТИ ПАЁМБАР ﷺ АСТ
محبة الله تكون باتباع سنة نبييه ﷺ
МУҲАББАТИ АЛЛОҲ БО ПАЙРАВ ШУДАН БА СУННАТИ ПАЁМБАР ﷺ АСТ
Мардум даъвои муҳаббати Аллоҳ таъолоро мекарданд, пас Аллоҳ ин оятро нозил кард: “Бигӯ, Аллоҳро дӯст медоред, пас маро пайравӣ кунед, то Аллоҳ шуморо дӯст дорад”. Пас ин оят ҳамон тарозу аст, ки масалан шахсе як кори бидъатеро иҷро мекунад, пас ӯ дар дини Аллоҳ навоварӣ кардааст. Ва он касе, ки дар дини Аллоҳ бидъатеро иҷро кардааст, оё Паёмбар ﷺ ро дӯст медорад? Имом Молик раҳимаҳуллоҳ гуфт: (Касе даъво кунад, ки дар Ислом бидъати ҳасана вуҷуд дорад, лекин медонад, ки бидъат ҳасана ва ғайри ҳасана намешавад, ҳама бидъатҳо залолат ва гумроҳӣ аст. Қавли Паёмбар ﷺ аст, ки фармуданд: “Касе, ки дар Ислом бидъатеро иҷро кард ва онро амали нек донист, пас ба таҳқиқ даъво кардааст, ки Муҳаммад ﷺ ба рисолати Илоҳӣ хиёнат кардааст”). Бинобарин шахсе гӯяд, ки Муҳаммад ﷺ ба рисолаташ хиёнат кард, ин куфри акбар аст. Аллоҳ таъоло дар Қуръон фармуд: “Имрӯз барои шумо дини шуморо комил кардам ва неъмати Худро бар шумо тамом кардам ва Исломро барои шумо дин ихтиёр намудам”. (Сураи Оли Имрон). Бидонед, ки ин дин комилшуда аст. Чизе аз он намондааст, магар ин ки пайрави Паёмбар ﷺ бошем. Ва он роҳе, ки Паёмбар ﷺ рафтанд, мо низ бо ҳамон роҳ биравем. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Оне, ки дар дини мо навоварие меорад, ки он аз мо нест, пас он ботил аст ва мақбул нест”. (Бухорӣ ва Муслим).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
«Ал-Қариб»
«القريب»
«Ал-Қариб»
Ал-Қариб ҷалла ҷалолуҳу. Яъне Ба ҳар як нафар ба илм ва иҳотааш қариб аст ва ба парастандагонаш, соилонаш ва дӯстдоронаш ба нусрату қувват додан ва дуои ононро иҷобат кардан қариб аст. Ал-Қариб ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим се маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд:”Ва ҳаргоҳ бандагонам аз ту дар бораи Ман бипурсанд, бигӯ: Ба ростӣ Ман қарибам”. (Сураи Бақара:186). Ва инчунин фармудааст: “Ӯ шуморо аз замин пайдо кард ва шуморо дар он бошанда (ободкунанда) гардонид, пас, аз Вай талаби омурзиш кунед, боз ба сӯйи Ӯ руҷӯъ кунед, ҳароина, Парвардигори ман Наздик ва иҷобаткунандаи дуо аст!”. (Сураи Ҳуд:61). Яке аз номҳои Аллоҳ таъоло Ал-Қариб (яъне, наздик) аст. Наздикии Ӯ ду навъ аст: 1. Наздикии ом, ки он ин аст, илм ва огоҳии Ӯ ҳама чизро иҳота намуда ва дарбар гирифтааст. Огоҳӣ ва илми Ӯ ба инсон аз раги гардан ҳам наздиктар аст. 2. Наздикии хос, яъне ба ин маъно, ки муҳаббат ва ёрии Ӯ ба дуокунандагон ва ибодатгузорон наздик мебошад. Аллоҳ фармуд: “Ва ҳар вақто бандагони Ман туро, аз ҳоли Ман савол кунанд, пас ҳароина, Ман наздикам, дуъои дуъокунандаро, вақте ки Маро дуъо мекунанд, қабул мекунам”. (Сураи Бақара:186). Пас аз дарки маъноҳои наздикии ом ва хос, байни ин ки Аллоҳ бар болои Арш аст ва байни ин, ки наздик аст, зиддияте вуҷуд надорад. Пас Аллоҳ Парвардигорест, ки дар Наздик буданаш Пок аст. Боло ва бартар аст, бо вуҷуди боло буданаш Наздик аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Агар банда ба Ман як ваҷаб наздик шавад, Ман як зироъ ба ӯ наздик мешавам ва агар як зироъ ба Ман наздик гардад, Ман ба андозаи як боз кардани ду даст ба ӯ наздик мешавам. Агар қадамзанон ба сӯйи Ман биёяд, Ман давон-давон ба сӯяш меоям”. Бухорӣ ва Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
АҲЛИ БИДЪАТ, КИ ОНҲОРО АЗ НӮШИДАНИ ОБИ ҲАВЗИ ПАЁМБАР ﷺ МАНЪ МЕКУНАНД
أهل البدع هم الذين يمنعون من الشرب من حوض النبي ﷺ
АҲЛИ БИДЪАТ, КИ ОНҲОРО АЗ НӮШИДАНИ ОБИ ҲАВЗИ ПАЁМБАР ﷺ МАНЪ МЕКУНАНД
Дар рӯзи қиёмат баъди гармие, ки арақи мардум ба қадри гуноҳашон мерезад ва офтоб наздик мешавад ва пеш аз гузаштан аз пули Сирот, ки мардум муҳтоҷ ба нӯшидани об ҳастанд. Пас чизе, ки дар он рӯз Паёмбар ﷺ ро икром карда мешавад, ин ҳавзи Кавсар аст. Ҳавзи Паёмбар ﷺ, ки дарозӣ ва паҳноии он якмоҳина роҳ аст. Ва ранги оби он сафедтар аз шир ва таъму мазаи он ширинтар аз асал аст. Ва бӯйи он хушбӯйтар аз бӯйи миск аст. Ҳар касе, ки аз ин ҳавз як маротиба об менӯшад, абадӣ ҳеҷгоҳ ташна намемонад. Пас ҳама мардум ба назди ҳавз меоянд, ки мӯҳтоҷ ба об ҳастанд. Баъд аз ин, ки офтоб дар болои сарашон аст, ҳама ҳаракат мекунанд, то аз ҳавзи Паёмбар ﷺ об бинӯшанд, лекин аз назди ҳавз гурӯҳ гурӯҳ инсонҳоро фариштагон дур мекунанд ва намемонанд, ки ба ҳавз наздик шаванд. Пас Паёмбар ﷺ мегӯянд, ки инҳо аз уммати ман ҳастанд, инҳо аз уммати ман ҳастанд. Пас ба Паёмбар ﷺ гуфта мешавад, ки ту намедонӣ, ки баъди вафотат чӣ шуда буд. Ин чӣ маъно дорад? Яъне, оне ки ба дини Аллоҳ навоварие овардааст, ҷазои онро дар ин дунё ва дар охират мебинанд, зеро ӯ мухолифи роҳи Паёмбар ﷺ буд. Ва ҳар ҷазо тааллуқ ба амал аст. Бинобарин, ин гурӯҳ инсонҳоро аз ҳавз дур карда мешавад. Ва оне, ки аз суннати Паёмбар ﷺ дар ин дунё ошомида аст, яъне таълим гирифта ва таълим додааст ва амал карда даъват намудааст ва ба суннатҳои Паёмбар ﷺ сабр кардааст, ки фоидаи он дар охират нӯшидани он об аз ҳавзи Паёмбар ﷺ аст. Аз Парвардигор мепурсем, ки аз фазлу карамаш моро бенасиб магардонад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
«Ал-Муҷиб»
«المجيب»
«Ал-Муҷиб»
Ал-Муҷиб ҷалла ҷалолуҳу. Яъне он зоте аст, ки дар муқобили дуо ва суол ато, қабул ва истиҷобат мекунад. Ӯ таъоло бузург ва пок аст. Ал-Муҷиб дар Қуръони карим як маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ҳамоно Парвардигорам Наздик ва Иҷобаткунанда аст”. (Сураи Ҳуд: 61). Яке аз номҳои Аллоҳ таъоло Ал-Муҷиб аст, ки дуои дуокунандагон ва хостаҳои ҷӯяндагон ва ибодат бандагони фармонбардорро қабул мекунад. Иҷобат ва қабули Ӯ бар ду навъ аст: 1. Иҷобати ом, ки дуои ҳар касеро, ки чизе аз ӯ бихоҳад ва ё Ӯро ба қасди парастиш садо бикунад, иҷобат менамояд. Аллоҳ таъоло фармуд: “Парвардигори шумо мегӯяд; Маро ба фарёд бихонед, то бипазирам”. (Сураи Ғофир:60). Дуои дархост ин аст, ки банда бигӯяд: “Бор Илоҳо! Фалон чизро ба ман бидеҳ ва фалон чизро аз ман дур намо”. Ин дуоро шахси муъмини некукор ва шахси фосиқи гунаҳкор ҳарду мекунанд ва Аллоҳ таъоло тибқи ҳолати онҳо ва бо ҳикмати Худ, дуои ҳар касеро бихоҳад қабул мекунад. Бо ҳамин сабаб бо Раҳмату Карами Парвардигор ва фарогир будани эҳсони Ӯ, ки шахси некукор ва бадкорро дарбар мегирад, намоён мешавад. Аз ин рӯ фақат қабул шудани дуо бар хуб будани ҳолати дуокунанда далолат намекунад. Магар ин, ки чизе ҳамроҳи ӯ бошад, ки ба ростгӯйи ва ҳақ будани ӯ далолат кунад. Ба монанди дуо Паёмбарон, ки дар ҳаққи қавмашон ё бар зидди онҳо дуо мекарданд ва Аллоҳ дуои онҳоро иҷобат менамуд. Ва ин садоқат ва муҳтарам будани онҳо дар назди Аллоҳро далолат мекунад. 2. Иҷобати махсус, ки дорои чанд сабаб аст, аз он ҷумла, дуоҳо дар ҳолати сахтӣ ва балоҳо, ки Аллоҳ онро мепазирад. Аллоҳ фармуд: “Кист он, ки чун Ӯро бихонед, дармондаро иҷобат мекунад ва сахтиро мебардорад”. (Намл:62).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ХИСЛАТИ АВФ КАРДАН ВА БАХШИДАНИ ГУНОҲ
خلق العفو والصفح
ХИСЛАТИ АВФ КАРДАН ВА БАХШИДАНИ ГУНОҲ
Аллоҳ таъоло фармуд:“Ва сазои бадӣ бадие монанди он аст, пас ҳар ки даргузарад ва корро ба ислоҳ орад, пас муздаш бар Аллоҳ аст. Ҳамоно Аллоҳ золимонро дӯст намедорад”. (Шӯро:40). Пас бузургтарин ҷазо чист? Бузургтарин ҷазо ин аҷру савобе, ки бар Аллоҳ таъоло аст. Бинобарин, ҳар мусалмони амалкунанда дӯст медорад, ки Аллоҳ бо ӯ муомила кунад, бояд ӯ хислати авфро дошта бошад. Ҳамчуноне, ки ӯ дӯст медорад Аллоҳ ӯро авф кунад ва ҳам дӯст медорад, ки Аллоҳ аз гуноҳи ӯ даргузарад, ӯ низ аз гуноҳи дигарон бигзарад. Зеро ҳар ҷазо вобаста ба амал аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Оне, ки авф мекунад, Аллоҳ таъоло ба сабаби ин амалаш иззаташро дар байни мардум ва аҷру савобашро дар охират зиёд мегардонад”. Ҳасани Басрӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Афзалтарин ахлоқи шахси муъмин ин авф кардан аст”. Оне, ки ҳамчу як шахси авфкунанда шинохта шуд, шараф, иззат ва қадру қиматаш дар қалби мардум бузург гардад. Пас ба шахси одил воҷиб аст, ки нафси худро ба авф кардани мардум танзим бикунад. Ва душманиву қасос гирифтанро тарк намояд, магар ин, ки ин кораш сабаби бадиҳост. Вақте ки авф карданро тавонист, бидонад ки ин амалаш беҳтар аз хайру эҳсон аст. Дар авф кардани гуноҳи як шахс фоидаҳои бузург аст: 1. Эътироф кардани заъифии инсон. 2. Раҳм кардан ба шахси гунаҳкор. 3. Дар он ҳуҷҷат ба пайвандии байни ҳамдигар. 4. Сабаби нашри улфат ва муҳаббат дар байни мардум. Ва сабаби муҳим, ин ҳосил шудани тақво ва тарс аз Аллоҳ аст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва он, ки даргузаред, ба парҳезгорӣ наздиктар аст”.(Бақара:237). Авф кардан сабаби дур кардани бадиву душманӣ ва итоат кардан ба амри Аллоҳ аст. Аллоҳ фармуд: “Ва бояд ки афв кунанд ва даргузаранд. Оё дӯст медоред, ки Аллоҳ шуморо биомурзад? Ва Аллоҳ Омурзандаи Меҳрубон аст”. (Нур:22).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ











