المَهر ” أحكام الصّداق
АҲКОМИ САДОҚ “МАҲР”
Аз ҳуқуқи зан, ки онро Ислом барои онҳо дар вақти барпо кардани оила додааст, он ҳаққи маҳр аст. Ҳаққи маҳре, ки онро Аллоҳ ошкоро амр кардааст ва Паёмбар ﷺ дар ҳама ҳолатҳои издивоҷ онро воҷиб гардодаанд. Ва ҳукми маҳр барои занон воҷиб аст: “Ва ба занон маҳрашонро ба хӯшдилӣ бидиҳед”. Нисо:4. Миқдори ҳаққи маҳр, он миқдоре аст, ки дар он розигии зану шавҳар бошад. Ҳаққи маҳр кам бошад ё зиёд, пас он ҷоиз аст:“Ва ба яке аз онҳо моли бисёр дода бошед”. Нисо:20. (Қинтор), яъне миқдоре, ки ҳад надорад. Бинобарин, ҳаққи маҳр на пулу мол, балки мошин ва ё хона бошад ҳам ҷоиз аст. Ибни Аббос разияллоҳу анҳумо фармуд: “Вақте, ки Алӣ разияллоҳу анҳу бо Фотима разияллоҳу анҳо издивоҷ кард. Паёмбар ﷺ ба Алӣ разияллоҳу анҳу гуфтанд: “Чизе ба унвони маҳр ба ӯ бидеҳ. Гуфт: Чизе надорам. Фармуданд: Сипари Ҳутамии ту дар куҷост? Гуфт: Он дар наздам ҳаст. Фармуданд: Онро ба Фотима бидеҳ”. Абудовуд. Ва инчунин ҳаққи маҳрро ба таъхир андохтан ва қарздор шудан ҷоиз аст, зеро никоҳ ин аҳд аст. Ва инчунин он ба мисли муомилаи пулӣ дар хариду фурӯш аст. Ва ҷоиз аст, ки ҳаққи маҳр аз чизҳои фоидаовар бошад. Ба монанди он, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳамон Қуръоне, ки дар ёд дорӣ ба ӯ таълим бидеҳ, ҳамон маҳри ӯст”. Бухорӣ ва Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ҚИССАИ ИСЛОМ ОВАРДАНИ ЯҲУДӢ Яҳё ибни Аксам гуфт
ҚИССАИ ИСЛОМ ОВАРДАНИ ЯҲУДӢ
Яҳё ибни Аксам гуфт: “Дар замоне ки Маъмун амир буд, маҷлиси мунозара дошт, пас бо мардум марди яҳудие ворид шуд, ки либос ва чеҳраи зебо ва бӯи хуш дошт. Гуфт: Пас нек сухан гуфт. Ҳангоме ки маҷлис тамом шуд, Маъмун ӯро даъват кард ва ба ӯ гуфт: Исроилӣ? Гуфт: Бале.
Маъмун гуфт: Исломро қабул кун, то барои ту чунин ва чунон кунам ва ӯро ваъда дод.
Яҳудӣ гуфт: Дини ман ва дини падаронам ва рафт.
Гуфт: Пас аз як сол мусалмон шуда омад ва аз фиқҳ сухан кард ва хело хуб сухан кард. Ҳангоме ки маҷлис тамом шуд, Маъмун ӯро фарёд кард ва гуфт: Оё рафиқи дирӯзӣ мо нестӣ?
Гуфт: Бале.
Маъмун гуфт: Чӣ сабаб шуд, ки Исломро қабул кардӣ?
Гуфт: Ман аз назди ту рафтам ва хостам, ки динҳоро имтиҳон кунам ва мебинӣ, ки хатти хуб дорам.
Пас ман ба Таврот рӯ овардам ва се нусха навиштам ва бар он илова ва кам кардам ва онро ба калисо бурдам, пас аз ман харида шуд.
Ман ба Инҷил рӯ овардам ва се нусха навиштам, илова ва кам кардам ва ба ибодатгоҳи насоро бурдам, пас аз ман харида шуд.
Ман рӯ ба Қуръон овардам ва се нусха аз он кардам ва ба он илова ва кам кардам ва ба назди китобу варақфурушон бурдам, пас ба он нигаристанд. Вақте диданд, ки дар он зиёду кам шуда аст, онро партофтанд ва нахариданд. Пас ман донистам, ки ин китоб ҳифзшуда аст.
Ин сабаби ислом овардани ман шуд.
Яҳё ибни Аксам гуфт: Он сол ман ҳаҷ рафтам ва бо Суфён ибни Уяйна вохӯрдам ва хабарро ба ӯ нақл кардам.
Ба ман гуфт: Далелу тасдиқи ин дар китоби Аллоҳ аст.
Гуфтам: Дар куҷои он аст? Гуфт: Дар фармудаи Аллоҳ таъоло дар мавзӯи Таврот ва Инҷил:
“Донишмандон ва парҳезгорон ба ҳифзи китоби Аллоҳ (Таврот) амршуда буданд”. (Сураи Моида, ояти: 44). Пас ҳифзи Тавротро ба онҳо супурда шуда буд, пас зоеъ шуд.
Ва Аллоҳ азза ва ҷалла фармуд:
“Ба ростӣ ки Мо Қуръонро нозил кардем ва Мо онро ҳифз мекунем”. (Сураи Ҳиҷр, ояти: 9).
Пас Аллоҳ ҷалла ва ало онро барои мо ҳифз кард, пас зоеъ нашуд”. (Тафсири Қуртубӣ, 10/6).
ҲУҚУҚИ ҲАМСАР
حقوق الزوجة
ҲУҚУҚИ ҲАМСАР
Дар шариъати поки мо дида мешавад, ки зан барои мо духтар, модар ва хоҳар ато мекунад. Ва дини Ислом чанд адад аз ҳуқуқҳое, ки он бояд ҳифз карда шавад, кафолат медиҳад. Аз ҷумлаи он ҳуқуқҳо, нафақаи ҳамсар аст. Ва ба шавҳар воҷиб аст, ки ҳамсари худро аз хӯрданиҳо ва нӯшиданиҳо таъмин кунад. Паёмбар ﷺ фармуданд:“Ва ҳаққи он бар шумо ин аст, ки ононро ба хубӣ ва ба андозаи тавоноии худ, хӯрок ва либос бидиҳед”. Муслим.
Дар ҳаққи либос Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва хӯроку пӯшоки ин занони ширдеҳ ба ваҷҳи писандида дар уҳдаи падар аст”. Бақара:233. Инчунин ба шавҳар воҷиб аст, ки ба хонаи истиқоматӣ ӯро таъмин кунад. Аллоҳ фармуд: “Дар он ҷое, ки шумо сукунат доред, ба қадри тоқататон сокин кунед”. Талоқ:6. Инчунин бо ҳамсари худ муомилаи хуб дошта бошад. Паёмбар ﷺ фармуданд:“Беҳтарин шумо касе аст, ки бо аҳлаш беҳтарин рафторро дошта бошад ва ман нисбат ба аҳлам беҳтарини шумо ҳастам”.
Инчунин аз ҳуқуқи онҳо, адолат дар байни занон; Адл дар хона, адл дар нафақа, адл дар либос ва адл дар ҷойи зист. Зеро Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳар касе, ки ду ҳамсар дошта бошад ва фақат ба яке аз онҳо рӯ биёварад, дар рӯзи қиёмат дар ҳолате ба маҳшаргоҳ меояд, ки нисфи баданаш хамида (каҷ ва моилшуда) ба як сӯ аст”. Ибни Моҷа, Тирмизӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
АҲКОМИ ТӮЙИ АРӮСӢ
أحكام الأعراس
АҲКОМИ ТӮЙИ АРӮСӢ
Ба ҳар шахси мусалмон воҷиб аст, ки боғайрат, далер ва рашкин дар дин бошад. Ва бояд таълими он бикунад, ки дар тӯйҳо чӣ корҳо ҷоиз аст ва чӣ корҳо ҷоиз нест? Дар тӯйи арӯсӣ истеъмоли ҳама намуд асбобҳои мусиқӣ ва монанди он ҳаром аст. Магар оне чизҳое, ки шариъат онро манъ накарда бошад. Ба мисли доира задан барои занон, ки он ҷоиз аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аз уммати ман қавме меоянд, ки зино, абрешим, шароб ва мусиқӣро ҳалол медонанд”. Бухорӣ. Ва хондани шеър дар тӯйи арӯсӣ ҷоиз аст, модоме ки он шеър айб, шухӣ, дашном, фаҳш, дурӯғ ва мусиқӣ надошта бошад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Албатта баъзе шеърҳо ҳикмат доранд”. Бухорӣ. Доира задан дар тӯйи арӯсӣ барои занон амри мустаҳаб аст. Ба шарте, ки он танҳо дар назди занон бошад. Ва истифодаи он барои мардон ҳаром аст. Интиқоли арӯс бо мошин аз як макон ба макони дигар амри мубоҳ аст, ба шарте ки дар он ҳеҷ мухолифати шаръӣ анҷом наёбад. Ба мисли якҷо шудани мардону занон ва ё истифодаи асбобҳои мусиқӣ ва ё яке аз манъшудаҳои шаръӣ. Дар тӯйи арӯсӣ болои сари домоду арӯс партофтани пул ё шириниҳо ҷоиз аст, ба шарте ки дар он исрофе дида нашавад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ШАРТҲО ВА СУННАТҲОИ АҚДИ НИКОҲ
شروط و سنن عقد النكاح
ШАРТҲО ВА СУННАТҲОИ АҚДИ НИКОҲ
Модоме, ки издивоҷ байни зан ва шавҳар маҳкамтарин аҳд аст, Паёмбарﷺ бо ин аҳд шартҳоро гузоштанд, то мо онро гирифта ҳақҳоро адо намоем. Аз шартҳои ақди никоҳ: 1.Ихтиёри зану шавҳар: Пас барои мо ҷоиз нест, ки ба шахсе бигӯем, ки “яке аз духтаронамро ба ту бахшидам”. 2. Розигии зану шавҳар: Пас ҷоиз нест, ки яке аз онҳо розӣ нашудавад ва инкор бикунад. 3.Валӣ: Пас никоҳ бевалӣ дуруст нест. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Никоҳ нест, магар бо валӣ”. Абудовуд. Ва чизе монеъи издивоҷи зану шавҳар намегардад, магар гуногунии дини онҳо ва ё дар идда будани зан ва ғайраҳо. 4.Шоҳид гирифтан: Пас ақди никоҳ беҳузури шоҳидон дуруст нест, зеро он ба насаби ояндаи фарзандони онҳо тааллуқ дорад. 5.Эълони никоҳ: Пас эълони ақди никоҳ суннат аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Никоҳро эълон бикунед”. Аҳмад.
Албатта пайравӣ ба суннатҳои Паёмбар ﷺ баракат аст. Аз суннатҳо ақди никоҳ: 1.Хондани хутба дар вақти ақди никоҳ. 2. Дуо кардан дар ҳаққи домод ва арӯс: “Аллоҳ ин издивоҷро бароят муборак гардонад ва бар ту дар он баракат диҳад ва шуморо ба хайр ҷамъ оварад”. Абудовуд. 3.Дуо дар вақти духул: “Бор Илоҳо, аз Ту хайри ӯро мехоҳам ва аз шарри ӯ ва шарри ончи дар вай аст, паноҳ мебарам”. Ибни Моҷа. “Ба номи Аллоҳ, бор Илоҳо! Шайтонро аз мо ва аз ончи ба мо неъмат додаӣ, дур бигардон”. Бухорӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ОЁ НАҶОТ МЕХОҲӢ?
هل تريد النجاة؟
ОЁ НАҶОТ МЕХОҲӢ?
Аз Анас разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд:“Ҳама инсонҳо хатокоранд ва беҳтарин хатокорон касоне ҳастанд, ки тавба мекунанд”. Тирмизӣ. Савол: Ҳамаи мо кутоҳкор ва гунаҳкор ҳастем, пас чи кор бикунем? Ҳалли он чист? Ҷавоб: 1.Аз ширк ҳазар бикун ва ҳам аз василаҳое, ки туро ба ширк мебарад, дӯрӣ биҷӯй, зеро он гуноҳе аст, ки Аллоҳ онро ҳеҷгоҳ намебахшад. Сураи Нисо, ояти 48.
2.Ҳуқуқи бандагонро поймол макун. Аз ҳама гуноҳоне, ки ба мардум дахл дорад, дур бишав. Гуноҳе, ки он дар хун, мол ва шаъну шараф аст. Бинобарин мегӯянд, ки Аллоҳ таъоло ин гуноҳонро фаромӯш намекунад, магар ин ки онро аз шахси золим ба таври қасос гирифта шавад ва ё аз тарафи мазлум он бахшида шавад.
3.Ҳамеша гуноҳони худро эътироф бикун. Аз гуноҳонат пушаймон бишав. Амалҳои неку савобро бештар анҷом бидеҳ. Зеро Аллоҳ фармуд:“Ва дигарон ҳастанд, ки ба гуноҳони худ иқрор шуданд, амали некро бо амали дигар, ки бад аст, омехтанд. Наздик аст, ки ба Раҳмат ба онҳо бозгардад. Ба дурусти ки Аллоҳ Омӯрзандаи Меҳрубон аст”. Тавба:102. Паёмбарﷺ фармуданд: “Ва ба неъматҳое, ки ба ман додаӣ эътироф мекунам ва ба гуноҳони худ иқрор ҳастам, пас маро мағфират бикун, ки касе ба ҷуз Ту гуноҳонро намебахшад”. Бухорӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ҲАҚҚИ ЗАН ДАР МЕРОС Вақте ки дини Ислом омад, тамоми ҳукми замони ҷоҳилиятро ботил кард, ки занон дар он замон чизе мерос намегирифтанд
حق المرأة في الميراث
ҲАҚҚИ ЗАН ДАР МЕРОС
Вақте ки дини Ислом омад, тамоми ҳукми замони ҷоҳилиятро ботил кард, ки занон дар он замон чизе мерос намегирифтанд. Ислом барои онҳо насибе аз меросро фарз гардонид. Ҳаққи онҳоро муҳофизат кард ва бо тафсил баён намуд, то ҳуқуқи занони заъиф ва кӯдакон поймол нагардад: “Мардонро аз ончи падару модар ва хешон бигузоранд ҳиссае ҳаст ва занонро аз ончи падару модар ва хешон бигузоранд ҳиссае аст, аз ончи он мол кам бошад ё бисёр, ин ҳиссаи муқарраркардашуда аст”. Нисо:7. Аллоҳ таъоло меросро аз мол барои занон насиби фарзшуда номид. Бинобарин ҳеҷгоҳ ҷоиз нест, ки мо ба урф ва одати худ бозгардем. Ҷоиз нест, ки моли меросро ҳамчуноне, ки мехоҳанд сарф кунанд. Паёмбар ﷺ моро аз поймол кардани ҳуқуқи занон ҳазар кунонда фармуданд: “Бор Илоҳо! Ман аз поймол кардани ҳаққи ду заъиф, ятим ва зан ба шиддат барҳазар медорам”. Ибни Моҷа. Ва инчунин Паёмбар ﷺ дар Макка дар Ҳаҷҷатул Вадоъ баён карданд, ки албатта тақсими мерос аз тарафи Аллоҳ ва аз тарафи шариъати Ӯ ба бандагон аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳароина Аллоҳ барои ҳар як меросгиранда насибе аз меросро фарз кардааст”. Ибни Моҷа. Бинобарин, бар ҳеҷ кадом аз моён ҷоиз нест, то ин тақсими Аллоҳро, ки аз он розӣ аст, тағйир бидиҳем. Ҳар шахс насибе аз мерос дорад. Ва ба ҳар мусалмон ҳаром аст, ки занонро аз ҳаққи меросашон манъ кунад ва ё ба он зулм карда ҳаққи онҳоро бигиранд ва ё ба онҳо каме аз мерос бидиҳанд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ЗИНАТИ ЗАН Шариат зинат доданро барои зан манъ намекунад ва ҳам онро ҳаром нагардондааст. Лекин он бо шартҳо ва меъёрҳо
زينة المرأة
ЗИНАТИ ЗАН
Шариат зинат доданро барои зан манъ намекунад ва ҳам онро ҳаром нагардондааст. Лекин он бо шартҳо ва меъёрҳо: Ба мисли ин, ки онҳо ба мардҳо монанд нашаванд ва ҳам ба кофирону фосиқон монандӣ накунанд ва дар он исрофкорӣ набошад. Ва ҳам ба ҷисмашон зараровар набошад ва он тағйир додани он чизе, ки Аллоҳ халқ кардааст, набошад.
Зинат додани зан бо ин чизҳо мубоҳ аст; Ба миҷа сурма кашидан, сиёҳ кардани ду абрӯ, ранг кардани мӯйи сар, рӯйро сафед кардан, истифодаи линзаҳои шаффофи ҳарранга, сафед кардани дандонҳо, ранг кардани нохунҳо ба шарте, ки дар вақти таҳорат кардан онро аз нохунҳо тоза кунад ва ғайра аз чизҳои зинатдиҳанда, ки бояд баъди истифодаи он зан бояд рӯйи худро аз мардони бегона бипӯшонад.
Зинат додани зан бо ин чизҳо ҳаром аст; Часпондан ва пӯшондани мӯйи сохта, истифодаи миҷаи сохта, чидани мӯйҳои абрӯ, ҷарроҳӣ барои зинат, ки дар он тағйири доимии он чизе, ки Аллоҳ халқ кардааст, бошад. Ба мисли зебо кардани бинӣ бо роҳи майда кардан ва тағйир додани шакли он. Ва зебо кардани рӯй бо часпондани пӯст, варам кунондани рӯй ва ду лаб ва монанди инҳо, ки ҳама ин амалҳо ҳаром аст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
Prohveti palvuse kirjeldus.
Prohveti palvuse kirjeldus.
Саволҳо дар бораи шароб
Саволҳо дар бораи шароб
Паёми мухтасар бо номи:
“Саволҳо дар бораи шароб”
سؤالات في الخمر
اللغة الطاجيكية











