خلق الشخص الحكيم
ХУЛҚИ ШАХСИ БОҲИКМАТ
Аллоҳ таъоло фармуд: “Бар ҳар ки хоҳад ҳикмат медиҳад ва ба ҳар касе, ки ҳикмат дода шудааст, пас ҳамоно некӯӣ бисёр дода шудааст. Ва ба ҷуз соҳибони хирад касе пандпазир намешавад”. Бақара:269. Ҳикмат сабаби зиёд шудани хайру некӣ ва далели наҷот аст. Ҳикмат ҳадия ва мукофоти азиме аз тарафи Парвардигор аст, ки ҳама чизро вазн мекунад ва нафс боахлоқ ва ба дин устувор мегардад ва қалб бино мешавад. Агар ҳикмат комил гардад, илм ва амал комил гардад, ки ҳақ ва мақсади онро бишносад. Ҳикмат бо кори нек ва бо тарки кори бад амалӣ мешавад. Ҳикмат боқавл ва бо амал пурра мегардад, ки ҳар корро ба ҷояш гузошта мешавад. Ҳикмат вақте анҷом меёбад, ки он вақти муносиб аст. Шахси ҳаким корҳояшро вазн мекунад ва дар ҳама корҳояш миёна аст ва аз ҳад гузаштан ва таърифу тавсифро намедонад. Ваҳб ибни Мунаббаҳ гуфт: “Эй фарзандам, бо ҳикмат бош, зеро ҳама хайр дар ҳикмат аст”. Меваҳои боҳикмат будан:
1.Тавфиқ ёфтан дар камбудиҳои сухан ва амал.
2. Комил гардидани ақл ва фаҳми хуб.
3. Аз ҳама бадиҳо дурӣ ҷӯяд.
4. Дар назди мардум хабари хуб бошад.
5.Дараҷаи соҳибашро баланд гардонад.
Ҳаммод писари Абуҳанифа раҳмаҳуллоҳ гуфт: “Мегуфтанд; Он шахсеро, ки боҳикмат шинохта шудааст, ӯро мардум бо чашми эҳтиром менигаранд”. Шахси боҳикмат, инсони маслиҳатгар ва боваринок аст. Ҳикматро Аллоҳ ба касе хоҳад медиҳад ва ин неъмате аст, ки ба он бояд шукр кард. Аллоҳ фармуд: “ Ба дурусти, ки ба Луқмон ҳикмат ато кардем”. Луқмон:12.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ИЛМИ ҒАЙБ – Забони Тоҷикӣ
علم الغيب
ИЛМИ ҒАЙБ
Он чизе, ки Аллоҳ аз бандагонаш пинҳон кардааст, он илми ғайб аст. Пас ғайбро касе намедонад, аз гузашта бошад ва ё ҳозира ва ё оянда, магар ягона Аллоҳ таъоло:“Бигӯ, ҳеҷ кас аз онҳое, ки дар осмонҳову заминанд, ғайбро намедонад, магар Аллоҳ. Ва намедонанд, ки кай барангехта мешаванд”. Намл:65. Лекин Аллоҳ таъоло ба баъзе аз бандагонаш баъзе умури ғайбро ончи хостааст, хабар дод. Ҳамчуноне, ки Паёмбар ﷺ аз қиссаҳои Паёмбарони гузашта, нишонаҳои рӯзи қиёмат ва корҳои бузурге, ки дар оянда воқеъ мешавад, хабар доданд. “Ӯ донандаи ғайб аст. Ва ҳеҷ якеро бар илми ғайби худ огоҳ намесозад, магар касе аз Паёмбар, ки ӯро писанд ояд”. Сураи Ҷинн. Ва барои илми ғайб панҷ калиди асосӣ аст, ки соҳиби он танҳо Аллоҳ аст. Ва илми ғайб ба дигар махлуқот пӯшида аст. 1. Касе намедонад, ки кай қиёмат мешавад, магар Аллоҳ таъоло. 2. Кай борон меборад ва дар кадом соат меборад ва ба куҷо меборад ва чӣ қадар меборад, касе намедонад, магар Аллоҳ таъоло. 3. Ончи дар раҳмҳост онро бо илми комилу муфассал касе намедонад, магар Аллоҳ таъоло, ки Ӯ ҷинси он, ризқ, аҷал, амал ва хушбахт ва ё бадбахт будани он кӯдакро медонад. 4. Касе намедонад, ки фардо чи ба даст меорад аз хайр бошад ва ё шарр, ризқи кам бошад ва ё бисёр. 5. Касе намедонад, ки аҷали ӯ дар кадом сарзамин аст, магар Аллоҳ. Илми Аллоҳ таъоло ба ин корҳо ва ғайри он аз илми яқин ва комил аст, ки он мувофиқи ҳодисаҳост. Ва ҳам мумкин нест, ки он гумон ва ё хато бошад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ОДОБИ СӮҲБАТ – Забони Тоҷикӣ
آداب الصحبة
ОДОБИ СӮҲБАТ
Оне, ки ба қавме дӯст шуд, бо он шинохта мешавад. Сӯҳбат бо дӯстон ба ахлоқ ва рафтори инсон таъсир дорад. Паёмбар ﷺ фармуданд:“Мисоли ҳамнишини нек ва ҳамнишини бад, ба монанди аттор ва оҳангар аст”. Бухорӣ ва Муслим. Агар Аллоҳ таъоло туро тавфиқи ҳамнишин шудан бо неконро додааст, пас онҳоро бо худ ғанимат бидор, ки онҳо барои айбҳоят ҳамчу оина ҳастанд. Зеро онҳо бозуи қавӣ ва ганҷи ҳақиқӣ ҳастанд. Аз баъзе ҳакимон пурсиданд, ки кадом ганҷ беҳтар аст? Фармуданд: “Баъди тақводорӣ ва худотарсӣ, бародари солеҳ доштан аст”.
Аз одобҳои ҳамсӯҳбат шудан ин аст, ки Умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу гуфт: “Васфе, ки сабаби муҳаббати бародарат мегардад, ин ки агар бо ӯ рӯ ба рӯ шудӣ ба ӯ салом бидеҳ ва дар маҷлисгоҳ ба ӯ ҷой бидеҳ ва бо дӯстдоштатарин номаш ӯро фарёд бикун”.
Ҳама сабабҳои кашмакаш ва азиятҳо ба мисли хабаркашӣ, ғайбат, суханчинӣ, масхара, таънаи пинҳонӣ, ва айбҷӯйӣ бо ишораро тарк бикун. Пас мо бояд аз нокомиҳо бахшиш бипурсем ва аз лағзишҳо ғофил набошем, сирҳоро ҳифз карда гумони нек дошта бошем. Узрҳоро баҳона накунем ва айбҳоро бипӯшонем. Он чизе, ки дӯстамон ба он нафрат дорад, онро тарк бикунем. Чеҳраи кушод, забони ширин ва қалби ором дошта бошем ва аз кибр дурӣ ҷӯем. Он чизе, ки барои худ дӯст медорем, барои дӯстон ва бародаронамон низ дӯст бидорем.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
СИЛАИ РАҲМ – Забони Тоҷикӣ
صلة الرحم
СИЛАИ РАҲМ
Муҳаббати хешу табор баракат дар ризқ ва баракат дар умр дорад. Силаи раҳм аз амрҳои бузурги дини мубини Ислом аст. Ин тоате аст, ки ба он бояд шитоб кард. Зеро савоби он дар ин дунё пеш аз охират аст ва он силаи раҳм аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳар кас мехоҳад ризқаш зиёд ва умраш дароз гардад, пас бояд пайванди хешовандиро риоя кунад”. Бухорӣ. Силаи раҳм бо зиёрат ва эҳсон ба хешу табор анҷом меёбад. Ва бо қадри имкон ба онҳо хайр ва фоидае бирасонад ва бадӣ ва зарарҳоро аз онҳо дур намояд. Аз хешу табор агар касе бемор гардид ба аёдати онҳо равад ва ба фақиронашон чизе аз молаш садақа бидиҳад ва дар ҷашну хурсандиҳои онҳо иштирок бикунад ва дар ғаму андӯҳашон шарик бошад. Ва он чизе, ки байни мардум дар ин замона маъруф аст, он занг задан бо телефони мобилӣ аст. Пайванди хешу таборие, ки он ба мо воҷиб аст, онҳо наздиктарин шахсон ва фарзандони онҳо мебошанд. Ба мисли падару модар, падаркалону модаркалон, писарон ва духтарон, набераҳо, бародарон ва хоҳарон, амакҳо ва аммаҳо, тағоҳо ва холаҳо ва ҳам писарону духтарони онҳо мебошанд. Зеро ҳамаи инҳо ба қадри наздик буданашон ҳаққи пайванди хешовандӣ доранд. Бидон, ки силаи раҳм танҳо мукофоту хайру савоб нест, балки он як ибодати мустақим аст. Пас он хешу таборе, ки силаи раҳмро қатъ кардааст, ту ба он пайванди хешовандиро оғоз бикун. Он чизе, ки дигар хешу табор манъ карда буданд, ту ато фармо. Силаи раҳм савоби бузург дорад, қатъи он низ азоби бузург дорад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Қатъкунандаи силаи раҳм дохили биҳишт намегардад”. Бухорӣ ва Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ДЕҲҚОНИ МУСАЛМОН – Забони Тоҷикӣ
فلاح المسلم
ДЕҲҚОНИ МУСАЛМОН
Аз неъматҳои Аллоҳ таъоло бар мо ин замин аст, ки аз он меваҳо ва сабзавотҳои гуногунро дар шакл, ранг ва тамаъ берун мекунад. Деҳқонро аз дигарон фарқ карда мешавад, зеро ӯ таъминоти ғизои мардумро ба ҳисоб гирифтааст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳар мусалмоне дарахте бикорад ва ҳар чизе аз он бихӯрад, барои ӯ садақа ҳисоб мешавад. Ва ё ҳар касе аз он бидӯздад, барои ӯ садақа аст”. Бухорӣ ва муслим. Яке аз сифатҳои деҳқон амонатдорӣ аст. Бинобарин моддаҳои химиявии заҳрнокро ба замин напошад, то сабаби бемориҳо нагардад. Ва моддаҳое, ки ба саломатии инсон зарар аст, истифода набарад. Моддаҳои химиявии зараррасонро ба оби обёрӣ ва ё оби дарё, ки мардум аз он менӯшанд, омехта накунад. Моддае, ки ҳаҷми меваро калон мекунад, лекин ягон фоидаи ғизоӣ надорад ва сабаби бемории инсонҳо мегардад, истифода набарад. Деҳқон бояд пайравӣ илми кишоварзӣ шавад ва аз мутахассисони он талаби ёрӣ кунад ва бо нишондоди онҳо амал кунад. Ахлоқи неки деҳқон, ин ростгӯйӣ аст. Бояд сифати маҳсулотро рост бигӯяд ва айбашро пинҳон накунад. Деҳқон бояд дар аввали мавсим киштукор бикунад, то ҳосил низ дар вақташ омода гардад ва тоҷирон низ фоидаи хубе ба даст оранд. Ҳамроҳ бо деҳқонӣ боз нигоҳубини ҳайвоноти хонагӣ сабаби васеъ шудани ризқ аст. Деҳқон ботақво бошад ва закоти меваҳоро дар вақташ адо намояд. Аллоҳ фармуд: “Аз меваҳои он бихӯред ва рӯзи даравиданаш закоти онро бидиҳед ва исроф накунед”. Анъом:141. Деҳқон онро барои нархи қимат фурӯхтан захира накунад. Ҳосили худро ба оне, ки аз он чизҳои ҳаром истеҳсол мекунад, нафурӯшад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ХУЛҚИ ХОМӮШ БУДАН – Забони Тоҷикӣ
خُلق الصمت
ХУЛҚИ ХОМӮШ БУДАН
Паёмбар ﷺ фармуданд:“Касе, ки хомӯш аст, аз офати забон ва гуноҳ наҷот ёфтааст”. Тирмизӣ. Ҳар касе, ки хулқи хомӯширо ихтиёр кардааст аз ҳама ҷиҳат ба ҳар хайр комёб шуда аз зиёну осеби ду дунё наҷот ёфтааст. Хомӯшӣ нишонаи бартариву доноӣ ва самараи ақл аст, ки либоси бурдборӣ ва тамкинро ба ту бипӯшонад. Хомӯшӣ ҳамеша ситоишшудааст, магар дар кори хайр, зикр, амр ба маъруф, наҳй аз мункар. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам фармуданд: “Оне, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат имон дорад, пас сухани нек бигӯяд ва ё хомӯш бошад”. Бухорӣ.
Он чизҳое, ки ба хомӯшӣ тааллуқ дорад:
1.Фикр кардан ба сухани ботиле, ки оқибати бад дорад. 2.Хондани тарҷумаи ҳоли мардони солеҳ ва пайрав шудан ба онҳо, ки оё онҳо забондарозу пургӯй буданд ва ё хомӯш. 3.Дур шудан аз маҷлису нишастҳое, ки дар он ҳақорату фаҳш ва дурӯғ аст. 4.Хомӯш истода гӯш кардан ва пеш аз як суханро ба забон овардан, аввал фикр карда баъд сухан кардан. Абудардо (разияллоҳу анҳу) гуфт:“Хомӯш истоданро таълим гирифтам, ҳамчуноне ки сухан гуфтанро таълим гирифта будам. Зеро хомӯш истодан нармӣ ва некии бузург аст. Пас ҳамеша саъй бикун, то ба сухани дигарон гӯш андозӣ, на ин ки аввал шуда сухан бикунӣ, ҳар сухане ки ба ту фоидае надорад”. Фоидаҳои хомӯшӣ: 1.Исломи зебо ва комилии имон. 2.Қатъ шудани бисёр ҷангу ихтилофҳо. 3.Ноил шудан ба муҳаббати Аллоҳ ва муҳаббати мардум. 4.Пайдо кардани вақт барои зикр ва ибодат. 5. Солим мондан аз ҳисоби рӯзи қиёмат.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
Busana Wanita Muslimah (Bahasa Indonesia)
حجاب المرأة المسلمة (اللغة الأندونيسية)
Busana Wanita Muslimah (Bahasa Indonesia)
Hak Para Sahabat Atas Umat Islam (Bahasa Indonesia)
حقوق الصحابة على الأمة (اللغة الأندونيسية)
Hak Para Sahabat Atas Umat Islam (Bahasa Indonesia)
Tata Cara Sujud Sahwi (Bahasa Indonesia)
سجود السهو (اللغة الأندونيسية)
Tata Cara Sujud Sahwi (Bahasa Indonesia)
Kiat Sukses Menata Hati & Menenangkan Pikiran (Bahasa Indonesia)
الراحة النفسية وكيفية الحصول عليها (اللغة الأندونيسية)
Kiat Sukses Menata Hati & Menenangkan Pikiran (Bahasa Indonesia)











