photo_٢٠٢٤-٠٢-١٤_٠٠-٢٥-٢٧

ҚАЛБИ ДӮСТДОР – Забони Тоҷикӣ

القلب المحب
ҚАЛБИ ДӮСТДОР
Қалби дӯстдор ҳамеша дар зикру ибодати Аллоҳ аст. Ҳар роҳе, ки ӯро ба Аллоҳ наздик месозад, он роҳро ба худ лозим мегирад. Ҳамеша дар роҳи Аллоҳ ва даъвати мардум аст. Ӯ дар ҳолати рӯйгардон шудани мардум аз Парвардигорашон, ғамгин мешавад. Ҳама каломи Аллоҳро қабул дорад. Рӯзона ва шабона тиловати Қуръон мекунад. Муштоқи тоат аст, ки он хурсандиву оромии ӯст.
Қалби дӯстдор, гуноҳ ба Парвардигорро бад мебинад. Ба хотири Аллоҳ рашку ғазабнок мегардад. Барои ризогии Аллоҳ ҷиҳоди нафс мекунад.
Қалби дӯстдор номҳо ва сифоти Аллоҳро эътироф мекунад ва медонад, ки ҳама хазинаҳои осмону замин дар дасти Ӯст. Ӯ наздик аст, ки дуоро иҷобат мекунад. Паёмбар ﷺ чунин дуо мекарданд: “Ва аз Ту муҳаббатат ва муҳаббати касоне, ки Туро дӯст медоранд ва муҳаббати амалеро, ки ба муҳаббати Ту наздик мегардонад, хоҳонам”. Тирмизӣ ва Аҳмад.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٢-١٤_١٣-١٧-٤٥

Қалби пок аз фиребу ҳасад – Забони Тоҷикӣ

مخموم القلب
Қалби пок аз фиребу ҳасад
Аз Паёмбар ﷺ пурсиданд, ки кадом мардум афзалтаранд? Фармуданд: “Онҳое, ки забони ростгӯ ва қалби пок доранд”. Пас ҳар кори неке, ки қалби пок мекунад, ба худи он ва ё ба аҳлаш боз мегардад. Қалби пок дӯст дорад, ки ҳама мусалмонон низ ба некиҳо дучор гарданд ва ҳар бадиро бад мебинад ва намеҳоҳад, ки дигарон низ гирифтори он шаванд, агарчи он кори динӣ бошад ва ё дунявӣ. Шахси диндор қалби мулоим дорад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Муъмин бародари муъмин аст. Моли ӯро ҳифз карда зойеъ намегардонад ва дар набудани ӯ ҳама роҳҳои бародариро ҳифз мекунад”.
Мусалмон ба касе зулм, таҳқир, кина, ғайбат, фиреб ва айб намекунад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Мусалмон бародари мусалмон аст, зулм намекунад, паст намешуморад. Оне, ки дар ғами баровардани ҳоҷати бародараш бошад, Аллоҳ дар баровардани ҳоҷати ӯст. Оне, ки аз мусалмоне як ғаму андӯҳро дур гардонад, Аллоҳ ғаму андӯҳи рӯзи қиёматро аз ӯ дур мекунад. Оне, ки айби як мусалмонро мепӯшонад, Аллоҳ айби ӯро дар рӯзи қиёмат мепӯшонад”. Бухорӣ.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٢-١٤_١٣-٢٨-٢٣

ҚАЛБАШОН МЕТАРСАД – Забони Тоҷикӣ

وجلت قلوبهم
ҚАЛБАШОН МЕТАРСАД

Барои ба даст овардани самараҳо, зикр бояд бо забон ва бо қалб бошад ва танҳо зикри забон бо ҳаракат кунондани ду лаб кифоя нест.
Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Зикри қалб маърифатро зиёда гардонда муҳаббатро дар қалб мекорад ва инсонро боҳаё гардонда аз Аллоҳ метарсад. Ва зикри қалб даъват ба тарси Аллоҳ мекунад, ки ӯ дар муроқаба аст. Дар тоатҳо кӯтоҳӣ намекунад ва аз гуноҳу маъсиятҳо рӯ мегардонад”.
Қозӣ Иёз раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Зикри Аллоҳ ду навъ аст: Зикри қалбӣ ва зикри забонӣ. Аммо зикри забонӣ он зикре аст, ки аз заъифтарин зикрҳост”.
Шайхул Ислом раҳимаҳуллоҳ гуфт: Мардум дар зикр кардан чаҳор гурӯҳ ҳастанд: 1. Зикр бо қалб ва зикр бо забон, ки онҳо ба он амршудаанд. 2. Зикр бо қалб. 3. Зикр бо забон, ки ҳамеша забонаш бо он тар аст. Аллоҳ фармуд: “Ман ҳамроҳи бандаам ҳастам, ончи маро ба ёд меорад ва ду лабаш дар ёди ман дар ҳаракат аст”. 4. Тарки зикр бо қалб ва тарки зикр бо забон, ки ин гурӯҳ инсонҳо аз ҷумлаи хасоратётагонанд.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٢-١٤_١٣-٥٩-٥٤

ПАРДАИ ҚАЛБ – Забони Тоҷикӣ

حجب القلب
ПАРДАИ ҚАЛБ

Қалбе, ки бо парда пӯшида шудааст, ҳақро намебинад ва бо он амал намекунад. Пас ҳар тоате мекунад, ба ҷасад таъсире намекунад. Ва сабаби парда гирифтани қалб он аст, ки ҳар фитнаву шубуҳот ва шаҳавоте, ки ба қалб меафтад, онҷо месабзад.
Қалб ду навъ аст: 1.Қалби сафед, ба монанди санги сафед, ки ҳеҷ зараре аз фитнаҳои замин ба он нарасад. 2. Қалби сиёҳ ва ғуборолуд, ки ба монанди зарфе аст, ки он парешон аст, хайру некиро намешиносад ва кори мункарро рад ва инкор намекунад, магар ин, ки оғӯшта ба ҳавову ҳавас аст”. Муслим ва Аҳмад.
Паёмбар ﷺ фармуданд: “Агар банда гуноҳе кард, ба қалбаш як нуқтаи сиёҳ гузошта мешавад ва агар аз он гуноҳ тавба кард, он сиёҳӣ пок гардад. Ва агар боз ба гуноҳ бозгашт, он сиёҳӣ бузург гардад ва он ҳамон занге аст, ки Аллоҳ таъоло дар Қуръон онро чунин зикр кард: “Ҳаргиз чунин нест, балки ончи мекарданд бар қалбҳояшон занг бастааст”.
Мутаффифин 14.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٣-١١_٠٠-٥٤-٣٦

ШАЙТОН | Забони Тоҷикӣ

الشيطان
ШАЙТОН
Аллоҳ фармуд: “Дар ҳақиқат шайтон барои шумо душман аст, пас ӯро душман гиред, ҷуз ин нест, ки ӯ пайравони худро мехонад, то аз аҳли дӯзах бошанд”. Фотир:6. Шайтон аввалин душмани фарзандони Одам аст. Дар ҳар роҳи онҳо менишинад, то онҳоро гирифта ба сӯйи залолату гумроҳӣ, ҳалокат ва фасодкорӣ барад. Муҳимтарин роҳи нигоҳ доштани худ аз васвасаҳои шайтон:
1.Талаби ёрӣ аз Аллоҳ ва паноҳ ҷӯстан ба Ӯ аз шайтони рондашуда. “Ва бигӯ, эй Парвардигори ман, аз дағдағаҳои шайтон ба ту паноҳ мебарам, аз он ки пеши ман ҳозир шаванд”. (Муъминун: 97,98).
2.Ба худ лозим гирифтани зикри Аллоҳ. Зеро шайтон дар вақти зикр аз назди шумо мегурезад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Вақте ки инсон дохили хонаи худ мешавад ва номи Аллоҳро ба забон намеорад, шайтон мегӯяд: “Имшаб ҷойи хоб пайдо кардед”. Ва агар банда дар вақти хӯрок хӯрдан Аллоҳро ёд накунад, шайтон мегӯяд: “Ҳам ҷойи хоб пайдо кардед ва ҳам хӯроки шаб”. Муслим.
3.Бисёр Қуръон хондан. Хоссатан сураи Бақара, ихлос, Фалақ ва Нос. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Бегумон шайтон аз хонае фирор мекунад, ки дар он сураи Бақара хона мешавад”. Муслим.
4.Донистани роҳҳои шайтон ва даромадгоҳҳои он. Тамоми фаҳшо ва мункар аз роҳи шайтон аст: “Эй муъминон аз пайи роҳи шайтон маравед”. Нур:21.
5.Саъй бикунад, то пушаймон шавад ва тавба намояд ва ба сӯйи Аллоҳ боз гардад: “Ба дурустӣ ки парҳезгорон, чун аз шайтон васвасае ба онҳо бирасад, Аллоҳро ёд мекунанд”. Аъроф:101, 102.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٣-٠٩_١٥-٤٣-٤٧

САБР – Забони Тоҷикӣ

الصبر
САБР
Аллоҳ таъоло фармуд: “Эй муъминон сабр кунед ва дар сабр қадами худро устувор доред ва барои ҷиҳод омода бошед ва аз Аллоҳ битарсед, бошад ки растагор шавед”. Оли Имрон:200. Пас сабр ин ризқ, қувват ва фишанг аст. Шахси мариз дар шикоятҳои худ муҳтоҷ ба сабр аст. Шахси мусибатзада дар балову мусибатҳояш муҳтоҷ ба сабр аст. Шахси даъватгар дар даъвати худ муҳтоҷ ба сабр аст. Мард дар кори худ муҳтоҷ ба сабр аст. Зан дар хонаи худ муҳтоҷ ба сабр аст.
Паёмбар ﷺ фармуданд: “Сабр нур ва равшанист”. Муслим. Сабр дар рӯ ба рӯи мусалмон дар ҳама аҳволаш нур аст. Аллоҳ калимаи сабрро дар Қуръони Карим дар навад мавзеъ зикр кард. Алӣ (разияллоҳу анҳу) гуфт: “Огоҳ бошед, ки албатта сабр аз имон аст. Ва он ба манзилаи сар аз ҷасад аст. Пас агар сар қатъ гардад, ҷасад низ аз ҳама чиз манъ мегардад. Пас бо овози баланд гуфт: Огоҳ бошед! Оне шахсе, ки сабр надорад, имон надорад”.
Сабр муҳаббати Аллоҳ ва муҳаббати мардумро ба даст меорад. Оромӣ, ҳидоят, пирӯзӣ ва дӯст доштани Аллоҳ сифоти махсуси собирон аст. Сабр сабаби нигоҳ доштани қадру қимати худ ва дигарон дар рӯйи замин аст. Муҳимтарин сабабҳои сабр: Шинохти Аллоҳ таъоло ва муҳаббати Ӯ ва ҳаё аз Ӯст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ҷуз ин нест, ки музди собирон беҳисоб, ба тамом ба онҳо дода мешавад”. Зумар:10.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٣-٠٩_١٥-٤٥-٢١

ИДДАИ ЗАН – Забони Тоҷикӣ

عدة المرأة
ИДДАИ ЗАН
Идда ин нтизории зан баъди ҷудоӣ аз шавҳар бо сабаби вафот ё талоқ ё халъ ва ё фасх аст. Бинобарин издивоҷи он зан ҷоиз нест, магар баъди ба охир расидани муддати идда. Ҳукми идда ба ҳар зани талоқшуда воҷиб аст. Далел қавли Аллоҳ таъоло аст, ки фармуд: “Ва он занон, ки ба онҳо талоқ дода шуд, бояд нафси худро то се ҳайз ё се туҳр интизор кунанд”. Бақара:228. Ва ҳам ба зане, ки шавҳараш вафот кардааст, интизории идда воҷиб аст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва касоне, ки аз шумо бимиранд ва занонро бигузоранд, бояд ки занони худро чаҳор моҳу даҳ рӯз интизор кунонанд”. Бақара:234. Ва бар зане, ки дар идда аст, воҷиб аст ки дар хонаи шавҳараш бимонад. Бар ӯ ҷоиз нест, ки аз хона берун шавад, магар дар ҳолати зарурот. Ин масъала чанд ҷониб дорад. Иддаи зани бевае, ки шавҳараш вафот кардааст, агар ҳомила бошад, пас иддаи ӯ ҳамон вақти ҳамлаш аст ва бо таваллуд кардан муддати иддааш ба поён мерасад. Ва агар ҳомила набошад, пас муддати иддааш чаҳор моҳу даҳ рӯз аст. Иддаи зани талоқшуда агар ҳайз бинад, муддати иддааш се ҳайз ва ё се туҳр аст. Ва агар вақти муайяне аз ҳайз монд, пас муддати иддааш се ҳайз аст. Лекин агар ҳайз намедид, пас муддати иддааш се моҳ аст, агарчи ӯ хурдсол бошад ва ё калонсол. Ва агар зан ҳомила буд, пас муддати иддааш ҳамон вақти ҳамлаш аст, ки бо таваллуд кардан муддати иддааш ба поён мерасад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٢-١٢_١٣-٠٦-١٧

ҚАЛБИ УСТУВОР – Забони Тоҷикӣ

القلب الثابت
ҚАЛБИ УСТУВОР

Қалби инсон дар асл тағйирёбанда аст ва воридоти зиёд дорад, бинобарин бисёр вақт тағйир меёбад. Қалб манзили илҳом ва васваса аст. Қалб ҳайроншуда дар байни ҳавову ҳавас ва ҳидоят аст. Паёмбар ﷺ дар дуои худ мегуфтанд:“Эй гардонандаи қалбҳо, қалби маро ба динат устувор гардон”.
Аллоҳ он зоте аст, ки қалбҳоро устувор мегардонад ва онро ба ресмони имон мебандад. Ҳамчуноне, ки асҳоби Каҳфро баста буд, ки ба ҳақ даъват карданд. Аллоҳ фармуд: “Ва Аллоҳ муъминонро дар зиндагонии дунё ва охират ба сухани дуруст устувор медорад”. Иброҳим 27. Ва Ҳирқал ба Абусуфён гуфт: “Инчунин имон вақте ки ба қалб табассум мекунад, пасрӯй намегардонад”.
Ва аз сабабҳои устувории қалб, зиндагӣ бо Қуръон аст. Пас аз Қуръон таълим бигирем, ки чигуна Нӯҳ алайҳис салом дар назди пайравонаш ва Иброҳим алайҳис салом дар яктопарастиаш ва Юсуф алайҳис салом дар назди ҳамсари Азиз ва соҳирон дар назди Фиръавн устувор буданд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٢-١٣_١٠-٢٠-٤١

ҚАЛБИ ТАБДИЛЁФТА – Забони Тоҷикӣ

القلب الممسوخ
ҚАЛБИ ТАБДИЛЁФТА

Барои гуноҳон азоб ва ҷазост, ки ба қалб ва ба ҷисм ҷорӣ мешавад:
1. Масх, яъне дигаргун гаштан ва ба шакли бад даромадани афту андоми инсон. Аллоҳ таъоло қавмеро аз Бани Исроил ба маймун ва ба хук табдил дод: “Пас ба онҳо гуфтем: Бузинаҳои хоршуда бошед”. Бақара 65.
2.Дигаргун шудани қалби инсон, ки он ба мисли қалби ҳайвон гардад. Ва баъзе қалбҳо табдил ба қалби хук, саг, мор ва каждум ва ғайра аз ҳайвонҳо мегардад. Зеро Аллоҳ таъоло аҳли дӯзахро боре ба харҳо ва боре ба саг ва боре ба ҳайвонот монанд кард. Ва дигаргун гаштани шакли инсон ба онҳое амалӣ мешавад, ки дини Исломро дигаргун ва аз ҳақиқати он рӯй гардонда поймол карданд. Ба мисли он, ки дар ин замони мо рибо ва ришваро фоидаву ҳадия ва беҳиҷобиро илму ҳунар ва зиноро садақа ва дурӣ аз шариъатро нафъӣ кор номиданд. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Шумо он гуноҳони қавми Яҳудро такрор накунед, зеро бо майдатарин ҳилла ҳаромкардаҳои Аллоҳро ҳалол мегардонед”.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٢-١٤_١٦-٤٦-٣٨

ДӮСТДОШТАТАРИН АЪМОЛ ДАР НАЗДИ АЛЛОҲ ЧИСТ? – Забони Тоҷикӣ

ما أحب الأعمال إلي الله؟
ДӮСТДОШТАТАРИН АЪМОЛ ДАР НАЗДИ АЛЛОҲ ЧИСТ?

Ин савол бисёр аз Паёмбар ﷺ пурсида шудааст, ки дар ҷавоб чунин фармуданд: “Дӯстдоштатарин аъмол дар назди Парвардигор, амалҳоест ки давомнок бошад, агарчи он амали кам бошад”.
“Дӯстдоштатарин аъмол, хондани намоз дар аввали вақт, некӣ ба волидайн, ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ”. Бухорӣ ва Муслим.
“Дӯстдоштатарин аъмол, бо зикри Аллоҳ тар будани забон то вақти марг аст”. Тирмизӣ.
“Дӯстдоштатарин аъмол, имон овардан ба Аллоҳ, сипас пайванди хешовандӣ ва сипас амр ба маъруф ва наҳй аз мункар”.
Ва аз адои фароизи Илоҳӣ дида, дӯстдоштатарин аъмол нест. Ҳамчуноне, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аллоҳ фармуд: “Ва бандаам бо чизе ба ман наздик намешавад, ки назди ман маҳбубтар аз мавориде бошад, ки бар ӯ фарз кардаам”.
Пас ба барпо доштани беҳтарин аъмоле, ки онро Аллоҳ дӯст медорад, ҳарис бош, то бо амали андаки худ ба хайру баракати зиёд ноил гардӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ