photo_٢٠٢٤-٠٤-١٦_١٨-٠١-١٢

КАЛИМАИ ЗИЛЗИЛА ДАР ҚУРЪОНИ КАРИМ

كلمة زلزلة في القرآن الكريم
КАЛИМАИ ЗИЛЗИЛА ДАР ҚУРЪОНИ КАРИМ
1.Зилзилаи дунё; “Ҳангоме, ки замин сахт ба ларза дарояд. Ва замин борҳои вазнинашро хориҷ созад. Ва инсон мегӯяд: «Заминро чӣ мешавад, ки ин гуна меларзад?!”. Сураи Зилзол.
2. Зилзилаи охират; “Эй мардум, аз Парвардигоратон битарсед, ки зилзилаи қиёмат ҳодисаи бузургест. Он рӯз, ки онро бибинед, ҳар ширдиҳанде ширхораашро аз ёд бибарад ва ҳар зани ҳомилае бори худро бар замин биниҳад ва мардумонро чун мастшуда бибинӣ, ҳол он ки онҳо маст нестанд, балки азоби Аллоҳ сахт аст”. Ҳаҷ-1.2.
2.Зилзилаи замин ва кӯҳҳо; “Дар он рӯз, ки замин ва кӯҳҳо сахт ба ларза оянд ва кӯҳҳо ба монанди тали рег аз ҳам пошида шаванд”. Музаммил-14.
4. Наъраи осмонӣ; “Ва касонеро, ки ситам карда буданд, сайҳаи (наъраи) осмонӣ фурӯ гирифт ва дар хонаҳояшон ба рӯй афтоданд ва мурданд. Он чунон, ки гӯё ҳаргиз сокини он диёр набуданд!”. Ҳуд-67.68.
5. Фурӯ бурдани замин; “Оё онон, ки дар ҳаққи Паёмбарон ва муъминон тадбирҳои бад андешиданд, аз он эмин шуданд, ки Аллоҳ онҳоро ба замин фурӯ барад ё аз он ҷое, ки намедонанд, азоб бар онҳо биёяд?!”. Наҳл-45.
6. Шикоф шудани замин; “Агар ин Қуръонро бар кӯҳе нозил мекардем, албатта онро аз тарси Аллоҳ ниёишкунанда ва пора пора шаванда медидӣ. Ва ин достонҳое аст, ки барои мардумон баён мекунем, шояд онҳо бияндешанд”. Ҳашр-21.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٥_٢٠-٠٨-٣١

ТАРС АЗ АЛЛОҲ АЗ МУҲИМТАРИН СИФОТИ МУЪМИН АСТ

الخوف من الله من أهم صفات المؤمن
ТАРС АЗ АЛЛОҲ АЗ МУҲИМТАРИН СИФОТИ МУЪМИН АСТ
Тарс аз Аллоҳ ва парҳезгорӣ аз муҳимтарин сифоти муъминон аст. Ва он дур шудан аз корҳои ҳароме мебошад, ки дар он ғазаби Парвардигор бошад. Тарс аз Аллоҳ, наҷот аз азоби Парвардигор дар рӯзи қиёмат аст. Тарс аз Аллоҳ иқрор шудан ба биъсати Паёмбарон алайҳимус салом аст. Инсон бояд аз Аллоҳ битарсад ва дигаронро ба худотарсӣ даъват бикунад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мардумро ба он чизе, ки фоидаи дунявӣ ва ухравӣ дорад, даъват мекарданд, зеро калом ва ваъдаҳои Парвардигор ҳақ аст. Тарс аз Аллоҳ ва парҳезгорӣ ин тоъати Парвардигор ва наҷот аз ғазаби Ӯст. Ва сабаби дохил шудан ба сояи Арш аст, ки дар он рӯз сояе нест, магар сояи Ӯ таъоло. Тарс аз Аллоҳ наҷот аз тамоми бадиҳо, мағфирати Аллоҳ, дарёфти амн, хушбахтӣ дар дунё ва охират, комилии имон, зебогии Ислом, равшании қалб ва покии нафс аст. Тарс аз Аллоҳ асли ҳама чизҳои хайр дар дунё мебошад. Қалбе, ки тарс аз Аллоҳ надорад, он қалби мариз ва хароб аст. Парҳезгорӣ сабаби бардошта шудани тарс дар охират ва кафорати гуноҳони гузашта ва наҷот аз оташи дӯзах аст. Парҳезгорӣ аҷру савоби бузург дорад, ки инсонро ба сӯйи биҳишт мебарад. Парҳезгорӣ наҷот аз азоби дунё ва баромадан аз тамоми тангиҳои он аст. Барои парҳезгор аз ҷойе ризқ меояд, ки дар гумонаш набуд. Аллоҳ дар Қуръон фармуд: “Ва ҳар ки аз Аллоҳ битарсад, барои ӯ роҳи халосие падид меорад. Ва ба ӯ аз он ҷое, ки гумон надорад, ризқ медиҳад”. Талоқ:2,3.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٥_١٧-٢٦-٤٥

ҲАР ҶАЗО ТААЛЛУҚ БА АМАЛ АСТ

الجزاء من جنس العمل
ҲАР ҶАЗО ТААЛЛУҚ БА АМАЛ АСТ
Марде буд ба мардум қарз медод ва ба ғуломаш мегуфт: Ҳаргоҳ ба назди қарздоре рафтӣ, ки ӯ чизе барои пардохт надошта бошад, аз ӯ даргузар ва фурсат бидеҳ ва сахт магир. Пас вақте ки он мард аз дунё даргузашт, Аллоҳро дар ҳоле мулоқот намуд, ки аз гуноҳаш даргузашт. Ва ин сабаби осонгирӣ ва хушрафтории ӯ бо мардум буд. Чун ӯ ба Аллоҳ гумони нек дошт ва ба бандаҳои Аллоҳ некӣ менамуд. Аллоҳ ӯро бахшид, зеро подоши ҳар амал аз ҷинси амал аст. (Бухорӣ ва Муслим). Пас некӣ намеояд, магар ба сабаби некӣ. Ва некон дар дунё, ҳамон некон дар охират ҳастанд. Аллоҳ таъоло фармуд: “Оё ҷазои некукорӣ ҷуз некукорӣ аст?”. Раҳмон:60. Оне, ки саъйу кушиш дорад, Аллоҳ онро зиёда мегардонад. Оне, ки дар ғами баровардани ҳоҷати як бародараш бошад, Аллоҳ ҳоҷати ӯро бароварда мегардонад. Онҳое, ки ба бандагони Аллоҳ раҳм карданд, Аллоҳ ба онҳо раҳм кард. Аллоҳ фармуд: “Ҳар ки кори бад ба амал орад, ба ҷуз монанди он ҷазо дода нахоҳад шуд”. Ғофир:40. Оне, ки як кор ва ё қавлеро мегӯяд, лекин он ба хотири Аллоҳ нест, Аллоҳ ба ӯ савобе намедиҳад ва дар охират айби ӯро ошкор мекунад. Оне, ки зоҳиран як амали неке мекунад, ки он риё бошад, пас он амал барбод карда мешавад. Оне, ки муроқиби айби бародари мусалмонаш бошад, то ӯро дар назди мардум шарманда гардонад, Аллоҳ айби ӯро дар дунё ва охират ошкор гардонад. Оне, ки ба як мусалмоне зарар мерасонад ва фиреб медиҳад, Аллоҳ ӯро зарар мерасонад ва фиреб медиҳад. Аллоҳ фармуд: “Ончи дар осмонҳову ончи дар замин аст, аз они Аллоҳ аст, то ононро ки бадкорӣ карданд ва ба ончи амал намуданд, ҷазо диҳад ва ононро, ки некукорӣ карданд, ба некӣ ҷазо диҳад”. Наҷм:31.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٥_١٦-٤٦-١٤

НАСИҲАТ

النصيحة
НАСИҲАТ
Аллоҳ фармуд: “Ва Мо Паёмбаронро ба ҷуз башоратдиҳанда ва бимкунанда намефиристем. Пас бар онон, ки имон оварданд ва некӯкорӣ карданд, ҳеҷ тарс набувад ва онҳо андӯҳгин намешаванд. Ва ба касоне, ки оёти Моро ба дурӯғ нисбат карданд, ба сабаби нофармонӣ ва фосиқ буданашон азоби Илоҳӣ бирасад”. Анъом:48,49. Насиҳат кардан фоидаҳои зиёд дорад. Насиҳат итоати амри Парвардигор, итоати суннатҳои қавлӣ ва феълии Паёмбар ﷺ ва иқтидо кардан ба Паёмбарони гузашта аст. Насиҳат дурӣ аз сифатҳои аҳли нифоқ ва собит будан дар рӯйи замин аст. Насиҳат иҷобати даъват, дастёбӣ ба корҳои хайр, адои ҳаққи фарзанд ва адои ҳуқуқи мусалмонон аст. Насиҳат ҳаққе аз ҳақҳои роҳ ва ҳаққе аз ҳақҳои маҷлис аст. Насиҳат амну амон аз ҳалокату азоб аст. Насиҳат солим мондан аз лаънатҳо ва наҷот аз маъсият аст. Насиҳат фоидаи дунявӣ ва ухравӣ дорад. Насиҳат ба ҳама мусалмонон амонат аст. Нӯҳ алайҳис салом қавми худро шабу рӯз насиҳат мекард. Насиҳат дар дунё шаъну шарафи бузурге дорад, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дин насиҳат аст, дин насиҳат аст, дин насиҳат аст”. Насиҳат одобҳо дорад: 1. Насиҳат холис барои Аллоҳ бошад. 2. Насиҳат барои нафс, дунё ва шаҳват набошад. 3. Насиҳат дар танҳо будан беҳтар аст, зеро наздик ба қабули насиҳат аст. 4. Насиҳат бояд бо меҳрубонӣ ва бо оромӣ бошад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٥_١٦-٢٦-٣٩

ШОЯД ОН ХАЙР БОШАД

لعله خير
ШОЯД ОН ХАЙР БОШАД
Агар ба мусибате гирифтор гаштӣ, ки онро бад мебинӣ, ғамгин машав, шояд он барои ту хайр бошад. Аллоҳ фармуд:“Ва шояд, ки шумо чизеро нохуш ва бад доред ва ҳол он, ки вай барои шумо беҳтар бошад. Ва шояд, ки шумо чизеро дӯст доред ва ҳол он, ки вай барои шумо бад бошад. Ва Аллоҳ медонад ва шумо намедонед”. Бақара:216. Пас агар ба шахси муъмин бадие расид, дилтанг нагашта ноумед намешавад. Зеро ӯ медонад, ки Донандаи ғайбҳо танҳо Аллоҳ аст, ки ба ӯ хайрро тақдир мекунад. Ва поёни корашро ба очи дӯст медорад, мерасонад. Дар ғазваи Бадр саҳобагон бад медиданд, ки бо Қурайшиҳо рӯ ба рӯ шаванд, зеро онҳо пурқувваттар буданд. Лекин Аллоҳ хост, то мусалмонон иззат ёбанд ва болои онҳо ғалаба кунанд. Ва зану шавҳар якдигарро бад мебинанд ва ба хотири Аллоҳ сабр мекунанд ва Аллоҳ ба онҳо фарзандони солеҳ насиб мекунад. Шахси мусалмон бо аз даст додани вазифаи худ ғамгин намегардад, ба Аллоҳ шукр мекунад ва Аллоҳ ба ӯ вазифаи осонтаре насиб мекунад, ки моҳонааш зиёдтар аст. Ва он ғуломбачае, ки ӯро Хизр алайҳис салом ба қатл расонид, агар дар ҳаёт мебуд, оқи волидайн мегашт. Пас Аллоҳ бар ивази он ғуломи солеҳеро насиб гардонд. Ва инчунин Аллоҳ мусибатро ба хурсандӣ иваз мекунад, агар сабр кард ва умеди аҷру савоб дошта бошад. Вақте, ки Абуталҳа ва ҳамсараш фарзандашонро аз даст доданд, сабр намуданд. Пас Паёмбар ﷺ дар ҳаққи онҳо дуо карда фармуданд: “Аллоҳ дар шаби ҳардуи онҳо баракат диҳад”. Пас Аллоҳ ба онҳо писарбачае насиб гардонид, ки аз ӯ дида дар байни Ансориҳо афзалтаре набуд”. Аҳмад. Пас ба он чизе, ки бад дидӣ ба он сабр бикун. Аллоҳ фармуд: “Ба ин гурӯҳ аз Парвардигорашон дурудҳо ва бахшоиш аст ва онҳо роҳёфтагонанд”. Бақара:157.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٥_١٥-٥٩-٢١

ЗИНДА ШУДАН БАЪД АЗ МИРОНИДАН ҲАҚ АСТ

البعث بعد الموت حق
ЗИНДА ШУДАН БАЪД АЗ
МИРОНИДАН ҲАҚ АСТ
Аллоҳ таъоло фармуд: “Оё одамӣ мепиндорад, ки Мо устухонҳояшро гирд нахоҳем овард”. Қиёмат:3. Яъне, ӯро дигар бора ба офариниши нав намеофаринем? Мусалмон бояд ба омадани аҷали муайяншуда имон дошта бошад. Оне, ки бори аввал ба мо ҳаёт бахшид, метавонад онро бори дуввум ато фармояд, зеро Ӯ Қодир ба халқи махлуқот аст. Ва ин далел ба қудрати зинда кардан баъд аз миронидан аст. Зинда шудани замин ё наботот далел барои зинда шудан баъд аз миронидан аст ва ҳам ҳикмат ва адли Худовандист, ки барои мукофот ва ҷазо мардумро зинда мегардонад. Имон ба рӯзи қиёмат, дар нафси шахси муъмин сабр, ризоият, авф аз зулм ва қабули узрро зинда мекунад. Ва инсонро аз муҳаббати дунё дур гардонда ғофилонро аз ғафлаташон огоҳӣ медиҳад ва золимонро ба ваҳшат меандозад.. Имон ба рӯзи қиёмат, зинда шудан аз қабр, ҳисоб, савоб, азоб, рукне аз аркони дин ва ҷузъе аз ақидаи солим аст. Ба ҳар як мусалмон ҷоиз нест, ки ба омадани рӯзи қиёмат шакке дошта бошад. Аллоҳ дар бисёр оятҳои Қуръон ба омадани рӯзи қиёмат хабар додааст, лекин илми он ва дар кадом вақт воқеъ шуданаш танҳо дар назди Аллоҳ аст. Ва Аллоҳ инкоркунандаҳои рӯзи қиёматро ба бозгашти бад хабар додааст. Аллоҳ фармуд: “Мо медонем, ки хок чӣ гуна аз ҷасадҳои онҳо кам мекунад. Ва китобе, ки ҳама чиз дар он нигаҳдорӣ шудааст, назди Мост”. Сураи Қоф:4.
Парвардигоро, ба мо дар дунё некӣ ато кун ва дар охират некӣ марҳамат намо ва моро аз азоби оташ нигоҳ дор.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٥_٠٨-٢٤-٥٣

НАВЪҲОИ РУҚЯ

أنواع الرقية
НАВЪҲОИ РУҚЯ
Руқя ба ду қисм тақсим мешавад: Руқяи шаръӣ ва руқяи ширкӣ. Се шарти руқяи шаръӣ ва ё яке аз онҳо таҳқиқ наёбад, пас он аз шаръӣ ба ширкӣ интиқол меёбад ва дар ҳамин ҳолат шахси соҳирро шинохта мешавад.
1.Руқяи шаръӣ бояд аз китоби Қуръон, ба мисли сураи Фотиҳа, ва суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам, ба мисли “Аъузу бикалимотиллоҳит томмоти мин шарри мо халақ”, ва ё аз номҳо ва сифоти Аллоҳ таъоло бошад, ба мисли “Ё Ҳайю ё Қайюм”.
2. Руқяи шаръӣ бояд бо ҷумлаҳо ва калимаҳои маълум ва мафҳум бошад. Ва он бо овози баланд бошад, ки онро шунида шавад. Аммо надонем, ки он чӣ мегӯяд, ба ӯ бояд гуфта шавад, ки ончи мегӯйи мехоҳам бишнавам. Руқяи шаръӣ бояд бо луғати арабӣ бошад, магар дуо кардан бо луғати худаш бошад, иҷозат аст. Ва инчунин ҷоиз нест, ки номҳои некӣ Аллоҳро бо забони худаш бигӯяд.
3.Эътиқод дошта бошад, ки руқя танҳо сабаб аст. Оне, ки танҳо манфиатҳоро ҷалб карда зарарҳоро дур мекунад, танҳо Аллоҳ таъоло аст. Пас агар як шарти руқя таҳқиқ наёбад, руқяи шаръӣ ба руқяи ширкӣ табдил меёбад. Бисёр мушкилиҳо дар мардуми мо вуҷуд дорад, ки ба назди шайхе рафта мегӯяд: “Ман бемор ҳастам, сеҳр ва чашм шудаам. Шайх мегӯяд: Ҳама даво дар назди ман аст”.
Сеҳр ва чашм мавҷуд аст, лекин мардум бояд қалби худро ба Холиқи якто баста бошанд ва дари шарро ба мардум накушоянд. Бинобарин бо он мардуме, ки эътиқоде надоранд ва ё ҷоҳил ҳастанд, бояд бирасонем, ҳамчуноне ки Паёмбар ﷺ руқяи шаръӣ ва ширкиро ба мардум расонданд ва таълим доданд.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_2024-04-27_10-52-38

БАРТАРӢ ВА БУЗУРГИИ КАЛИМАИ “ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲ”

فضل و تعظيم كلمة “لا إله إلا الله”
БАРТАРӢ ВА БУЗУРГИИ КАЛИМАИ
“ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲ”
“Аллоҳ гувоҳӣ дод, ки ҳеҷ маъбуде нест, магар Ӯ. Ва фариштагон ва донишмандон дар он ҳоле гувоҳӣ доданд, ки Аллоҳ ба адл тадбиркунандаи ин олам аст. Ҳеҷ маъбуде нест ба ҷуз Ӯ, ки Ғолибу Устуворкор аст”. Оли Имрон:18. Муфассирин дар баёни сабаби нузули ин оят гуфтанд: Ин оят дар ҷавоби суоли ду тан аз Шомиҳо нозил шуд, ки ба Мадина омаданд ва аз Паёмбар ﷺ пурсиданд, ки бузургтарин гувоҳӣ ва шаҳодати Аллоҳ дар китобаш чист? Ва чун ин оят нозил шуд, пас он ду нафар имон оварданд.
“Ло Илоҳа иллаллоҳ” ин калимаест, ки шахси кофир бо гуфтани он ба Ислом дохил мегардад. Ин калимаро дар азон ва иқомат ва хутбаҳо гуфта мешавад. Тамоми Паёмбарон барои ин калима фиристода шуданд. Ин калима калиди “Дорус салом” аст. Дар қиёмат аз аввалину охирин аз ин калима пурсида мешаванд. Аллоҳ фармуд: “Аллоҳ мӯъминонро ба сабаби эътиқоди устуворашон дар дунёву охират пойдор медорад. Ва золимонро гумроҳ месозад ва ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мекунад”. Иброҳим-27. Паёмбар ﷺ фармуданд; «Бинои Ислом панҷ аст; 1. Гувоҳӣ додан ба он, ки нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Аллоҳ». Ибни Уяайна раҳимаҳуллоҳ гуфт; “Бузургтарин неъмат ин калимаи “Ло илоҳа иллаллоҳ” аст”. Ибни Аббос разияллоҳу анҳу гуфт: “Калимаи Таййиба дар Қуръон ин калимаи Ло илоҳа иллаллоҳ аст”. Калимаи Таййиба ин шаҳодати ҳақ, даъвати ҳақ ва дурӣ аз ширк аст. Ин калимаро мо бояд бо забон бигӯем ва бо қалб тасдиқ намоем ва онро эълон бикунем. Ва ин калима шомили чаҳор лафз аст: 1. Ло. 2. Илоҳ. 3. Илло. 4. Аллоҳ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٤_٢٢-١٠-٤٥

ҲИММАТБАЛАНДӢ

علو الهمة
ҲИММАТБАЛАНДӢ
Дар ин ҳаёт чи кор кардӣ, оё ба ҳимматбаландӣ саъйу кӯшиш кардаӣ? Зеро гуфта шуд, ки “қадру қимати ҳар шахс ба миқдори некиҳои ӯст”. Аллоҳ ҳимматбаландиро дӯст медорад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Албатта Аллоҳ таъоло Карим аст ва бо карам буданро дӯст медорад”. Ва ахлоқҳое, ки дараҷаи баланд дорад, онро дӯст медорад. Ва ахлоқҳои паст, ба мисли ғайбат ва суханчиниро бад мебинад. Саъйу кӯшиш дар ахлоқҳои нек аз сифатҳои муъминон аст. Аллоҳ фармуд: “Ин ҷамоа дар некуҳо саъй мекунанд ва онҳо ба сӯйи он мусобиқакунанда ҳастанд”. Муъминун:61. Ва барои боло рафтани мусалмон дар ҳар намуд фурсатҳо ба ӯ лозим аст, ки дар саъйу кӯшиши худ содиқ ва ҳимматбаланд бошад, то ба он бирасад. Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Ба ҳиммати олӣ расидан нияти дуруст лозим аст. Пас агар ҳимматбаландӣ ва нияти дуруст бо ҳам ҷамъ гарданд, ба поёни мақсад бирасанд”. Фавоид; ҷ1.с200. Оне, ки ҳимматбаланд аст, тамоми сабабҳоро ба худ мегирад. Ҳамчуноне, ки Аллоҳ дар бораи Зулқарнайн фармуд: “Ба дурусти, ки мо ба ӯ дар замин дастрасӣ додем ва ба ӯ дар ҳар чиз сабабе додем. Пас дар пайи сабабе афтод”. Каҳф:84,85. Яъне, Аллоҳ ба ӯ сабабҳоеро ато мекард, ки бо он амал мекард ва ба мақсад мерасид. Шахси ҳимматбаланд бо ақлаш кор мекунад, то дар ҳама майдонҳо ба олитарин мартабаҳо бирасад. Оне, ки ҳиммати баланд дорад, ҳеҷгоҳ аз охират ғофил намемонад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳар шахсе, ки ғаму андӯҳаш ва қасдаш дар ин дунё танҳо охират бошад, Аллоҳ дар қалбаш бойиро ато мекунад. Ва ба ризқаш қаноат мекунад, тамаъ намекунад. Ҳама кораш барояш осон ва ҷамъ гардад. Ва ба ӯ дунёе ояд, ки онро бад медид”. Тирмизӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٤_٠١-١٢-٠٩

НАВЪҲОИ ХИЁНАТ

أنواع الخيانة
НАВЪҲОИ ХИЁНАТ
Хиёнат ҳаром аст. Хиёнат сифати мунофиқон ва амонат сифати муъминон аст. Амонат яке аз неъматҳои Аллоҳ таъоло бар бандагонаш аст. Тамоми гуноҳони пинҳонӣ ва дурӣ аз амри Аллоҳ ва амри Расули Ӯ ﷺ хиёнат аст. Уламо хиёнатро гуноҳи кабира номиданд. Аллоҳ фармуд: “Ва Аллоҳ ҳилаи хоинонро ба мақсад намерасонад”. Сураи Юсуф:52. Дар байни қавме, ки хиёнаткорӣ шурӯъ гардид, он қавм хароб гардад. Ва бадтарин мардуме, ки корашон дар қиёмат ба расвоӣ меанҷомад, хиёнаткоронанд. Аллоҳ фармуд: “Агар медонӣ, ки гурӯҳе дар паймон хиёнат мекунанд, ба онон эълом кун, ки монанди худашон амал хоҳӣ кард. Зеро Аллоҳ хоинонро дӯст надорад!”. Сураи Анфол;58. Хиёнат бо ҳамдигар сабаби бардошта шудани баракат аст. Бояд мусалмон ба ҳар хиёнаткор бо мавъизаҳои хуб насиҳат карда бошад. Касе, ки ба ту хиёнат мекунад, ба ӯ хиёнат макун. Ақидаи мо “Ло Илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур Расуллуллоҳ” аст, пас ин калимаро дар нафси худ ва бар дигарон таҳқиқ накардан, хиёнат ба Аллоҳ аст. Дӯстӣ бо душманони Аллоҳ, поймол кардани шариъат, касби ҳаром, фиреб додан, дурӯғ гуфтан, истифода аз мансаб, дар соҳаи худ кор накардан, назар кардан ба муҳаррамот, ҳифз накардани аъзои бадани худ аз гуноҳ, амал накардани олим ба илми худ ва зулми сардор ба зердастони худ, ки ин ҳама хиёнат аст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ