
ВАҚТЕ, КИ АЛЛОҲ ХОСТИ ТУРО ТАБДИЛ ДИҲАД
ВАҚТЕ, КИ АЛЛОҲ ХОСТИ ТУРО ТАБДИЛ ДИҲАД Оё ту ба ёд овардӣ он ҷавонеро, ки Хизр алайҳис салом кушт ва падару модари ӯ аз муъминон буданд. Ту миқдори он хурсандии падару модаре, ки барояшон як кӯдак таваллуд мешавад, фикр бикун. Ва ту миқдори он ғаму андуҳи падару модаре, ки барояшон...
ВАҚТЕ, КИ АЛЛОҲ ХОСТИ ТУРО ТАБДИЛ ДИҲАД
ВАҚТЕ, КИ АЛЛОҲ ХОСТИ ТУРО ТАБДИЛ ДИҲАД
Оё ту ба ёд овардӣ он ҷавонеро, ки Хизр алайҳис салом кушт ва падару модари ӯ аз муъминон буданд. Ту миқдори он хурсандии падару модаре, ки барояшон як кӯдак таваллуд мешавад, фикр бикун. Ва ту миқдори он ғаму андуҳи падару модаре, ки барояшон хабари кушта шудани фарзандашон меояд, фикр бикун. Ва ин ҳама бар ин ки он ҷавон бо тақдири Илоҳӣ кофир бошад ва падару модарашро ба гуноҳ ва куфр даъват кунад. Пас чанд чизҳое ҳаст, ки бо омадани он хурсанд гаштем, вале надонистем, ки он бо худ бадиҳои бузурге дорад. Ва чанд чизҳое ҳаст, ки бо гум кардани он мо хеле ғамгин гаштем, вале надонистем, ки чи қадар бадиҳои бузург аз мо дур гаштааст. Агар ғайбро медонистем, ба сӯйи хурсандиҳое, ки гум карда будем, парвоз мекардем.
Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва шояд, ки шумо чизеро нохуш доред ва ҳол он, ки вай барои шумо беҳтар бошад ва шояд, ки шумо чизеро дӯст доред ва ҳол он, ки он барои шумо бад бошад. Ва Аллоҳ медонад ва шумо намедонед”. Бақара 216.
File | Action |
---|---|
5942977687092051722_121.jpg | Download |

ВАҚТЕ, КИ АЛЛОҲ ХОСТИ ТУРО ТАБДИЛ ДИҲАД
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device