
ВАСИЯТ БА ХУДОТАРСЙ
ВАСИЯТ БА ХУДОТАРСӢ Аллоҳ фармуд: “Ҳамоно ононро пеш аз шумо, ки китоб дода шуданд ва шуморо низ ҳукм фармудем, ки аз Аллоҳ битарсед ва агар кофир шавед, пас ба дурусти, ки он чи дар осмонҳо аст ва ончи дар замин аст, аз они Аллоҳ аст ва Аллоҳ тавонгари сутудашуда аст”. Нисо 131. ...
ВАСИЯТ БА ХУДОТАРСЙ
ВАСИЯТ БА ХУДОТАРСӢ
Аллоҳ фармуд: “Ҳамоно ононро пеш аз шумо, ки китоб дода шуданд ва шуморо низ ҳукм фармудем, ки аз Аллоҳ битарсед ва агар кофир шавед, пас ба дурусти, ки он чи дар осмонҳо аст ва ончи дар замин аст, аз они Аллоҳ аст ва Аллоҳ тавонгари сутудашуда аст”. Нисо 131.
Аллоҳ амр ба васияти тақводорӣ кард, зеро ба чизе васият кардан чизи фоиданоке аст, ки дар он тамоми хайру некиҳо ҷамъ гаштааст.
Марде ба Шайхул Ислом (раҳимаҳуллоҳ) номае навишт ва талаби васият кард, ки дар он ислоҳи дин ва дунё бошад. Пас шайх дар ҷавоб чунин навишт: “Аммо барои шахсе, ки ақл дорад ва пайрави Аллоҳ ва Расул аст, аз васияти Аллоҳ ва Расул дида, фоидаовартар васияте надидам, зеро Аллоҳ фармудааст: “Ҳамоно ононро пеш аз шумо, ки китоб дода шудаанд ва шуморо низ ҳукм фармудем, ки аз Аллоҳ битарсед”.
Паёмбар ﷺ вақте ки Маъоз (разияллоҳу анҳу)ро ба Яман фиристоданд, чунин васият карданд: “Ҳарҷо ки бошӣ, тақвои Илоҳиро дошта бош ва пас аз ҳар бадӣ, некӣ кун, то он бадиро аз байн бубарад ва бо мардум бо ахлоқи некӯ рафтор бикун”. Тирмизӣ ва Аҳмад.
File | Action |
---|---|
5940757081625837778_121.jpg | Download |

ВАСИЯТ БА ХУДОТАРСЙ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device