
ЗИЁРАТИ ҚАБРҲО
ЗИЁРАТИ ҚАБРҲО Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам уммати худро васият ба зиёрати қабрҳо карданд, ки он охиратро ба ёд меорад ва он се навъ аст: 1. Зиёрати шаръӣ: Ин зиёрат барои дуои мурдагон, раҳм кардан ба онҳо ва ба ёд овардан охират аст. 2. Зиёрати бидъатӣ: Мақсади ин зиёрат...
ЗИЁРАТИ ҚАБРҲО
ЗИЁРАТИ ҚАБРҲО
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам уммати худро васият ба зиёрати қабрҳо карданд, ки он охиратро ба ёд меорад ва он се навъ аст:
1. Зиёрати шаръӣ: Ин зиёрат барои дуои мурдагон, раҳм кардан ба онҳо ва ба ёд овардан охират аст.
2. Зиёрати бидъатӣ: Мақсади ин зиёрат ибодат бошад, ба мисли қироъати Қуръон, намоз, қурбонӣ ва ғайраҳо. Инҳо ҳама васила ба сӯйи ширк аст.
3. Зиёрати ширкӣ: Мақсади ин зиёрат, дуои соҳиби он қабр ва талаби ёрӣ аз онҳо, қурбонӣ ва назр ба онҳо ва ғайра аз ибодатҳое, ки ҳама ширк ба Аллоҳ аст.
Суннат аст, ки шахси зиёраткунанда ба қабрҳо салом диҳад ва дар ҳаққи соҳиби он қабр ва дигар мусалмонон дуо бикунад. Ҳадиси Бурайда разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: «Вақте, ки ба қабристон мебаромадем Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам ба мо чи тавр салом доданро таълим доданд: «Ассалому алайкум муъминон ва мусалмононе, ки сокини ин диёр ҳастед, Аллоҳ бар гузаштагон ва ояндагони мо раҳм бикунад ва мо низ ба хости Аллоҳ ба шумо хоҳем пайваст. Аз Парвардигор мепурсем, ки ба шумо ва бар мо офият ато фармояд». Муслим.
File | Action |
---|---|
5906647224455119425_121.jpg | Download |

ЗИЁРАТИ ҚАБРҲО
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device