
ДАҚИҚАҲОИ ҚИМАТБАҲО
ДАҚИҚАҲОИ ҚИМАТБАҲО Ҳасани Басрӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт; «Эй фарзанди Одам, ҳароина ту ин рӯзҳо ҳастӣ, агар як рӯзи ту рафт, пас баъзеи он рафтааст». Ва вақти ту ҳамон умри ту аст. Албатта он сарвати ҳақиқӣ аст. Барои он ки он маҳдуд шудааст. Агар рафт, пас дигар боз намегардад. Зеро...
ДАҚИҚАҲОИ ҚИМАТБАҲО
ДАҚИҚАҲОИ ҚИМАТБАҲО
Ҳасани Басрӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт; «Эй фарзанди Одам, ҳароина ту ин рӯзҳо ҳастӣ, агар як рӯзи ту рафт, пас баъзеи он рафтааст». Ва вақти ту ҳамон умри ту аст. Албатта он сарвати ҳақиқӣ аст. Барои он ки он маҳдуд шудааст. Агар рафт, пас дигар боз намегардад. Зеро Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Ду неъмат аст, ки бисёр мардум аз он зиён мебинанд, яъне аз он кам истифода мебаранд ва он ду неъмат; Тандурустӣ ва фароғат аст». Бухорӣ.
Ин ду неъмате аст, ки мардум қадри онро намедонанд ва аз он фоида намегиранд.Ва ин ишора бар он аст, ки ин ду неъматро ғанимат бидонем ва ҳифзкунандаи он бошем. Рамазон дар як сол як моҳ аст, ки ба мисли абр хеле босуръат мегузарад. Ҳамчуноне, ки Аллоҳ таъоло фармуд; «Рӯза доштан дар чанд рӯзи шумурдашуда аст». Бақара 184. Лекин Аллоҳ таъоло дар ин моҳ шаберо гузоштааст, ки он шаб беҳтар аз ҳазор моҳ аст. Ҳароина ин рӯзҳои моҳи Рамазон, рӯзҳои кам аст. Пас онро ғанимат дониста беҳуда сарф макун.
Бисёр тиловати Қуръон ва зикри Аллоҳ бикун. Суннатҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро иҷро карда намозҳои нафли бихон. Дуоҳои нек бикун. Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бикун. Дар ҳама аҳвол аз Аллоҳ битарс. Дар ошкор ва пинҳон даст ба гуноҳ мазан. Ба бародарони мусалмонат насиҳат бикун. Онҳоро ба намоз даъват намо. Ин вақтҳои бофазилатро ғанимат шуморида дар дуо ва зикри Аллоҳ бош. Хоссатан дар сеяки охири шаб, байни азон ва иқомат, вақти ифтор, баъди намози бомдод, то баромадани офтоб.
Пас бидонем, ки қалби инсон дар ҳар задан чунин мегӯяд; «Албатта ин ҳаёт дақиқаҳо ва сонияҳост».
File | Action |
---|---|
5902523540454883087_121.jpg | Download |

ДАҚИҚАҲОИ ҚИМАТБАҲО
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device