
ҲУКМИ ҚИРОАТИ ҚУРЪОН АЗ МУСҲАФ ДАР НАМОЗҲОИ НАФЛИ
ҲУКМИ ҚИРОАТИ ҚУРЪОН АЗ МУСҲАФ ДАР НАМОЗҲОИ НАФЛӢ حكم قراءة القرآن من المصحف في صلاة النفل Ҷоиз аст, ки имом дар намози таровеҳ аз мусҳаф қироъат бикунад. Зеро ин роҳ беҳтар аст, ки ҳама муқтадиҳо тамоми оятҳои Қуръонро аз имом бишнаванд. Бо ин далел аз Қуръон ва Суннат омадааст,...
ҲУКМИ ҚИРОАТИ ҚУРЪОН АЗ МУСҲАФ ДАР НАМОЗҲОИ НАФЛИ
ҲУКМИ ҚИРОАТИ ҚУРЪОН АЗ МУСҲАФ ДАР НАМОЗҲОИ НАФЛӢ
حكم قراءة القرآن من المصحف في صلاة النفل
Ҷоиз аст, ки имом дар намози таровеҳ аз мусҳаф қироъат бикунад. Зеро ин роҳ беҳтар аст, ки ҳама муқтадиҳо тамоми оятҳои Қуръонро аз имом бишнаванд. Бо ин далел аз Қуръон ва Суннат омадааст, ки далолат ба ҷоиз будани қироъат дар намозро мекунад, ки имом аз мусҳаф хонад ва ё аз ёди худ.
Аз Оиша разияллоҳу анҳо ривоят, ки ӯ ба хидматгори худ Зиквон амр кард, то дар моҳи Рамазон ба онҳо имом бошад ва Зиквон аз мусҳаф қироъат мекард. (Бухорӣ).
Лекин агар имом ҳофизи Қуръон бошад ва аз ёди қалбаш Қуръонро қироъат кунад, дар ин ҳолат зарур нест, ки аз мусҳаф бихонад. Ва ин афзалтарин роҳ аст. Зеро ҷамъкунандаи қалб ва ҷалбкунандаи хушуъ мебошад. Ва аммо он танҳогузоре, ки Қуръонро ҳифз накардааст, ба ӯ ҷоиз аст, ки аз мусҳаф дар намози таровеҳ қироъат бикунад. Зеро ин амал беҳтар аз тарк кардани Қуръон дар шабҳои Рамазон аст.
File | Action |
---|---|
5899906127255159107_121.jpg | Download |

ҲУКМИ ҚИРОАТИ ҚУРЪОН АЗ МУСҲАФ ДАР НАМОЗҲОИ НАФЛИ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device