
МАНЪИ ЗИНАТИ ЗАН БАЪДИ ВАФОТИ ШАВҲАР
منع زينة المرأة بعد وفاة الزوج МАНЪИ ЗИНАТИ ЗАН БАЪДИ ВАФОТИ ШАВҲАР Занон пеш аз Ислом ба шавҳари худ як соли комил азо дошта аз зиннат додани худ худдорӣ мекарданд, гӯё зоҳиран онҳо ғами худро ба дигарон ошкор мекарданд. Ин амалро Аллоҳ лағву бекор кард ва онро чаҳор моҳу даҳ...
МАНЪИ ЗИНАТИ ЗАН БАЪДИ ВАФОТИ ШАВҲАР
منع زينة المرأة بعد وفاة الزوج
МАНЪИ ЗИНАТИ ЗАН БАЪДИ ВАФОТИ ШАВҲАР
Занон пеш аз Ислом ба шавҳари худ як соли комил азо дошта аз зиннат додани худ худдорӣ мекарданд, гӯё зоҳиран онҳо ғами худро ба дигарон ошкор мекарданд. Ин амалро Аллоҳ лағву бекор кард ва онро чаҳор моҳу даҳ рӯз гардонд: “Ва касоне, ки аз шумо бимирад ва занонро бигузорад, бояд ки ин занон худро чаҳор моҳу даҳ рӯз интизор кунонанд”. Бақара 234. Ва ин чаҳор моҳу даҳ рӯз барои зане аст, ки ҳомила набошад. Агар зан ҳомила бошад, иддаи ӯ то баъди таваллуд аст. Бинобарин зан дар ин муддат наметавонад худро бо ҳане, ранг, сурма ва хӯшбӯйӣ зиннат бидиҳад ва либоси зебо бипӯшад. Либосе, ки дар урфу одати он мардум, либоси зебо бошад. Ва наметавонад бо тилловорӣ худро зиннат диҳад. Ва он чизе, ки ба зиннат дохил намегардад, ин ғусл кардан, нохун гирифтан ва паст кардани мӯй ва ғайра. Ва ҳам ба ӯ ҷоиз нест, ки шабона аз хона берун гардад, магар дар ҳолати зарурот. Ва ӯ баъди адои идда метавонад бо маҳрами худ ба ҳаҷ равад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Он зане, ки имон ба Аллоҳ ва имон ба рӯзи қиёмат дорад, ҳалол нест, ки ба мурдае зиёда аз се рӯз азо бидорад, магар ба шавҳари худ, ки он чаҳор моҳу даҳ рӯз аст”. Бухорӣ ва Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

МАНЪИ ЗИНАТИ ЗАН БАЪДИ ВАФОТИ ШАВҲАР
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device