
ОДОБИ МАҶЛИС
آداب المجلس ОДОБИ МАҶЛИС Инсон дар табиаташ бо мардум нишастанро дӯст медорад ва ҳам дӯст медорад, ки бо нишасту муносибатҳояшон ҳама ҳозир шаванд. Салом додан дар вақти даромадан ва баромадан ба маҷлис аз одоби маҷлис аст. Ва зарур аст, ки то ба поён расидани нишаст, ҳамроҳи...
ОДОБИ МАҶЛИС
آداب المجلس
ОДОБИ МАҶЛИС
Инсон дар табиаташ бо мардум нишастанро дӯст медорад ва ҳам дӯст медорад, ки бо нишасту муносибатҳояшон ҳама ҳозир шаванд. Салом додан дар вақти даромадан ва баромадан ба маҷлис аз одоби маҷлис аст. Ва зарур аст, ки то ба поён расидани нишаст, ҳамроҳи мардум бинишинад. Дар маҷлис бо мардум шӯхӣ накунад ва онҳоро озор надиҳад. Дар маҷлис бо ҳам наздик бинишинанд, то макони нишаст барои ҳама кифоя бошад. Ҳеҷ яке аз аҳли нишаст аз ҷояш намехезад, то шахси дигар ба ҷойи ӯ бинишинад ва ё ҷоиз нест, ӯро аз ҷоят бихез гӯяд. (Бухорӣ ва Муслим). Ба аҳли маҷлис воҷиб аст, ки сирру асрори он нишастро ҳифз бикунанд: “Маҷлисҳо боамонат аст”. Ва бояд ҳама маҷлисҳо аз зикри Аллоҳ холӣ набошад:“Ҳеҷ қавме нест, ки дар ҷойе гирди ҳам бинишинанд ва ёди Аллоҳ дар миёни онҳо набошад ва ба Паёмбар ﷺ дуруд нафиристанд, магар ин, ки ҳамин маҷлис сабаби ҳасрату пушаймонии онҳо дар рӯзи қиёмат хоҳад буд”. Тирмизӣ. Пас барои мо лозим аст, ки дуои кафорати маҷлисро фаромӯш накунем ва он чунин аст; “Субҳонака аллоҳумма ва биҳамдика, ашҳаду ал ло илоҳа илло анта, астағфирука ва атубу илайк”. Ривояти имом Тирмизӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

ОДОБИ МАҶЛИС
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device