
ҶОИЗ НЕСТ, КИ РӮЗАДОР КАСЕРО ДАШНОМ БИДИҲАД!
لا يجوز للصائم أن يشتم أحداً ҶОИЗ НЕСТ, КИ РӮЗАДОР КАСЕРО ДАШНОМ БИДИҲАД! Содир кардани гуноҳон аз қабили дашному ҳақорат дар рӯзи Рамазон рӯзаро фосид намекунад. Ба маънои дигар, он аз ҷумлаи шиканандаҳои рӯза ба ҳисоб намеравад, вале савоби рӯзаро кам мекунад. Ин гуноҳон метавонанд...
ҶОИЗ НЕСТ, КИ РӮЗАДОР КАСЕРО ДАШНОМ БИДИҲАД!
لا يجوز للصائم أن يشتم أحداً
ҶОИЗ НЕСТ, КИ РӮЗАДОР КАСЕРО ДАШНОМ БИДИҲАД!
Содир кардани гуноҳон аз қабили дашному ҳақорат дар рӯзи Рамазон рӯзаро фосид намекунад. Ба маънои дигар, он аз ҷумлаи шиканандаҳои рӯза ба ҳисоб намеравад, вале савоби рӯзаро кам мекунад. Ин гуноҳон метавонанд тамоми савоби рӯзаро нобуд созанд. Рӯзадор бошад, аз рӯзааш ҷуз гуруснагӣ ва ташнагӣ чизи дигареро бардошт нахоҳад кард. Рӯзадор маъмур аст, ки узвҳои баданашро аз гуноҳ нигаҳ дорад. Мақсад аз рӯза танҳо тарки хӯрдану нӯшидан нест, балки мақсад аз он тарки гуноҳ ва амалӣ кардани парзҳезгорист. Аллоҳ дар ин бора фармудааст: «Эй касоне, имон овардаед, рӯза бар шумо фарз шуд, чуноне ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, фарз шуда буд, то парҳезгор шавед».(Бақара: 183). Паёмбар ﷺ фармудааст: «Ҳар кас гуфтору кирдори ботил ва ҷаҳолатро тарк накунад, Аллоҳ ба тарки хӯрдану нӯшидани ӯ, ҳеҷ ниёзе надорад». Бухорӣ. Ва фармуданд:«Ҳар гоҳ яке аз шумо рӯзе рӯза бигирад, набояд носазогӯӣ кунад ва амали ҷоҳилона анҷом бидиҳад. Ва агар марде ӯро дашном диҳад ва ё бо ӯ даргир шавад, бояд бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам. Ман рӯзадор ҳастам». Бухорӣ. Ҳофиз раҳимаҳуллоҳ мегӯяд:«Набояд носазогӯӣ кунад». Манзур аз носазогӯӣ дар инҷо сухани зишт аст. «Набояд амали ҷоҳилона анҷом бидиҳад». Яъне набояд амалҳои ҷоҳилон, аз қабили доду фарёд, беақлӣ ва монанди онро анҷом бидиҳад. Ва набояд рӯзадор бо дигарон монанди онҳо муомила кунад, балки танҳо бигӯяд, ки “Ман рӯзадор ҳастам”. Паёмбар ﷺ фармуданд: «Баҳраи баъзе аз рӯзадорон аз рӯза танҳо гуруснагӣ аст. Баҳраи баъзе аз шабзиндадорон аз шабзиндадорӣ танҳо бедорхобӣ аст».
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٧_١٣-٠٤-٠٠.jpg | Download |

ҶОИЗ НЕСТ, КИ РӮЗАДОР КАСЕРО ДАШНОМ БИДИҲАД!
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device