
ҲУКМИ МАСХАРАИ ДИН ВА АҲЛИ ОН
حكم الاستهزاء بالدين وأهله ҲУКМИ МАСХАРАИ ДИН ВА АҲЛИ ОН Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу анҳумо дар баёни сабаби нузули ин оят фармуд;"Шахсе дар ғазваи Табук дар маҷлисе гуфт; Мо ҳамонанди ин қориён, ки ба пурхурӣ рағбати зиёд доранд, дар забон дурӯғгӯйтар ва дар майдони ҷанг тарсончактар...
ҲУКМИ МАСХАРАИ ДИН ВА АҲЛИ ОН
حكم الاستهزاء بالدين وأهله
ҲУКМИ МАСХАРАИ ДИН ВА АҲЛИ ОН
Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу анҳумо дар баёни сабаби нузули ин оят фармуд;"Шахсе дар ғазваи Табук дар маҷлисе гуфт; Мо ҳамонанди ин қориён, ки ба пурхурӣ рағбати зиёд доранд, дар забон дурӯғгӯйтар ва дар майдони ҷанг тарсончактар надидаем! Марде аз аҳли он маҷлис дар посухи вай гуфт; Дурӯғ гуфтӣ, ту мунофиқ ҳастӣ ва ин гапҳоро аз сари нифоқ мегӯйӣ, ман ин суханонатро ба Паёмбар ﷺ огоҳ хоҳам сохт. Ҳамон вақт буд, ки ин воқеъа ба Паёмбар ﷺ расид ва ин ояти Қуръон нозил гардид. Ровии ҳадис изофа мекунад, ки ман он шахси мунофиқро дидам, ки бар миёни ресмони шутури Паёмбар ﷺ овезон буд, дар ҳоле, ки сангҳо пойҳояшро мехарошид ва мегуфт; Эй Расулуллоҳ! Мо фақат бозӣ ва саргармӣ мекардем! Ва Паёмбар ﷺ ба ӯ мегуфтанд; “Оё ба Аллоҳ ва оёти ӯ ва Паёмбараш тамасхур ва масхара мекардед?". (Сураи Тавба:65.66).
Сабаби масхараи дин ва аҳли он: 1. Бад дидан ва паст шуморидани аҳли ин Дини бузург. 2. Танбеҳ додани аҳли хайр ва нек. 3. Дӯст доштани ханда бар болои дигарон. 4. Такаббурӣ ва ба нафси худ ҳамеша бо тааҷҷуб назар кардан. 5. Ба душманони дини Аллоҳ тақлиди куркурона кардан. 6. Дӯст доштани динор ва дирҳам ва барои расидан бар он ба ҳаромкардаҳои Аллоҳ даст задан.
Пас мо мусалмонон дар ҳолати масхара кардани мунофиқон бояд ба хотири Аллоҳ ба азиятҳояшон сабр бикунем. Ба худ масхаракунанда ва хандандаҳоро дӯст нагирем. Аз шахсоне, ки беҳтар аз мо ҳастанд, ибрат бигирем, зеро муъминон ва даъватгарон аз беҳтарин мардумон ҳастанд. Аллоҳ фармудааст: "Сустӣ макунед ва андӯҳгин машавед, зеро агар имон оварда бошед, шумо ғолиб ҳастед". Оли Имрон:139.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-١٦_١٨-٠٢-٣٣.jpg | Download |

ҲУКМИ МАСХАРАИ ДИН ВА АҲЛИ ОН
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device