
ХУЛҚИ НЕКУКОРӢ
خُلُق البِرّ ХУЛҚИ НЕКУКОРӢ Оё мехоҳӣ, ки Аллоҳ аз ту розӣ бошад? Оё дӯст медорӣ, ки мардум ба ту муҳаббат дошта бошанд? Оё мехоҳӣ, ки бо дигарон алоқаи хуб дошта бошӣ? Пас бояд ту некукор бошӣ. Некукорӣ ба маънои ом аст, ки он ислоҳ шудан, дар тоат будан, худотарсӣ, пайванди хешовандӣ,...
ХУЛҚИ НЕКУКОРӢ
خُلُق البِرّ
ХУЛҚИ НЕКУКОРӢ
Оё мехоҳӣ, ки Аллоҳ аз ту розӣ бошад? Оё дӯст медорӣ, ки мардум ба ту муҳаббат дошта бошанд? Оё мехоҳӣ, ки бо дигарон алоқаи хуб дошта бошӣ? Пас бояд ту некукор бошӣ. Некукорӣ ба маънои ом аст, ки он ислоҳ шудан, дар тоат будан, худотарсӣ, пайванди хешовандӣ, раҳм кардан, ростгӯйӣ, иҷрои амалҳои хайр ва ғайра аз амалҳост. Ҳама он чизе, ки Аллоҳ амр кардааст, он некукорӣ аст. Ва бузургтарин некукорӣ ин имон овардан ба Аллоҳ таъолост. (Сураи Бақара:177). Аз некукорӣ, ин некӣ ба падару модар ва хайру эҳсон ба онҳост. Аллоҳ фармуд: “Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Ӯ дигареро ибодат макунед ва ба падару модар некӯкорӣ бикунед, агар яке аз онҳо ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас ба онҳо уф магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ”. (Исро:23). Аз ҷумлаи некукорӣ, силаи раҳм аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ба модарат ва ба падарат ва хоҳару бародарат пас ба дигарон некӣ бикун”. (Аҳмад). Ва некукорӣ, ҳусни хулқ ва муомилаи хуб бо мардум аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Некукорӣ ин хулқи хуб аст”. (Муслим). Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу анҳумо гуфт: “Некукорӣ чизи кам, рӯйи озод ва сухани мулоим аст”. Аллоҳ фармуд: “Ҳаргиз некукориро наёбед, магар он, ки аз ончи дӯст медоред, харҷ кунед. Ва Аллоҳ ба ҳар чизе, ки харҷ мекунед, Доност”. (Оли Имрон:92). Некукорӣ сабаби даромадан ба биҳишт аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Бар шумо бод, ки ростгӯ бошед, зеро ростгӯйӣ инсонро ба сӯйи некукорӣ мебарад ва некукорӣ инсонро ба сӯйи биҳишт мебарад”. (Бухорӣ ва Муслим). Некукорӣ сабаби дӯстӣ дар байни мардум аст. Аллоҳ фармуд: “Ва бар некукорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам бо якдигар мадад макунед ва аз Аллоҳ битарсед. Ба дурусти ки азоби Аллоҳ сахт аст”. (Моида:2). Ба некукорӣ ҳарис бош ва бо ҳамроҳи некукорон бош, то дар рӯзи охират наҷот ёбӣ. Аллоҳ фармуд: “Ҳароина некукорон дар неъматанд”. (Инфитор:13).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٧_١٣-٠٣-٣٨.jpg | Download |

ХУЛҚИ НЕКУКОРӢ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device