
ХУДПИСАНДӢ
التكبر ХУДПИСАНДӢ Аллоҳ таъоло фармуд: «Пас ба сӯи вай ваҳй фиристодем, ки киштиро ба ҳузури Мо ва бо фармони мо бисозад. Пас чун фармони Мо ояд ва танур ҷуш занад, аз ҳар ҷинс ду танро ва касони худро, магар аз онҳо касе, ки бар вай гуфтаи Ҳақ пешӣ гирифтааст, дар кишти дарор! Ва...
ХУДПИСАНДӢ
التكبر
ХУДПИСАНДӢ
Аллоҳ таъоло фармуд: «Пас ба сӯи вай ваҳй фиристодем, ки киштиро ба ҳузури Мо ва бо фармони мо бисозад. Пас чун фармони Мо ояд ва танур ҷуш занад, аз ҳар ҷинс ду танро ва касони худро, магар аз онҳо касе, ки бар вай гуфтаи Ҳақ пешӣ гирифтааст, дар кишти дарор! Ва дар бораи онон, ки ситам кардаанд бо Ман сухан магӯ! Ба дурустӣ ки онҳо ғарқ шудагонанд». (Сураи Муъминун:27). Ва фармудааст : «Бешубҳа Аллоҳ он чиро, ки пинҳон медоранд ва он чиро, ки ошкор мекунанд, медонад. Ҳамоно Ӯ саркашонро дӯст намедорад».(Сураи Наҳл: 23). Паёмбар ﷺ фармуданд: «Як мард бо такаббури баланд бо либосҳояш фахркунон роҳ мерафт, ки Аллоҳ таъоло ба замин фармон дод, то ӯро фурӯ барад ва он то рӯзи қиёмат дар он боқӣ мемонад». Худписандӣ ин аввалин гуноҳ бар зидди Аллоҳ аст, ки фармуд: «Ва чун ба фариштагон гуфтем: «Ба Одам саҷда кунед, пас саҷда карданд, магар Иблис ки қабул накард ва саркашӣ намуд ва аз кофирон гашт». (Сураи Бақара: 34). Паёмбар ﷺ фармуданд: «Худписандӣ ин қабул накардани ҳақиқат ва таҳқир кардани мардум мебошад». Аллоҳ фармуд: «Ва рухсораи худро аз мардум матоб ва дар замин хиромон роҳ марав, ба дурустӣ ки Аллоҳ ҳар нозандаи худситояндаро дӯст намедорад». (Сураи Луқмон: 18). Ва фармуд: «Ин сарои бозпасинро барои онон муқаррар мекунем, ки дар замин такаббур ва фасод наметалабанд. Ва оқибати некӯ аз они парҳезгорон аст». (Сураи Қасас: 83). Паёмбар ﷺ фармуданд: «Оё шумо мехоҳед дар бораи аҳли дӯзах бидонед? Пас фармуданд: Онҳо душмани бераҳм, бахил ва мутакаббир ҳастанд». Ва фармуданд: «Ҳар одами мутакаббир ва худписанд дар рӯи замин, ба ғазаби Аллоҳ дучор мешавад». Ва фармуданд: «Касе, ки дар дил як зарра такаббур дорад, ба биҳишт дохил нагардад».
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٠.jpg | Download |

ХУДПИСАНДӢ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device