
ХИСЛАТИ СЕРҲАРАКАТӢ ВА ҶИДДИЯТ
خلق النشاط ХИСЛАТИ СЕРҲАРАКАТӢ ВА ҶИДДИЯТ Серҳаракатӣ ва ҷиддият ин қувват дар ирода, саъйу кӯшиш дар амал, ҳимматбаландӣ ва назар кардан бар оянда аст. Ғайрат ва кӯшиш дар кор сабаби ҳалли муҳиммот, дарк кардани натиҷаҳо ва таҳқиқ ёфтани мақсадҳост. Серҳаракатӣ ду навъ аст: 1....
ХИСЛАТИ СЕРҲАРАКАТӢ ВА ҶИДДИЯТ
خلق النشاط
ХИСЛАТИ СЕРҲАРАКАТӢ ВА ҶИДДИЯТ
Серҳаракатӣ ва ҷиддият ин қувват дар ирода, саъйу кӯшиш дар амал, ҳимматбаландӣ ва назар кардан бар оянда аст. Ғайрат ва кӯшиш дар кор сабаби ҳалли муҳиммот, дарк кардани натиҷаҳо ва таҳқиқ ёфтани мақсадҳост. Серҳаракатӣ ду навъ аст:
1. Таърифкардашуда. 2. Мазамматкардашуда. Пас таърифкардашуда оне аст, ки дар тоат ва дар корҳои фоиданоки дунё аст. Ва мазамматкардашуда оне аст, ки дар гуноҳ буд ва аз он фоидае нест. Ва ё амале мекунад, ки танҳо барои риё ва худнамоӣ аст. Серҳаракатӣ чанд мазоҳир дорад: 1. Саъйу кӯшиш дар тоатҳо. 2. Ҳар корро бо ҷиддият қабул кардан. 3. Ғанимат донистани вақт. 4. Мустаҳкам будан дар кор. 5. Ба танзим даровардан. 6. Маҳдуд кардани мақсадҳо ва барои таҳқиқи он пайравӣ сабабҳо шудан. Ва барои зиёд шудани ҳаракат, инсон бояд масъулиятро ҳис кунад ва ба сӯйи амал ҳаракат намояд ва неъматҳои Парвардигорро ба ёд орад. Ва ҳамсӯҳбат шудан ба онҳое, ки боғайрат ҳастанд, сабаби ҳимматбаландӣ ва серҳаракатӣ аст. Боғайрат будан дар ибодат, далолат ба ризогии Парвардигор мекунад. Боғайрат будан дар корҳои хайр сабаби муҳаббати Парвардигор ва розигии мардум аст. Боғайрат будан сабаби хушбахтӣ ва кушода шудани садри инсон аст. Ибни Қайюм раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Шахсони танбал мардумоне ҳастанд, ки бештар ғаму ғусса ва андӯҳгин ҳастанд, ки ҳеҷ хушҳолӣ ва хурсандие надоранд. Онҳо дар амал хилофи ҷидду ҷаҳд ҳастанд”. Бар ту бод, ки ҳамеша боғайрат бошӣ ва аз танбалӣ ба Аллоҳ паноҳ бубарӣ. Паёмбар ﷺ чунин мегуфтанд: “Бор Илоҳо! Аз нотавонӣ ва танбалӣ ва аз буздилӣ ва пирӣ ва аз бахилӣ ва азоби қабр ва фитнаи қабр ва фитнаи марг ва зиндагӣ ва аз қарз ва аз шарри хушунати соҳиби қарз ба ту паноҳ меҷӯям”. Бухорӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٧_١٧-٤٥-١٥.jpg | Download |

ХИСЛАТИ СЕРҲАРАКАТӢ ВА ҶИДДИЯТ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device