
ХАСОРАТ ВА ЗИЁНИ МУНОФИҚОН
خسارة أهل النفاق ХАСОРАТ ВА ЗИЁНИ МУНОФИҚОН Аллоҳ мефармояд:"Ва чун ба мӯъминон мерасанд, мегӯянд: «Имон овардем». Ва чун бо шайтонҳои хеш хилват мекунанд, мегӯянд: «Мо бо шумо ҳастем, мо масхараашон мекунем". Бақара:14. Муфассирон дар баёни сабаби нузули ин оят гуфтанд; Ин оят...
ХАСОРАТ ВА ЗИЁНИ МУНОФИҚОН
خسارة أهل النفاق
ХАСОРАТ ВА ЗИЁНИ МУНОФИҚОН
Аллоҳ мефармояд:"Ва чун ба мӯъминон мерасанд, мегӯянд: «Имон овардем». Ва чун бо шайтонҳои хеш хилват мекунанд, мегӯянд: «Мо бо шумо ҳастем, мо масхараашон мекунем". Бақара:14. Муфассирон дар баёни сабаби нузули ин оят гуфтанд; Ин оят дар бораи Абдуллоҳ ибни Убай ва ёронаш нозил шуд. Мунофиқ дар назди аҳли луғат он шахсе аст, ки имонро зоҳир карда, куфрро пинҳон кунад. Яъне, дар зоҳир мусалмон аст, ки тамоми амалҳоро ҳамроҳи мусалмонон иҷро мекунад ва дар ботин ба ин амалҳо кофир аст ва дар қалбаш заррае аз имон вуҷӯд надорад. Мунофиқон баъзе амалҳоро зоҳиран барпо медоранд, ба мисли намоз, рӯза, ҳаҷ, ҷиҳод ва ғайраҳо, ки дар ботин ба ин амалҳо бовар надоранд. Онҳо амали савоберо барпо намедоранд, магар бо танбалив ва бадбинӣ. Онҳо бо Ислом ва аҳли он ҳиллаву найрангҳоро истифода мебаранд ва ҳамеша барои фасод дар саъйу кушишанд. Мунофиқон дар байни мусалмон қасди фитна андозиро доранд ва дӯст доранд, ки ҳама мардум дар шаҳру деҳоти мусалмоннишин пайрави фаҳшо бошанд. Ва зарари мунофиқон шадидтар аз зарари кофироне аст, ки даъвои куфр мекунанд. Силоҳи мунофиқон ин макр, фиреб, дурӯғ, шаҳодати дурӯғ, суханчинӣ, айбҷуйӣ, хиёнат, хилофи ваъда, амр ба мункар, наҳй аз маъруф аст. Онҳо ҳамеша дар масхараи муъминон ҳастанд. Мунофиқон худро доно гирифта, дигар муъминонро ҷоҳил меноманд. Аллоҳ фармуд: “Бигӯ: Оё шуморо ба он касоне хабардор кунам, ки аз рӯйи амал зиёнкортарини мардуманд? Онҳо касоне мебошанд, ки саъйу кушишашон дар зиндагии дунё гум шуд ва онҳо гумон доранд, ки дар амал некӯкорӣ мекунанд”. Каҳф:103, 104.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-١٦_١٨-٠١-٤٩.jpg | Download |

ХАСОРАТ ВА ЗИЁНИ МУНОФИҚОН
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device