
ФОИДАҲОИ ҲИҶОБФОИДАҲОИ ҲИҶОБ
فوائد الحجاب ФОИДАҲОИ ҲИҶОБ Яке аз фоидаҳои ҳиҷоб, боло бурдани арзиши зан аст. Тибқи ҳавоси зотӣ ва фитрии мардон маъмулан заноне, ки дастрасӣ ба ҳиҷоб нестанд, мавриди эҳтироми мардон намебошанд. Он таваҷҷуҳи андаке, ки мардон ба ин занон доранд, дар асл таваҷчуҳ ба ғаризаи...
ФОИДАҲОИ ҲИҶОБФОИДАҲОИ ҲИҶОБ
فوائد الحجاب
ФОИДАҲОИ ҲИҶОБ
Яке аз фоидаҳои ҳиҷоб, боло бурдани арзиши зан аст. Тибқи ҳавоси зотӣ ва фитрии мардон маъмулан заноне, ки дастрасӣ ба ҳиҷоб нестанд, мавриди эҳтироми мардон намебошанд. Он таваҷҷуҳи андаке, ки мардон ба ин занон доранд, дар асл таваҷчуҳ ба ғаризаи шаҳвати худашон аст. Чунончи баъд аз ба ҳадаф расиданашон он майл ҳам аз байн хоҳад рафт. Масалан, агар марде издивоҷ кардан хоҳад, ҳеҷгоҳ аз занони хиёбонӣ ва фоҳишаҳо ҳамсар интихоб намекунад. Шарму ҳаё зотан мардонро ҷазб мекунад ва ҳиҷоб ба унвони як ҳоил байни зану мард, доим ин қувваи қудратманди мардонро таҳрик месозад. Файласуфе дар ин бора чунин мегӯяд: «Худдорӣ аз беҳаёӣ ва имтиноъ варзидан аз базлу бахшиш беҳтарин силоҳ барои шикори мардон аст. Агар ҳамаи аъзои ниҳонии инсонро дар миёни мардум ошкоро шарҳу тавзеҳ медоданд, таваҷҷуҳи мо ба он ҷалб мешуд, вале майлу рағбати мо хеле кам таҳрик мешуд. Марди ҷавон ба дунболи чашмони пур аз ҳаё аст ва бе он ки худ бидонад ҳис мекунад, ки ин худдории зарифона аз як латофат ва назокати олӣ хабар медиҳад». Дар ашъори шоирони гузашта ва муосир, зан ба унвони мазҳари зебоӣ ва латофат ҷой доштааст ва ҳамеша ба унвони маҳбуб ва маъшуқ ёд шудааст. Аммо мард ба хотири ҳамон қудрат ва хушунати вуҷудаш ҳамеша ошиқ, толиб ва муҳиб тасвир шудааст. Бинобарин занон ба хотири ба даст овардани ҳамон муҳаббату ишқ ва эҳсоси амнияти рӯҳӣ, равонӣ, ҷисмӣ, ҷинсӣ ва аз ҳама муҳимтар ба даст овардани арзиш ва эҳтироми инсонӣ аз тарафи ҷинси мухолифашон, ниёзманданд, ки мард ба онҳо таваҷҷуҳ кунад ва муҳаббат, ишқ ва ҳама чизашро ба ӯ ҳадя бидиҳад. Мард низ бар тибқи ҳамон асле, ки гуфтем, фитратан чунин занеро арзишманд ва идеали худ медонад ва интихоб мекунад, ки то ишқу муҳаббат ва ҳама чизашро ба ӯ ҳадя кунад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١١-٤٣-٢٩.jpg | Download |

ФОИДАҲОИ ҲИҶОБФОИДАҲОИ ҲИҶОБ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device