
СУННАТҲОИ ФИТРИ
СУННАТҲОИ ФИТРӢ Хислатҳое, ки Аллоҳ таъоло дар фитрати мардум ниҳодааст ва инсон бар он майл ва ҳоҷат дорад. Ин хислатҳо ба муҷтамаъ таъсир мерасонад. Аллоҳ дӯст дорад, ки инсон зеботарин ва комилтарин ҷисм дошта бошад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Панҷ чиз...
СУННАТҲОИ ФИТРИ
СУННАТҲОИ ФИТРӢ
Хислатҳое, ки Аллоҳ таъоло дар фитрати мардум ниҳодааст ва инсон бар он майл ва ҳоҷат дорад. Ин хислатҳо ба муҷтамаъ таъсир мерасонад. Аллоҳ дӯст дорад, ки инсон зеботарин ва комилтарин ҷисм дошта бошад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Панҷ чиз аз фитрат аст; Хатна кардан, кӯтоҳ кардани нохунҳо, кандани мӯйи зери бағал, тарошидани мӯйи зери ноф ва паст кардани мӯйлаб». Бо ривояти имом Бухорӣ ва Муслим.
Паст кардан ва ё тарошидани мӯйи зери ноф ва атрофи он бо теғ ва ё бо крему доруҳое, ки мӯйро мерезонад, ҷоиз аст.
Хатна кардан барои мардон воҷиб аст. Беҳтар аст, ки он дар рӯзи ҳафтум барои тифли навзод иҷро шавад, зеро барқароршавии он барои кӯдак зуд аст ва ҳам имкон медиҳад, ки кӯдак дар ҳолати комил ба воя расад.
Мӯйи лабро паст кардан аз суннат аст, зеро он зебоӣ ва тозагӣ аст ва ҳам мухолифат ба кофирон мебошад.
Кӯтоҳ кардани нохунҳо аз суннат аст. Агар он муддати зиёд гирифта нашавад, ба зераш чиркиниҳо ҷамъ мешаванд.
Кандани мӯйи зери бағал суннат аст. Набояд онро аз чиҳил рӯз бештар гузошта шавад. Бояд мӯйи зери бағалро чи бо кандан бошад ва ё бо тарошидан тоза бикунем, зеро агар он муддати зиёд истад, бӯй мекунад.
Изофа бар ин панҷ хислат; Риш гузоштан, мисвок кардан, истиншоқ (ба бинӣ об гирифтан), мазмаза (ба даҳон об гирифтан) ва шӯстани дохили панҷаҳои даст ва пой ва ҷойҳое, ки ба онҷо чиркиниҳо ҷамъ мешавад ва истинҷо, ки он аз одоби қазои ҳоҷат аст, ки инсон бояд баъди қазои ҳоҷати худ, пушту пеш ва атрофи онро бо об пок бикунад.
Аз Уммул муъминин Оиша разияллоҳу анҳо ривоят аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд; «Даҳ чиз аз фитрат аст; Паст кардани мӯйи лаб, дароз кардани риш, мисвок кардан, истиншоқ, гирифтани нохун, шӯстани панҷаҳо, кандани мӯйи зери бағал, тарошидани мӯйи зери ноф, шӯстани ду махраҷ ва мазмаза». Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
СУННАТҲОИ ФИТРИ | Download |

СУННАТҲОИ ФИТРИ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device