
ОДОБИ СӮҲБАТ - Забони Тоҷикӣ
آداب الصحبة ОДОБИ СӮҲБАТ Оне, ки ба қавме дӯст шуд, бо он шинохта мешавад. Сӯҳбат бо дӯстон ба ахлоқ ва рафтори инсон таъсир дорад. Паёмбар ﷺ фармуданд:“Мисоли ҳамнишини нек ва ҳамнишини бад, ба монанди аттор ва оҳангар аст”. Бухорӣ ва Муслим. Агар Аллоҳ таъоло туро тавфиқи ҳамнишин...
ОДОБИ СӮҲБАТ - Забони Тоҷикӣ
آداب الصحبة
ОДОБИ СӮҲБАТ
Оне, ки ба қавме дӯст шуд, бо он шинохта мешавад. Сӯҳбат бо дӯстон ба ахлоқ ва рафтори инсон таъсир дорад. Паёмбар ﷺ фармуданд:“Мисоли ҳамнишини нек ва ҳамнишини бад, ба монанди аттор ва оҳангар аст”. Бухорӣ ва Муслим. Агар Аллоҳ таъоло туро тавфиқи ҳамнишин шудан бо неконро додааст, пас онҳоро бо худ ғанимат бидор, ки онҳо барои айбҳоят ҳамчу оина ҳастанд. Зеро онҳо бозуи қавӣ ва ганҷи ҳақиқӣ ҳастанд. Аз баъзе ҳакимон пурсиданд, ки кадом ганҷ беҳтар аст? Фармуданд: “Баъди тақводорӣ ва худотарсӣ, бародари солеҳ доштан аст”.
Аз одобҳои ҳамсӯҳбат шудан ин аст, ки Умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу гуфт: “Васфе, ки сабаби муҳаббати бародарат мегардад, ин ки агар бо ӯ рӯ ба рӯ шудӣ ба ӯ салом бидеҳ ва дар маҷлисгоҳ ба ӯ ҷой бидеҳ ва бо дӯстдоштатарин номаш ӯро фарёд бикун”.
Ҳама сабабҳои кашмакаш ва азиятҳо ба мисли хабаркашӣ, ғайбат, суханчинӣ, масхара, таънаи пинҳонӣ, ва айбҷӯйӣ бо ишораро тарк бикун. Пас мо бояд аз нокомиҳо бахшиш бипурсем ва аз лағзишҳо ғофил набошем, сирҳоро ҳифз карда гумони нек дошта бошем. Узрҳоро баҳона накунем ва айбҳоро бипӯшонем. Он чизе, ки дӯстамон ба он нафрат дорад, онро тарк бикунем. Чеҳраи кушод, забони ширин ва қалби ором дошта бошем ва аз кибр дурӣ ҷӯем. Он чизе, ки барои худ дӯст медорем, барои дӯстон ва бародаронамон низ дӯст бидорем.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٣-٠٨_١١-٣٠-٣٧.jpg | Download |

ОДОБИ СӮҲБАТ - Забони Тоҷикӣ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device