
ЛАФЗҲОЕ, КИ МУХОЛИФИ АҚИДА АСТ
ألفاظ تخالف العقيدة ЛАФЗҲОЕ, КИ МУХОЛИФИ АҚИДА АСТ Лафзҳо маъноҳо дорад, пас пеш аз он ки як суханро бигӯйӣ, аввал фикр бикун, ки чи маъно дорад. Агар сухане, ки гуноҳ бошад, пас онро тарк бикун. Зеро Паёмбар ﷺ фармуданд: “Магар мардумро чизе ҷуз суханонашон бо чеҳра дар дӯзах...
ЛАФЗҲОЕ, КИ МУХОЛИФИ АҚИДА АСТ
ألفاظ تخالف العقيدة
ЛАФЗҲОЕ, КИ МУХОЛИФИ АҚИДА АСТ
Лафзҳо маъноҳо дорад, пас пеш аз он ки як суханро бигӯйӣ, аввал фикр бикун, ки чи маъно дорад. Агар сухане, ки гуноҳ бошад, пас онро тарк бикун. Зеро Паёмбар ﷺ фармуданд: “Магар мардумро чизе ҷуз суханонашон бо чеҳра дар дӯзах вожагун мекунад?”. (Ибни Моҷа). Ва хатарноктарин он суханоне аст, ки мухолифи ақида бошад. Аз ҷумлаи он суханон:
1. (Ба ғайри номи Аллоҳ қасам хӯрдан). Паёмбар ﷺ фармуданд: “Шахсе, ки ба ғайри номи Аллоҳ қасам ёд мекунад, пас ба таҳқиқ куфр варзидааст ва ё ширк овардааст”.(Бухорӣ). Баъзе инсонҳо вақте ки ғазабнок мешаванд, мегӯянд, ки ман аз Ислом барӣ ҳастам. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Шахсе ки мегӯяд, ман аз Ислом барӣ ҳастам, агар ин суханаш дурӯғ бошад, пас бо ҳамон суханаш аст. Ва агар он ин суханро содиқона гуфта бошад, пас ӯ ба Ислом солим боз намегардад”. (Насоӣ).
2. Мегӯянд: (Ман ба Аллоҳ ва ба ту). (Ва барои ман ҳеҷ касе нест, магар Аллоҳ ва ту). (Ва ман ба Аллоҳ ва ба ту таваккул мекунам). “Марде ба Паёмбар ﷺ гуфт: Он чизе, ки Аллоҳ хост ва ту хостӣ. Пас Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ба Аллоҳ ширк овардӣ, балки бигӯ, ки Аллоҳи ягона хоҳад”. (Аҳмад).
3.Баъзеҳо мегӯянд: (Эй саййиди ман фалонӣ, ба ман мадад кун). Дуо ва талаби мадад танҳо аз Аллоҳ аст: “Онгоҳ, ки Парвардигори Хешро фарёдрасӣ мехостед, пас дуои шуморо қабул кард, ки Ман бо ҳазор кас аз фариштагони аз паси якдигар оянда мададкунандаи шумо ҳастам”. Анфол:9.
4.Дашноми додани замона ва рӯзҳо. Аллоҳ фармуд: “Ман замона ҳастам, шабу рӯзро ман мегардонам, агар хоҳам он ҳаракати шабу рӯзро боз меистонам ва рӯзи қиёматро барпо мекунам”. Муслим.
5.Қавли дигари ширкӣ : “Фалонӣ раҳм намекунад ва намемонад, ки раҳмати Парвардигорамон нозил гардад”. Ин сухан мухолифи сухани Аллоҳ аст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٨-١٦.jpg | Download |

ЛАФЗҲОЕ, КИ МУХОЛИФИ АҚИДА АСТ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device