
ЗАКОТИ ФИТР
Чигуна ту бояд рӯзаи худро аз камбудӣ ва нуқсон пок намоӣ? Чигуна ба қалби фақирон ва мискинон хурсандиро дохил кунӣ, то дар рӯзи ид ба мисли ту онҳо ҳам хурсанд бошанд? Ин ҳолатро каме тафаккур бикун. Аз Ибни Аббос разияллоҳу анҳумо ривоят аст, ки гуфт: “Паёмбар ﷺ закоти фитрро...
ЗАКОТИ ФИТР
Чигуна ту бояд рӯзаи худро аз камбудӣ ва нуқсон пок намоӣ? Чигуна ба қалби фақирон ва мискинон хурсандиро дохил кунӣ, то дар рӯзи ид ба мисли ту онҳо ҳам хурсанд бошанд? Ин ҳолатро каме тафаккур бикун. Аз Ибни Аббос разияллоҳу анҳумо ривоят аст, ки гуфт: “Паёмбар ﷺ закоти фитрро фарз гардонданд. Ва он барои рӯзадор пок шудан аз гуноҳи дурӯғгӯйӣ ва дашноми дигарон дар вақти рӯза ва таом барои мискинон аст”. Закоти фитр ба ҳар мусалмон воҷиб аст, ки онро аз номи худаш ва аз номи онҳое, ки нафақаашон дар гарданаш аст, бидиҳад. Ба закоти фитр шарт нест, ки моли муайяни шумо ба нисоб расида бошад. Ва миқдори закоти фитр барои ҳар шахс як соъ аз донаҳо ва меваҳое, ки мардум аз он истифода мебаранд, мебошад. Аз Ибни Умар разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт; “Паёмбар ﷺ ба ҳар мусалмон закоти фитрро як соъ аз хурмо ва ё ҷав ба ҳар ғулом ва озод ва мард ва зан ва хурд ва калон фарз гардонданд”. Ба мо амр шудааст, ки бояд закоти фитрро пеш аз баромадан ба намози ид бидиҳем. Ҷоиз аст, ки мо онро як рӯз ва ё ду рӯз пеш ид бидиҳем. Яъне шаби бистуҳаштум, зеро гоҳе моҳи Рамазон бистунӯҳ ва ё сӣ рӯз мешавад. Шахсе, ки закоти фитрро баъди намози ид медиҳад, гунаҳкор аст, магар шахсе, ки маъзур аст ва қазои он бар ӯ воҷиб мегардад. Пас мо бояд саъй кунем, то нафсро пок карда аҷру савоб бигирем:“Эй касоне, ки имон овардед, аз ончи ба шумо рӯзӣ додаем, харҷ кунед, пеш аз он, ки рӯзе биёяд, ки дар он на хариду фурӯш ҳаст ва на дӯстӣ ва на шафоат. Ва ҳамоно кофирон золимонанд”. Бақара:254.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_2024-03-01_16-38-05.jpg | Download |

ЗАКОТИ ФИТР
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device