
ДӮСТДОШТАТАРИН АЪМОЛ ДАР НАЗДИ АЛЛОҲ ЧИСТ? - Забони Тоҷикӣ
ما أحب الأعمال إلي الله؟ ДӮСТДОШТАТАРИН АЪМОЛ ДАР НАЗДИ АЛЛОҲ ЧИСТ? Ин савол бисёр аз Паёмбар ﷺ пурсида шудааст, ки дар ҷавоб чунин фармуданд: “Дӯстдоштатарин аъмол дар назди Парвардигор, амалҳоест ки давомнок бошад, агарчи он амали кам бошад”. “Дӯстдоштатарин аъмол, хондани...
ДӮСТДОШТАТАРИН АЪМОЛ ДАР НАЗДИ АЛЛОҲ ЧИСТ? - Забони Тоҷикӣ
ما أحب الأعمال إلي الله؟
ДӮСТДОШТАТАРИН АЪМОЛ ДАР НАЗДИ АЛЛОҲ ЧИСТ?
Ин савол бисёр аз Паёмбар ﷺ пурсида шудааст, ки дар ҷавоб чунин фармуданд: “Дӯстдоштатарин аъмол дар назди Парвардигор, амалҳоест ки давомнок бошад, агарчи он амали кам бошад”.
“Дӯстдоштатарин аъмол, хондани намоз дар аввали вақт, некӣ ба волидайн, ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ”. Бухорӣ ва Муслим.
“Дӯстдоштатарин аъмол, бо зикри Аллоҳ тар будани забон то вақти марг аст”. Тирмизӣ.
“Дӯстдоштатарин аъмол, имон овардан ба Аллоҳ, сипас пайванди хешовандӣ ва сипас амр ба маъруф ва наҳй аз мункар”.
Ва аз адои фароизи Илоҳӣ дида, дӯстдоштатарин аъмол нест. Ҳамчуноне, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аллоҳ фармуд: “Ва бандаам бо чизе ба ман наздик намешавад, ки назди ман маҳбубтар аз мавориде бошад, ки бар ӯ фарз кардаам”.
Пас ба барпо доштани беҳтарин аъмоле, ки онро Аллоҳ дӯст медорад, ҳарис бош, то бо амали андаки худ ба хайру баракати зиёд ноил гардӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٢-١٤_١٦-٤٦-٣٨.jpg | Download |

ДӮСТДОШТАТАРИН АЪМОЛ ДАР НАЗДИ АЛЛОҲ ЧИСТ? - Забони Тоҷикӣ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device