
БО ГУНОҲИ КАБИРА ВАФОТ КАРД, ПАС ОҚИБАТИ Ӯ ЧИГУНА АСТ?
مات علي الكبائرفما مصيره БО ГУНОҲИ КАБИРА ВАФОТ КАРД, ПАС ОҚИБАТИ Ӯ ЧИГУНА АСТ? Он шахсе, ки бо тавҳид вафот кардааст ва ба Аллоҳ чизеро шарик наовардааст, ӯ аз аҳли ҷаннат аст, агар чанде гуноҳи кабира карда бошад. Зеро шахси гунаҳкор дар зери хости Аллоҳ аст. Агар хоҳад ӯро мебахшад...
БО ГУНОҲИ КАБИРА ВАФОТ КАРД, ПАС ОҚИБАТИ Ӯ ЧИГУНА АСТ?
مات علي الكبائرفما مصيره
БО ГУНОҲИ КАБИРА ВАФОТ КАРД, ПАС ОҚИБАТИ Ӯ ЧИГУНА АСТ?
Он шахсе, ки бо тавҳид вафот кардааст ва ба Аллоҳ чизеро шарик наовардааст, ӯ аз аҳли ҷаннат аст, агар чанде гуноҳи кабира карда бошад. Зеро шахси гунаҳкор дар зери хости Аллоҳ аст. Агар хоҳад ӯро мебахшад ва агар хоҳад бо гуноҳонаш ӯро азоб медиҳад, модоме ки аз он гуноҳаш тавба накарда вафот карда бошад. Агар ӯро бо бисёрии гуноҳаш ба дӯзах партофта азоб дода шуд, дар онҷо ҷовидон ва абадӣ намемонад. Ӯро аз дӯзах баъди пок шудан ва тафтиш шуданаш ба биҳишт бароварда мешавад. Аз Абузаръ разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: “Ба назди Паёмбар ﷺ омадам, ки он кас дар тан либоси сафед доштанд ва хоб буданд. Пас баъди муддате омадам, ки Паёмбар ﷺ бедор буданд. Пас фармуданд: “Ҳар бандае, ки Ло Илоҳа Иллаллоҳ бигӯяд, пас вафот бикунад, магар ин ки дохили биҳишт гардад”. Гуфтам: Агарчи он банда зино кунад ва дӯздӣ кунад? Фармуданд: “Агар зино кунад ва дуздӣ кунад”. Гуфтам; Агар зино кунад ва дуздӣ кунад? Фармуданд: “Агар зино кунад ва дуздӣ кунад”. Гуфтам: Агар зино кунад ва дуздӣ кунад? Фармуданд: “Агар зино кунад ва дуздӣ кунад ва агар ба хок расад бинии Абузаръ”. (Бухорӣ). Пас баъди гуноҳ кардан умеди онро дошта бошед, ки Аллоҳ авфкунанда аст, гуноҳонро мағфират мекунад. Ва ҳар шахсе аз мусалмонон бо гуноҳи кабирае вафот бикунад, ба мисли зино, тӯҳмат ва дӯздӣ, пас ӯ дар зери хости Аллоҳ аст, агар хоҳад ӯро мебахшад ва агар хоҳад бо он гуноҳони кабирае, ки анҷом дода буд ва бо он вафот кард, саранҷоми кораш рафтан ба сӯйи ҷаннат аст. Ҳамчуноне, ки Аллоҳ фармуд: “Ба дурусти ки Аллоҳ оне, ки барои Ӯ шарик муқаррар карда шавад, намебахшад. Ва ғайри он ҳар киро хоҳад мебахшад”. (Сураи Нисо:48).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٦-٠٢.jpg | Download |

БО ГУНОҲИ КАБИРА ВАФОТ КАРД, ПАС ОҚИБАТИ Ӯ ЧИГУНА АСТ?
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device