БАРОИ МО СЕ ҶОЙИ СУКУНАТ АЗ НЕЪМАТҲОИ АЛЛОҲ АСТ

Макони аввал: Хонаҳо.
Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва Аллоҳ аз хонаҳоятон барои шумо ҷойи сукунат сохт”. Наҳл:80.
Хона макони осоиш ва истироҳат ва оромӣ ва амн барои нафс аст.

Макони дуввум: Хоби шаб.
Аллоҳ таъоло фармуд: “Аллоҳ оне аст, ки шабро барои шумо офарид, то дар он ором гиред”. Ғофир:40.
Бо хоб нафси инсон орому осуда мегардад.

Макони севвум: Назди ҳамсар.
Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва аз нишонаҳои Аллоҳ он аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон занонро офарид, то бо онҳо ором гиред”. Рум:21.
Пас ҳамсар ҳамчу ҷойи осоиш ва истиқрор аст.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ