
«Аш-Шокир, Аш-Шакур»
«الشاكر الشكور» «Аш-Шокир, Аш-Шакур» Аш-Шокир, Аш-Шакур ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, он зоте, ки ба андак тоат шукр мекунад, пас бар он савоби бисёр медиҳад ва неъмати фаровон ато мефармояд, пас ба андак шукр розӣ мешавад. Номи Аш-Шокир ду маротиба ва номи Аш-Шакур чаҳор маротиба дар Қуръони...
«Аш-Шокир, Аш-Шакур»
«الشاكر الشكور»
«Аш-Шокир, Аш-Шакур»
Аш-Шокир, Аш-Шакур ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, он зоте, ки ба андак тоат шукр мекунад, пас бар он савоби бисёр медиҳад ва неъмати фаровон ато мефармояд, пас ба андак шукр розӣ мешавад. Номи Аш-Шокир ду маротиба ва номи Аш-Шакур чаҳор маротиба дар Қуръони Карим зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд: "Агар қарз диҳед Аллоҳро қарзи некӯ, онро барои шумо дучанд диҳад ва шуморо биёмурзад. Ва Аллоҳ Қадршиносу Бурдбор аст". (Сураи Тағобун: 17). Ва мефармояд: "Ва ҳар ки ба дилхоҳ кори неке анҷом диҳад, ба дурусти ки Аллоҳ Сипосгузор ва Огоҳ аст". (Сураи Бақара:158). Шокир ва Шакур яке аз номҳои Аллоҳ аст. Аллоҳ таъоло як некиро аз даҳ то ҳафтсад некӣ баробар афзоиш медиҳад. Ва ин қадрдонӣ ва сипосгузории Парвардигор барои бандагонаш мебошад. Бинобарин, он сахтиҳоеро ки бандагон ба хотири Ӯ таъоло таҳаммул мекунанд, ҳамаро медонад. Ва ҳар бандае, ки кореро ба хотири Ӯ таъоло тарк мекунад, бар ивази он чизи беҳтареро ба ӯ иноят менамояд. Ӯ таъоло аст, ки ба бандагони муъмин тавфиқ медиҳад, то дар пайи ризоияти Аллоҳ бошанд. Ва ҳеҷ кас бартар аз Парвардигор нест, ки чизеро бар ӯ лозим намояд, чунончи фармуд: “Аз он чӣ Аллоҳ мекунад, пурсида намешавад, аммо онҳо пурсида хоҳанд шуд”. (Сураи Анбиё:23). Пас подош додан ба фармонбардорӣ ва азоб додани шахси гунаҳкор, ба Аллоҳ таъоло воҷиб нест, балки подош додан фақат фазл ва эҳсони Аллоҳ аст ва азоб додан адолат ва ҳикмат Ӯ таъоло мебошад. Аллоҳ мефармояд: “Ва чун касоне ки ба оятҳои Мо имон овардаанд, пеши ту биёянд, пас, бигӯ: «Салом бар шумо бод, Парвардигори шумо бар худ Меҳрубониро лозим кардааст, ба дурустӣ ки ҳар касе аз шумо ба нодонӣ кори бад кунад, баъд аз он тавба кард ва некӯкорӣ намуд, пас сухани ҳақ ин аст, ки Аллоҳ Омурзандаву Меҳрубон аст”. (Сураи Анъом:54).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٣-٣٩.jpg | Download |

«Аш-Шокир, Аш-Шакур»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device