
«Ар-Рақиб»
«الرقيب» «Ар-Рақиб» Ар-Рақиб ҷалла ҷалолуҳу, яъне Ҳифзкунандае, ки аз Ӯ чизе ғоиб намешавад. Зоте аст, ки шунавоияш чизҳои шунидашударо ва биноияш чизҳои диданиро фаро гирифтааст. Илми Ӯ ҳама чизро фаро гирифтааст, ки бар Ӯ пӯшидае пинҳон намемонад. Номи Ар-Рақиб дар Қуръони...
«Ар-Рақиб»
«الرقيب»
«Ар-Рақиб»
Ар-Рақиб ҷалла ҷалолуҳу, яъне Ҳифзкунандае, ки аз Ӯ чизе ғоиб намешавад. Зоте аст, ки шунавоияш чизҳои шунидашударо ва биноияш чизҳои диданиро фаро гирифтааст. Илми Ӯ ҳама чизро фаро гирифтааст, ки бар Ӯ пӯшидае пинҳон намемонад. Номи Ар-Рақиб дар Қуръони карим се маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: "Ва Аллоҳ бар ҳамаи чиз нигаҳбон аст". (Сураи Аҳзоб: 52). Аллоҳ таъоло аз ончи дилҳо пинҳон медоранд, огоҳ ва муроқиби ҳамагон аст. Ҳамчуноне, ки фармуд: “Ва аз қатъи хешовандӣ битарсед. Ба дурустӣ ки Аллоҳ бар шумо Нигаҳбон аст”. (Нисо:1). Аллоҳ таъоло тамоми махлуқотро ҳифозат намуда ва ҳамаро дар беҳтарин низом қарор дода аст. Аллоҳ фармуд: “Ва ҳамсанги заррае дар замин ва дар осмон чизе аз Парвардигори ту пӯшида намешавад ва чизе хурдтар ва бузургтар аз он нест, магар он ки дар Китоби равшан навишта шудааст”. (Юнус:61). Аллоҳ таъоло Рақибе аст, ки ба қасду нияти мо низ назар мекунад. Аллоҳ фармуд: “Ҳамоно Парвардигори Ту ба камингоҳ аст”. Аллоҳ ҳама корҳои моро муроқаба мекунад. Ҳамчуноне, ки фармуд: “Ва эй қавми ман, ба таври худ амал кунед, ҳамоно ман низ амалкунандаам. Ба зудӣ он касро хоҳед донист, ки ба ӯ азоб биёяд ва ӯро расво кунад, ва он касро, ки дурустгӯй аст. Ва интизор баред, ҳамоно ман бо шумо мунтазирам». (Ҳуд:93). Ва Паёмбар ﷺ маънои эҳсонро баён карда чунин фармуданд: “Эҳсон он аст, ки Аллоҳро тавре ибодат бикун, ки гуё Ӯро мебинӣ ва агар ту Ӯро намебинӣ, яқинан бидон, ки Ӯ туро мебинад”. Шуморо агар дар ҳама маконҳо бо камераҳо муроқаба кунанд, пас аҳволи шумо чигуна мешавад? Оё оне, ки шуморо офаридааст, наметавонад аз аҳволи шумо бохабар бошад? Аллоҳ фармуд: “Оё мепиндоранд, ки Мо сухани пинҳону саригӯшии онҳоро намешунавем? Бале, мешунавем ва фиристодагони Мо наздики онҳо менависанд”. (Зухруф:80).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٨_١٤-١٢-٠٧.jpg | Download |

«Ар-Рақиб»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

रोजाको चार्ट: यो डा. हैथम सरहानको रचना हो, जसमा उनले रोजासम्बन्धी महत्वपूर्ण विषयहरूलाई स्पष्ट रूपमा प्रस्तुत गरेका छन्। यसमा फर्ज (अनिवार्य) र मुस्तहब रोजाको उल्लेख गरिएको छ, रोजाको परिभाषा दिइएको छ, ती अवस्थाहरू उल्लेख गरिएको छ जब रोजा गर्नु मक्रूह वा हराम हुन्छ, र रोजासम्बन्धी महत्वपूर्ण फिकही (धार्मिक कानुनी) नियमहरूलाई एउटै तालिकामा समेटिएको छ।
July 6, 2025

ज़कातको चार्ट: यो डा. हैथम सरहानको रचना हो, जसमा उनले ज़कातका फर्ज र मुस्तहब पक्षहरू सम्बन्धी महत्वपूर्ण विषयहरूलाई स्पष्ट पारेका छन्। यसमा ज़कातको परिभाषा, ती सम्पत्तिहरू जुनमाथि ज़कात अनिवार्य हुन्छ, र ती व्यक्तिहरू जसलाई ज़कात दिन सकिन्छ, साथै ज़कातसँग सम्बन्धित महत्वपूर्ण फिकही (धार्मिक कानुनी) नियमहरूलाई एउटै समग्र तालिकामा प्रस्तुत गरिएको छ।
July 6, 2025

ראיות על הנבואה הקוּרָאן יִחְיָא בֶּן אַכְּתַ'ם (בְּכִיר הַקָּאדִים בְּעִירָק בימי הח'ליף הַעַבָּאסִי אַל-מָא'מוּן) אמר: היה לְאַל-מָא'מוּן, כשהיה האמיר באותה תקופה, מועצת דיונים - כלומר, מושב לעימותים דתיים. בין האנשים הנוכחים היה גבר יהודי פניו יפות, בגדיו נאים וריחו נעים.
July 6, 2025