
«Ал-Ҳалим»
«الحليم» «Ал-Ҳалим» Ал-Ҳалим ҷалла ҷалолуҳу, яъне Бурдбор, бар уқубати бандагонаш дар муқобили гуноҳҳояшон шитоб намекунад ва ба онҳо муҳлат медиҳад, то аз гуноҳ бозгарданд ва тавба кунанд. Аллоҳ таъоло ба ҷазо додани онон Тавоно аст. Номи Ал-Ҳалим дар Қуръони карим яздаҳ маротиба...
«Ал-Ҳалим»
«الحليم»
«Ал-Ҳалим»
Ал-Ҳалим ҷалла ҷалолуҳу, яъне Бурдбор, бар уқубати бандагонаш дар муқобили гуноҳҳояшон шитоб намекунад ва ба онҳо муҳлат медиҳад, то аз гуноҳ бозгарданд ва тавба кунанд. Аллоҳ таъоло ба ҷазо додани онон Тавоно аст. Номи Ал-Ҳалим дар Қуръони карим яздаҳ маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд:"Бегумон Аллоҳ Омурзандаи Бурдбор аст”. (Оли Имрон: 155). Аллоҳ таъоло неъматҳои зоҳирӣ ва ботиниро ба сӯйи бандагон сарозер кардааст. Бо ин ҳама бандагон муртакиби гуноҳ мешаванд, аммо Аллоҳ Бурдбор аст, ба онҳо муҳлат медиҳад, то тавба кунанд ва ба сӯйи Ӯ таъоло боз гарданд. Аллоҳ таъоло дорои Бурдбории комил аст. Бурдбории Парвардигор, кофирон, фосиқон ва гунаҳкоронро дарбар гирифтааст. Зеро Ӯ ба онҳо муҳлат медиҳад ва зуд ба онҳо азобро намефиристад. Аллоҳ фармудааст: “Ва агар Аллоҳ мардумонро ба сазои он чи мекарданд, гирифтор мекард, бар пушти замин ҳеҷ ҷонвареро намегузошт, вале онҳоро то вақти муайян мавқуф медорад. Пас, чун вақти онҳо биёяд, пас дар воқеъ Аллоҳ ба бандагони Худ Бино аст”. (Сураи Фотир:45). Инчунин фармуд: “Ва агар Аллоҳ мардумонро ба сабаби ситами онҳо гирифтор мекард, бар замин ҳеҷ ҷунбандаеро намегузошт; валекин онҳоро то вақте муқаррар мавқуф медорад. Пас, чун он вақти муқаррарашон бирасад, на соате бозмонанд ва на соате пеш раванд". (Сураи Наҳл:61). Ва фармуд: “Ва бидонед, ки Аллоҳ ончиро дар дил доред, медонад. Пас аз нофармонии Ӯ худро барҳазар доред ва бидонед, ки бегумон Аллоҳ Омурзанда ва Бурдбор аст”. (Бақара:235).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٣٠_٢١-١٠-٢٥.jpg | Download |

«Ал-Ҳалим»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device