
«Ал-Муҳит»
«المحيط» «Ал-Муҳит» Ал-Муҳит ҷалла ҷалолуҳу, яъне Ӯ таъоло он зоте аст, ки аз илми Ӯ чизе пӯшида намемонад ва ҳамаи чизро ба илм иҳота намудааст ва адади ҳар чизро шуморидааст. Ал-Муҳит ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони карим ҳашт маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: "Огоҳ бош, ки...
«Ал-Муҳит»
«المحيط»
«Ал-Муҳит»
Ал-Муҳит ҷалла ҷалолуҳу, яъне Ӯ таъоло он зоте аст, ки аз илми Ӯ чизе пӯшида намемонад ва ҳамаи чизро ба илм иҳота намудааст ва адади ҳар чизро шуморидааст. Ал-Муҳит ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони карим ҳашт маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: "Огоҳ бош, ки онҳо аз лиқои Парвардигорашон дар шакканд ва огоҳ бош, ки Ӯ ба ҳамаи чиз иҳота дорад". (Сураи Фуссилат: 54). Ва фармудааст: “Аз они Аллоҳ аст, ончи дар осмонҳо ва ончи дар замин аст. Ва Парвардигор аз ҳар чиз комилан огоҳ аст ва ба ҳама чиз иҳота дорад”. (Сураи Нисо: 126). Ва фармудааст: “Ва агар бурдоборӣ ва тақво пеша кунед, ҳилагарии онҳо ба шумо ҳеҷ зараре намерасонад, ҳеҷ шакке нест, Аллоҳ ба ончи анҷом медиҳед медонад ва иҳота дорад”. (Оли Имрон:120). Ӯ зоте аст, ки илм, қудрат ва меҳрубонии Ӯ ҳар чизро иҳота намуда дарбар дорад. Илми Ӯ ҳама маълумот ва биноии Ӯ ҳама диданиҳо ва шунавоии Ӯ ҳама шунавоиҳоро дар иҳота дорад. Ва қудрату хости Ӯ дар тамоми мавҷудот нуфузкунанда аст. Раҳмати Ӯ аҳли замин ва осмонҳоро дарбар гирифта ва тамоми махлуқот мағлуби қудрати Ӯ ҳастанд. Аллоҳ фармудааст: “Ва Аллоҳ аз ҳар тарафи онҳо иҳотакунанда аст.”. (Сураи Буруҷ:20). Иҳота Аллоҳ таъоло иҳотаи комил аст, ки ҳеҷ кас аз он гурехта наметавонад. Аллоҳ фармудааст: “Аллоҳ он Зотест, ки ҳафт Осмонро офарид ва аз Замин монанди он (ҳафт қабат) офарид, ҳукми Аллоҳ дар миёни онҳо нозил мешавад, то бидонед, ки албатта, Ӯ бар ҳама чиз тавоност ва албатта ҳар чизро аз рӯйи илми Худ иҳота кардааст”. (Сураи Талоқ:12). Аллоҳ ба ончи кофирон макр мекунанд ва дурӯғ мегӯянд, медонад. Аллоҳ фармудааст: “Ҳароина Мо барои ситамгарон оташеро, ки саропардаҳои он онҳоро иҳота мекунад, муҳайё кардаем”. (Сураи Каҳф:29).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١١-٣٠-٢٦.jpg | Download |

«Ал-Муҳит»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device