
«Ал-Молик, Ал-Малик, Ал-Моликул-Мулк»
«الملك|المالك| المالك الملك» «Ал-Молик, Ал-Малик, Ал-Моликул-Мулк» Ал-Молик, Ал Малик, Ал-Моликул-Мулк ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, он зоте, ки мулки осмонҳо ва замин ва ончи дар байни онҳост аз они Ӯст, болои Ӯ Малике ва ё чизе нест, магар поин аз Ӯст, мулки комил ҳама азони Ӯст ва дар ҳамаи...
«Ал-Молик, Ал-Малик, Ал-Моликул-Мулк»
«الملك|المالك| المالك الملك»
«Ал-Молик, Ал-Малик, Ал-Моликул-Мулк»
Ал-Молик, Ал Малик, Ал-Моликул-Мулк ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, он зоте, ки мулки осмонҳо ва замин ва ончи дар байни онҳост аз они Ӯст, болои Ӯ Малике ва ё чизе нест, магар поин аз Ӯст, мулки комил ҳама азони Ӯст ва дар ҳамаи коинот тасарруф кардан аз они Ӯст ва Ӯ Молики ҳамаи чиз аст ва Малик бар бузургии мулки Ӯ таъоло далолат мекунад. Исми Ал-Молик дар Қуръони Карим панҷ маротиба ва исми Ал-Малик як маротиба ва исми Ал-Моликул-Мулк ду маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: "Ӯст он Аллоҳе, ки нест ҳеҷ маъбуде магар Ӯ, Подшоҳ ва аз ҳамаи айбҳо пок аст. Аз нуқсон солим, амондиҳанда, нигоҳбону ғолибу худихтиёру бузургвор аст. Аз шарик муқаррар кардани онҳо Ӯ пок аст". (Сураи Ҳашр:23). Ва фармудааст: "Дар маҷлиси ростини (бас гироми) назди Подшоҳи бар ҳама чиз тавоно нишастаанд". (Сураи Қамар: 55). Ва фармудааст: "Бигӯ: Бор Илоҳо, Туӣ соҳиби мулк, ҳар киро хоҳӣ мулку салтанат медиҳӣ ва мулкро аз ҳар касе ки хоҳӣ, бозмегирӣ ва ҳар киро хоҳӣ, иззат медиҳӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Ба дасти Туст ҳама некӣ. Ҳароина Ту бар ҳар чиз Тавоноӣ". (Сураи Оли Имрон: 26). Пас Ӯ дорои сифати фармонравоӣ аст. Ва ин сифати бузург хоси он зоте аст, ки дорои тасарруфи мутлақ дар халқ ва амр ва ҷазо мебошад. Ҳама ҷаҳони ҳастӣ ва бандагон дар ихтиёри Ӯ ҳастанд ва ҳама ниёз ба Ӯ доранд. Ва Аллоҳ ба махлқоташ ҳукм намуд, ки ба Ӯ бандагӣ намоянд. Бинобарин дар азамат ва бузургие, ки дар ин се ном баён шудааст, каме биандешем. Парвардигор, фармонраво ва маъбуди мардум, ки ин нисбатҳои сегона шомил тамоми қавоиди имон ҳастанд. Малик, яъне фармонраво, амркунанда, наҳйкунанда, иззатдиҳанда ва хоркунанда аст. Бинобарин барои мо ҷоиз нест, ки ба касе ҷуз Ӯ паноҳ бубарем ва аз касе ба ғайр аз Ӯ кӯмак бихоҳем.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٦.jpg | Download |

«Ал-Молик, Ал-Малик, Ал-Моликул-Мулк»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device