
«Ал-Воҳид, Ал-Аҳад»
«الواحد الأحد» «Ал-Воҳид, Ал-Аҳад» Ал-Воҳид, Ал-Аҳад ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ таъоло якто аст, ки ҳамеша ягона аст ва ҳамроҳи Ӯ касе дар зоташ, сифатҳояш, амалҳояш нест ва Ӯ Парвардигоре аст, ки Илоҳияташ Ягона аст. Ва ба Ягонагияш шоистаи ибодат мебошад. Номи Ал-Воҳид дар Қуръони...
«Ал-Воҳид, Ал-Аҳад»
«الواحد الأحد»
«Ал-Воҳид, Ал-Аҳад»
Ал-Воҳид, Ал-Аҳад ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ таъоло якто аст, ки ҳамеша ягона аст ва ҳамроҳи Ӯ касе дар зоташ, сифатҳояш, амалҳояш нест ва Ӯ Парвардигоре аст, ки Илоҳияташ Ягона аст. Ва ба Ягонагияш шоистаи ибодат мебошад. Номи Ал-Воҳид дар Қуръони Карим бистуду маротиба ва номи Ал-Аҳад як маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд:"Бигӯ, Аллоҳ Офарандаи ҳама чиз аст. Ва Ӯ Ягона ва Тавоно аст". [Сураи Раъд:16]. Ва фармудааст: "Бигӯ, Ӯ Аллоҳи Ягона аст”. [Сураи Ихлос: 1]. Ӯ зоте аст, ки дар ҳама камолот ягона ва якто ва шарике надорад. Ва бандагон бояд дар қалб, гуфтор ва амал ӯро Ягона бидонанд ва ба камоли мутлақ ва ягонагии ӯ иқрор намоянд ва дар навъҳои ибодатҳо чизеро шарику ӯ қарор надиҳанд. Аҳад он зоте аст, ки дар ҳар камол, зебоӣ, ситоиш, ҳикмат ва раҳмат ягона аст. Ӯ дар сифоти камол ҳамонанд ва ҳамтое надорад. Ӯ дар зинда будан ва пойдорӣ ва қудрат ва доноӣ ва азамат ва бузургӣ ва дигар сифатҳояш ягона ва яктост. Ягонагии Ӯ баёнгари он аст, ки Ӯ Парвардигори комил ва сарвари Бузург аст, ки дар тамоми корҳо, рафъи ниёзҳо ва дафъи балоҳо дар дасти Ӯст. Парвардигоре, ки ба ҳама сифоти камол муттасиф мебошад ва сифоти Ӯ дар ниҳояти камол қарор доранд. Ба сурате, ки халоиқ наметавонанд баъзе аз ин сифотро бо қалби худ иҳота намоянд ва забонҳояшон аз баёни он кутоҳ ва ноотавон аст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва Аллоҳ гуфт: «Ду маъбуд магиред, ҷуз ин нест, ки Вай Аллоҳи Ягона аст. Пас, аз Ман битарсед!”. (Сураи Наҳл:51). Ва фармудааст: “Рӯзе, ки онҳо аз қабрҳо берун оянд, аз онҳо чизе бар Аллоҳ пӯшида набошад. Аллоҳ пурсад: Подшоҳии имрӯз аз они кист? Боз Худ дар ҷавоб гӯяд: Аз они Аллоҳи Ягонаи Ғолибу Қаҳҳор аст”. (Сураи Ғофир:16).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٥.jpg | Download |

«Ал-Воҳид, Ал-Аҳад»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device