ОЁ НАҶОТ МЕХОҲӢ?
هل تريد النجاة؟ ОЁ НАҶОТ МЕХОҲӢ? Аз Анас разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд:“Ҳама инсонҳо хатокоранд ва беҳтарин хатокорон касоне ҳастанд, ки тавба мекунанд”. Тирмизӣ. Савол: Ҳамаи мо кутоҳкор ва гунаҳкор ҳастем, пас чи кор бикунем? Ҳалли он чист? Ҷавоб: 1.Аз ширк...
ОЁ НАҶОТ МЕХОҲӢ?
هل تريد النجاة؟
ОЁ НАҶОТ МЕХОҲӢ?
Аз Анас разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд:“Ҳама инсонҳо хатокоранд ва беҳтарин хатокорон касоне ҳастанд, ки тавба мекунанд”. Тирмизӣ. Савол: Ҳамаи мо кутоҳкор ва гунаҳкор ҳастем, пас чи кор бикунем? Ҳалли он чист? Ҷавоб: 1.Аз ширк ҳазар бикун ва ҳам аз василаҳое, ки туро ба ширк мебарад, дӯрӣ биҷӯй, зеро он гуноҳе аст, ки Аллоҳ онро ҳеҷгоҳ намебахшад. Сураи Нисо, ояти 48.
2.Ҳуқуқи бандагонро поймол макун. Аз ҳама гуноҳоне, ки ба мардум дахл дорад, дур бишав. Гуноҳе, ки он дар хун, мол ва шаъну шараф аст. Бинобарин мегӯянд, ки Аллоҳ таъоло ин гуноҳонро фаромӯш намекунад, магар ин ки онро аз шахси золим ба таври қасос гирифта шавад ва ё аз тарафи мазлум он бахшида шавад.
3.Ҳамеша гуноҳони худро эътироф бикун. Аз гуноҳонат пушаймон бишав. Амалҳои неку савобро бештар анҷом бидеҳ. Зеро Аллоҳ фармуд:“Ва дигарон ҳастанд, ки ба гуноҳони худ иқрор шуданд, амали некро бо амали дигар, ки бад аст, омехтанд. Наздик аст, ки ба Раҳмат ба онҳо бозгардад. Ба дурусти ки Аллоҳ Омӯрзандаи Меҳрубон аст”. Тавба:102. Паёмбарﷺ фармуданд: “Ва ба неъматҳое, ки ба ман додаӣ эътироф мекунам ва ба гуноҳони худ иқрор ҳастам, пас маро мағфират бикун, ки касе ба ҷуз Ту гуноҳонро намебахшад”. Бухорӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ОЁ НАҶОТ МЕХОҲӢ?
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device