МУКОФОТИ НАМОЗИ БОМДОД
مكافأة صلاة الفجر МУКОФОТИ НАМОЗИ БОМДОД Нидое, ки хеле зебост, мӯъминон бо шунидани ин нидо ба сӯйи намози бомдод ҳаракат мекунанд. Бо умеди ин, ки аз тарафи Аллоҳ ба мукофотҳои бузург ноил гарданд. Аз ҷумлаи он мукофотҳо: 1. Собитқадам будан дар имон. 2. Дурӣ ва бедорӣ аз амалҳои...
МУКОФОТИ НАМОЗИ БОМДОД
مكافأة صلاة الفجر
МУКОФОТИ НАМОЗИ БОМДОД
Нидое, ки хеле зебост, мӯъминон бо шунидани ин нидо ба сӯйи намози бомдод ҳаракат мекунанд. Бо умеди ин, ки аз тарафи Аллоҳ ба мукофотҳои бузург ноил гарданд. Аз ҷумлаи он мукофотҳо:
1. Собитқадам будан дар имон. 2. Дурӣ ва бедорӣ аз амалҳои мунофиқона. 3. Дохили ҷамоъат гарданд.
4. Аз оташи дӯзах наҷот ёбанд. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳар касе, ки пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз ғуруби он намоз бигзорад, ба оташи дӯзах дохил нагардад”. Бухорӣ ва Муслим.
5.Дар ёриву меҳрубонии Аллоҳ ва ҳифзи Ӯ бошанд. 6.Дар намоз ҳамроҳи онҳо фариштагон бошанд. 7.Дар қиёмат бо нури комил икром карда шаванд. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Онҳое, ки дар торикиҳо ба сӯйи масҷидҳо мераванд, бо нури комили рӯзи қиёмат башорат бидиҳед”. Абудовуд. 8.Савоби бузургеро ба даст оранд, ки он беҳтар аз ҳама чизҳои дунёст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ду ракат намози бомдод беҳтар аз дунё ва ончи дар он аст”. Муслим. Пас ту ҳарис ба хондани намози бомдод ва дигар намозҳо бош, то аз азоб наҷот ёфта ба ҷаннат дохил гардӣ. Аллоҳ фармуд: “Ва онон, ки ба намози худ муҳофизаткунандагонанд, ин гурӯҳ инсонҳо дар боғу бӯстонҳо гиромӣ ҳастанд”. Маъориҷ 34,35.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
МУКОФОТИ НАМОЗИ БОМДОД
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device