ҲАҚҚИ ЗАН ДАР МЕРОС Вақте ки дини Ислом омад, тамоми ҳукми замони ҷоҳилиятро ботил кард, ки занон дар он замон чизе мерос намегирифтанд
حق المرأة في الميراث ҲАҚҚИ ЗАН ДАР МЕРОС Вақте ки дини Ислом омад, тамоми ҳукми замони ҷоҳилиятро ботил кард, ки занон дар он замон чизе мерос намегирифтанд. Ислом барои онҳо насибе аз меросро фарз гардонид. Ҳаққи онҳоро муҳофизат кард ва бо тафсил баён намуд, то ҳуқуқи занони...
ҲАҚҚИ ЗАН ДАР МЕРОС Вақте ки дини Ислом омад, тамоми ҳукми замони ҷоҳилиятро ботил кард, ки занон дар он замон чизе мерос намегирифтанд
حق المرأة في الميراث
ҲАҚҚИ ЗАН ДАР МЕРОС
Вақте ки дини Ислом омад, тамоми ҳукми замони ҷоҳилиятро ботил кард, ки занон дар он замон чизе мерос намегирифтанд. Ислом барои онҳо насибе аз меросро фарз гардонид. Ҳаққи онҳоро муҳофизат кард ва бо тафсил баён намуд, то ҳуқуқи занони заъиф ва кӯдакон поймол нагардад: “Мардонро аз ончи падару модар ва хешон бигузоранд ҳиссае ҳаст ва занонро аз ончи падару модар ва хешон бигузоранд ҳиссае аст, аз ончи он мол кам бошад ё бисёр, ин ҳиссаи муқарраркардашуда аст”. Нисо:7. Аллоҳ таъоло меросро аз мол барои занон насиби фарзшуда номид. Бинобарин ҳеҷгоҳ ҷоиз нест, ки мо ба урф ва одати худ бозгардем. Ҷоиз нест, ки моли меросро ҳамчуноне, ки мехоҳанд сарф кунанд. Паёмбар ﷺ моро аз поймол кардани ҳуқуқи занон ҳазар кунонда фармуданд: “Бор Илоҳо! Ман аз поймол кардани ҳаққи ду заъиф, ятим ва зан ба шиддат барҳазар медорам”. Ибни Моҷа. Ва инчунин Паёмбар ﷺ дар Макка дар Ҳаҷҷатул Вадоъ баён карданд, ки албатта тақсими мерос аз тарафи Аллоҳ ва аз тарафи шариъати Ӯ ба бандагон аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳароина Аллоҳ барои ҳар як меросгиранда насибе аз меросро фарз кардааст”. Ибни Моҷа. Бинобарин, бар ҳеҷ кадом аз моён ҷоиз нест, то ин тақсими Аллоҳро, ки аз он розӣ аст, тағйир бидиҳем. Ҳар шахс насибе аз мерос дорад. Ва ба ҳар мусалмон ҳаром аст, ки занонро аз ҳаққи меросашон манъ кунад ва ё ба он зулм карда ҳаққи онҳоро бигиранд ва ё ба онҳо каме аз мерос бидиҳанд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ҲАҚҚИ ЗАН ДАР МЕРОС Вақте ки дини Ислом омад, тамоми ҳукми замони ҷоҳилиятро ботил кард, ки занон дар он замон чизе мерос намегирифтанд
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device