АҲКОМИ САДОҚ “МАҲР”
المَهر ” أحكام الصّداق АҲКОМИ САДОҚ “МАҲР” Аз ҳуқуқи зан, ки онро Ислом барои онҳо дар вақти барпо кардани оила додааст, он ҳаққи маҳр аст. Ҳаққи маҳре, ки онро Аллоҳ ошкоро амр кардааст ва Паёмбар ﷺ дар ҳама ҳолатҳои издивоҷ онро воҷиб гардодаанд. Ва ҳукми маҳр барои занон...
АҲКОМИ САДОҚ “МАҲР”
المَهر ” أحكام الصّداق
АҲКОМИ САДОҚ “МАҲР”
Аз ҳуқуқи зан, ки онро Ислом барои онҳо дар вақти барпо кардани оила додааст, он ҳаққи маҳр аст. Ҳаққи маҳре, ки онро Аллоҳ ошкоро амр кардааст ва Паёмбар ﷺ дар ҳама ҳолатҳои издивоҷ онро воҷиб гардодаанд. Ва ҳукми маҳр барои занон воҷиб аст: “Ва ба занон маҳрашонро ба хӯшдилӣ бидиҳед”. Нисо:4. Миқдори ҳаққи маҳр, он миқдоре аст, ки дар он розигии зану шавҳар бошад. Ҳаққи маҳр кам бошад ё зиёд, пас он ҷоиз аст:“Ва ба яке аз онҳо моли бисёр дода бошед”. Нисо:20. (Қинтор), яъне миқдоре, ки ҳад надорад. Бинобарин, ҳаққи маҳр на пулу мол, балки мошин ва ё хона бошад ҳам ҷоиз аст. Ибни Аббос разияллоҳу анҳумо фармуд: “Вақте, ки Алӣ разияллоҳу анҳу бо Фотима разияллоҳу анҳо издивоҷ кард. Паёмбар ﷺ ба Алӣ разияллоҳу анҳу гуфтанд: “Чизе ба унвони маҳр ба ӯ бидеҳ. Гуфт: Чизе надорам. Фармуданд: Сипари Ҳутамии ту дар куҷост? Гуфт: Он дар наздам ҳаст. Фармуданд: Онро ба Фотима бидеҳ”. Абудовуд. Ва инчунин ҳаққи маҳрро ба таъхир андохтан ва қарздор шудан ҷоиз аст, зеро никоҳ ин аҳд аст. Ва инчунин он ба мисли муомилаи пулӣ дар хариду фурӯш аст. Ва ҷоиз аст, ки ҳаққи маҳр аз чизҳои фоидаовар бошад. Ба монанди он, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳамон Қуръоне, ки дар ёд дорӣ ба ӯ таълим бидеҳ, ҳамон маҳри ӯст”. Бухорӣ ва Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
АҲКОМИ САДОҚ “МАҲР”
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device