
АҲКОМИ ТӮЙИ АРӮСӢ
أحكام الأعراس АҲКОМИ ТӮЙИ АРӮСӢ Ба ҳар шахси мусалмон воҷиб аст, ки боғайрат, далер ва рашкин дар дин бошад. Ва бояд таълими он бикунад, ки дар тӯйҳо чӣ корҳо ҷоиз аст ва чӣ корҳо ҷоиз нест? Дар тӯйи арӯсӣ истеъмоли ҳама намуд асбобҳои мусиқӣ ва монанди он ҳаром аст. Магар оне чизҳое,...
АҲКОМИ ТӮЙИ АРӮСӢ
أحكام الأعراس
АҲКОМИ ТӮЙИ АРӮСӢ
Ба ҳар шахси мусалмон воҷиб аст, ки боғайрат, далер ва рашкин дар дин бошад. Ва бояд таълими он бикунад, ки дар тӯйҳо чӣ корҳо ҷоиз аст ва чӣ корҳо ҷоиз нест? Дар тӯйи арӯсӣ истеъмоли ҳама намуд асбобҳои мусиқӣ ва монанди он ҳаром аст. Магар оне чизҳое, ки шариъат онро манъ накарда бошад. Ба мисли доира задан барои занон, ки он ҷоиз аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аз уммати ман қавме меоянд, ки зино, абрешим, шароб ва мусиқӣро ҳалол медонанд”. Бухорӣ. Ва хондани шеър дар тӯйи арӯсӣ ҷоиз аст, модоме ки он шеър айб, шухӣ, дашном, фаҳш, дурӯғ ва мусиқӣ надошта бошад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Албатта баъзе шеърҳо ҳикмат доранд”. Бухорӣ. Доира задан дар тӯйи арӯсӣ барои занон амри мустаҳаб аст. Ба шарте, ки он танҳо дар назди занон бошад. Ва истифодаи он барои мардон ҳаром аст. Интиқоли арӯс бо мошин аз як макон ба макони дигар амри мубоҳ аст, ба шарте ки дар он ҳеҷ мухолифати шаръӣ анҷом наёбад. Ба мисли якҷо шудани мардону занон ва ё истифодаи асбобҳои мусиқӣ ва ё яке аз манъшудаҳои шаръӣ. Дар тӯйи арӯсӣ болои сари домоду арӯс партофтани пул ё шириниҳо ҷоиз аст, ба шарте ки дар он исрофе дида нашавад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

АҲКОМИ ТӮЙИ АРӮСӢ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device