ҶАШНИ МАВЛУДИ ПАЁМБАР ﷺ
الإحتفال بالمولد النبي ﷺ ҶАШНИ МАВЛУДИ ПАЁМБАР ﷺ Дар шариати Ислом чизе бо номи "Иди мавлуди Набӣ" вуҷуд надорад. Саҳобагон, тобеъин ва пас аз онон дигар имомони Ислом чунин рӯзро намедонистанд, аз боби авло ҷашн гирифтани онро низ намедонистанд, балки баъзе бидъаткорон аз...
ҶАШНИ МАВЛУДИ ПАЁМБАР ﷺ
الإحتفال بالمولد النبي ﷺ
ҶАШНИ МАВЛУДИ ПАЁМБАР ﷺ
Дар шариати Ислом чизе бо номи "Иди мавлуди Набӣ" вуҷуд надорад. Саҳобагон, тобеъин ва пас аз онон дигар имомони Ислом чунин рӯзро намедонистанд, аз боби авло ҷашн гирифтани онро низ намедонистанд, балки баъзе бидъаткорон аз ҷоҳилони ботиния ин идро эҷод кардаанд ва сипас мардуми авом дар бисёре аз кишварҳо пайрави ин бидъат шудаанд. Баъзе аз дӯстдорони суннат, ки таҳти таъсири ҷашнҳои мавлуд дар кишвари худ қарор гирифтаанд, гумон мекунанд, ки агар бо аҳли хонавода ҷамъ шаванд ва барои ин маросим хӯроки махсусе омода карда, якҷоя бихӯранд, аз ин бидъат наҷот меёбанд. Воқеият ин аст, ки ҳамаи ин ниятҳо ҷамъшавии онҳоро мувофиқи шариъат намегардонад, балки он бидъати инкоршуда аст. Агар ид бихоҳед, иди Фитр ва иди Азҳо (Қурбон) идҳои мусулмонон аст ва агар аз ин ҳам бештар бихоҳед, мо рӯзи Ҷумъа дорем, ки иди ҳафта аст, дар он рӯз барои намози Ҷумъа ва барои зинда кардани руҳияи ифтихор бо дин ҷамъ шавед. Дар ҳар маросими мубоҳе, ба монанди тӯйи домодию арӯсӣ ё ақиқа ё табрик ба ягон амри хайр. Ҳамаи ин маросимҳо метавонанд барои зинда кардани руҳияи алоқа, якҷоя шудани мусулмонон ва тамассук ба дин муносиб бошанд. Маълум аст, ки мо бояд дар дониш ва амал ба онҳо пайравӣ кунем, чуноне ки Шайх Имом Абӯтолиби Маккӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби худ гуфтааст: “Баъзеашон аз ин, яъне аз шунидани ҳаром парҳез мекунанд ва ба ҷои он мавлудро бо хондани "Саҳеҳи Бухорӣ" ва дигар китобҳо баргузор мекунанд. Агарчӣ хондани ҳадис ба зоти худ аз беҳтарин қурубот ва ибодатҳост ва дар он баракат ва хайри бисёр вуҷуд дорад, модоме ки онро бо шартҳояш, мувофиқи шариъат анҷом бидиҳанд, на ба нияти мавлуд?!."Ал-Мадхал" (2/25).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٨_١٤-١٣-٣٢.jpg | Download |
ҶАШНИ МАВЛУДИ ПАЁМБАР ﷺ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device