ҲУКМИ ҚИРОЪАТИ КИТОБҲОЕ, КИ ДАР ОН ХИЛОФИ БАЙНИ САҲОБАГОН АСТ
حكم قراءة الكتب التي فيه الخلاف بين الصحابة رضي الله عنهم ҲУКМИ ҚИРОЪАТИ КИТОБҲОЕ, КИ ДАР ОН ХИЛОФИ БАЙНИ САҲОБАГОН АСТ Баъзе мардумро Аллоҳ таъоло ҳидояташон кунад, китобҳоеро мехонанд, ки дар он баъзе аз муноқаша ва ҷангу ҷидоли баъзе саҳобагон (разияллоҳу анҳум) омадааст....
ҲУКМИ ҚИРОЪАТИ КИТОБҲОЕ, КИ ДАР ОН ХИЛОФИ БАЙНИ САҲОБАГОН АСТ
حكم قراءة الكتب التي فيه الخلاف بين الصحابة رضي الله عنهم
ҲУКМИ ҚИРОЪАТИ КИТОБҲОЕ, КИ ДАР ОН ХИЛОФИ БАЙНИ САҲОБАГОН АСТ
Баъзе мардумро Аллоҳ таъоло ҳидояташон кунад, китобҳоеро мехонанд, ки дар он баъзе аз муноқаша ва ҷангу ҷидоли баъзе саҳобагон (разияллоҳу анҳум) омадааст. Ба ин масъала Ибни Усаймин раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: (Хондани чунин китобҳои чопшудаи аҳли суннат, ки дар он муноқишаи байни саҳобагон омадааст, ҷоиз нест. Барои чӣ ҷоиз нест? Барои он ҷоиз нест, ки ба қалбат чизе воқеъ гардад. Аллоҳ таъоло моро аз муноқишаи онҳо дар рӯзи қиёмат намепурсад. Оё нашуниди, ки Аллоҳ таъоло дар Қуръон чи гуфтааст: “Ва низ аз они касоне аст, ки баъди муҳоҷирон омаданд, мегӯянд: Эй Парвардигори мо, мо ва бародаронамонро, ки ба имон овардан бар мо сабқат карданд, биомӯрз ва дар қалбҳои мо нисбат ба онон, ки имон оварданд, ҳеҷ кинае пайдо макун. Эй Парвардигори мо, ба дурусти, ки Ту Бахшандаву Меҳрубонӣ”. Ҳашр:10.
Оё нахондӣ, ки Паёмбар ﷺ чунин фармуданд: “Асҳоби маро дашном мадиҳед”. Бинобарин, вақте ки ин шубҳаҳо ба қалб дохил гардад, наметавонем онро берун кунем.
Як нафар пурсид, ки агар ба ман сухане бикунанд ва ба қалби ман шубҳае пайдо гардад, пас илоҷи он чист? Гуфт: Ба уламо бозгард.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-١٤_٠١-١٠-٠٦.jpg | Download |
ҲУКМИ ҚИРОЪАТИ КИТОБҲОЕ, КИ ДАР ОН ХИЛОФИ БАЙНИ САҲОБАГОН АСТ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device