- Version
- Download 64
- File Size 285.47 KB
- File Count 1
- Create Date
- Last Updated February 28, 2024
ҲУКМИ ШАХСЕ, КИ ДАР МОҲИ РАМАЗОН БЕ ЯГОН УЗР РӮЗА НАМЕДОРАД
حكم من لا يصوم في رمضان بدون عذر
ҲУКМИ ШАХСЕ, КИ ДАР МОҲИ РАМАЗОН БЕ ЯГОН УЗР РӮЗА НАМЕДОРАД
Рӯзаи моҳи Рамазон рукне аз аркони Ислом аст. Бинобарин ба шахси болиғу оқил ва мукаллаф ҷоиз нест, ки бе ягон узр рӯзаи худро бихӯрад, магар дар ҳолати сафар ва беморӣ. Инсон агар як рӯз бе узр рӯза надошт, ба таҳқиқ ба гуноҳе аз гуноҳони кабира даст задааст ва нафси худро ба ғазабу азоби Парвардигор дучор кардааст. Пас бар ӯ лозим аст, ки тавбаи содиқона бикунад ва қазои онро бидорад. Онҳое, ки ошкоро дар моҳи Рамазон чизе мехӯранд ва ё менӯшанд Паёмбар ﷺ ро нусрат надодаанд ва бо ин гуноҳи бузургашон худро ба азобу машаққат гирифтор мекунанд, ки бо он розӣ ҳастанд.
Ибни Ҳаҷарӣ Ҳайтамӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Чиҳилум ва чилуяккум гуноҳи кабира, тарки рӯзадорӣ дар Рамазон ва ифтори он рӯзҳо ва ҷимоъ аз узрҳо нест, ба ғайр аз беморӣ ва сафар”.
Аз Абуумома разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: Паёмбарﷺ фармуданд: “Дар ҳоле, ки ман хоб будам ду нафар ба наздам омаданд ва аз дастонам гирифта маро ба кӯҳи ноҳамворе бурданд ва гуфтанд: Боло бирав. Гуфтам: Қудрати аз ҷой хестан ва ба боло рафтанро надорам. Пас гуфтанд: Бароят осон хоҳем кард. Пас боло рафтам, ҳатто ба сиёҳии кӯҳ расидам, ки аз онҷо овози баланде мебаромад. Гуфтам: Ин овози чист? Гуфтанд: Ин нолаи аҳли дӯзах аст. Пас ман аз онҷо рафтам ва қавмеро дидам, ки аз пойҳояшон овезон ҳастанд. Устуғонҳои паҳлуяшон дарида ва аз гарданҳояшон хун мечакид. Гуфтам: инҳо кистанд? Гуфта шуд, ки онон касоне ҳастанд, ки пеш аз даромадани вақт дар Рамазон ифтор мекарданд”. Ибни Ҳиббон ва Ибни Хузайма. Пас ҳоли онҳое, ки рӯза намегиранд чӣ мешуда бошад?
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
Attached Files
File | Action |
---|---|
photo_2024-02-28_16-06-06.jpg | Download |