
ҲУКМИ САҶДА ДАР НАМОЗ
حكم السجدة في الصلاة ҲУКМИ САҶДА ДАР НАМОЗ Саҷда кардан дар намоз фарз аст. Мусобиқаи муқтадӣ бо имом дар вақти рафтан ба саҷда ҷоиз нест. Вақти ба саҷда рафтан аввал ду зону сипас ду дастро ба замин гузорем, ки дар ин масъала байни уламо амр васеъ аст. Намозгузор бояд бо ҳафт...
ҲУКМИ САҶДА ДАР НАМОЗ
حكم السجدة في الصلاة
ҲУКМИ САҶДА ДАР НАМОЗ
Саҷда кардан дар намоз фарз аст. Мусобиқаи муқтадӣ бо имом дар вақти рафтан ба саҷда ҷоиз нест. Вақти ба саҷда рафтан аввал ду зону сипас ду дастро ба замин гузорем, ки дар ин масъала байни уламо амр васеъ аст. Намозгузор бояд бо ҳафт аъзо саҷда кунад, ки он пешонӣ ва бинӣ, ду кафи даст, ду зону ва ду ангуштони пой аст. Ва оринҷро ба замин нарасонда ангуштони кафи дастро сӯйи қибла кунад. Ва шикамро аз рон ва ронро аз соқ дур дорад. Ва ангуштони пойи худро сӯйи қибла карда ин амалро бо оромӣ анҷом диҳад. Саҷдаи саҷдакунанда ҳамон вақт таҳқиқ меёбад, ки инсон рост ва бо оромӣ ба ҳафт аъзо саҷда кунад. Ва бо ҳафт аъзо саҷда кардан воҷиб аст. Шахсоне, ки дар вақти саҷда кардан кафи дасташон ба замин намерасад, намози онҳо дуруст аст. Паёмбар ﷺ дар вақти саҷда оринҷро ба замин расонданро наҳй карданд. (Бухорӣ). Дар вақти саҷда ду ангуштони пойи намозгузор бояд сӯйи қибла бошад. Ва саҷда кардан ба либос ва ё фарш ҷоиз аст. Намозгузор дар байни ду саҷда бо оромӣ бинишинад, зеро он рукне аз аркони намоз аст. (Бухорӣ). Сифати нишастан дар байни ду саҷда ин гуна аст, ки намозгузор ба пойи чапи худ нишаста, ангуштони пойи рости худро сӯйи қибла кунад. Намозгузор ба ракати дуввум бо ду даст ва ё бо ду зону рост шуданаш ҷоиз аст. Ва дуоҳои воридшуда дар саҷда чунин аст: "Субҳона раббиял аъло". (Аҳмад). "Субҳона раббиял аъло ва биҳамдиҳ". (Абудовуд). "Суббуҳун қуддусу раббул малоикати варрӯҳ". (Муслим). "Субҳонака аллоҳумма раббано ва биҳамдик, аллоҳум мағфирлӣ". (Бухорӣ). Тасбеҳ гуфтан дар саҷда воҷиб аст. Қироъати Қуръон дар саҷда ҷоиз нест, зеро Паёмбар ﷺ онро наҳй карданд.
****
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٦_١٠-٥٥-٥٢.jpg | Download |

ҲУКМИ САҶДА ДАР НАМОЗ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025