
ҲУКМИ ЗИЁД ҚАСАМ ХӮРДАН БА АЛЛОҲ
حكم الإكثار من الحلف بالله ҲУКМИ ЗИЁД ҚАСАМ ХӮРДАН БА АЛЛОҲ Зиёд қасам нахӯрем, ҳатто агар рост гуфта бошем, чун Аллоҳ мефармояд: "Аллоҳ шуморо ба хотири савгандҳои беҳуда сахтгирӣ намекунад, вале дар баробари савгандҳое, ки аз рӯи ирода маҳкам кардаед, сахтгирӣ менамояд. Каффораи...
ҲУКМИ ЗИЁД ҚАСАМ ХӮРДАН БА АЛЛОҲ
حكم الإكثار من الحلف بالله
ҲУКМИ ЗИЁД ҚАСАМ ХӮРДАН БА АЛЛОҲ
Зиёд қасам нахӯрем, ҳатто агар рост гуфта бошем, чун Аллоҳ мефармояд: "Аллоҳ шуморо ба хотири савгандҳои беҳуда сахтгирӣ намекунад, вале дар баробари савгандҳое, ки аз рӯи ирода маҳкам кардаед, сахтгирӣ менамояд. Каффораи ин гуна қасамҳо, таом додани даҳ нафар мустаманд аз хӯрокҳои оддӣ аст, ки ба хонаводаи худ медиҳед ё либос пӯшондан бар он даҳ нафар ва ё озод кардани як ғулом. Ва касе, ки ҳеҷ кадом аз инҳоро наёбад, се рӯз рӯза мегирад. Ин каффораи савгандҳои шумост, дар ҳангоме, ки савганд ёд мекунед ва мухолифат менамоед. Ва савгандҳои худро ҳифз кунед ва нашиканед. Аллоҳ оятҳои Худро ин чунин барои шумо баён мекунад, шояд шукри Ўро ба ҷо оваред". Моида-89. Паёмбар ﷺ мефармоянд: "Се нафар ҳастанд, ки Аллоҳ дар рӯзи қиёмат бо онҳо сухан намегуяд ва ба онҳо нигоҳ намекунад ва ононро покиза намегардонад ва азоби дардноке доранд: Пирамарди зинокор, фақири мутакаббир ва касе, ки молаш ҷуз бо савганд хариду фурӯш намешавад". Бинобарин шахси муъмин бояд камтар савганд бихӯрад, ҳатто агар ростгӯ бошад, зеро зиёд савганд хӯрдан сабаб мешавад, то ӯ ба дуруғ савганд бихӯрад.
Маълум аст, ки дурӯғ ҳаром аст ва ҳаргоҳ дурӯғ ҳамроҳ бо қасам бошад, ҳаром будани он сахттар ва бештар аст, аммо агар зарурат ва маслиҳат пеш ояд, то инсон ба дурӯғ савганд бихӯрад, ҳеҷ боке надорад, чун Умми Кулсум бинти Ақаба разияллоҳу анҳо ривоят мекунад, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: "Касе, ки миёни мардум ошти карданро барқарор менамояд ва сухани хайр мегӯяд ва хайрро нақл мекунад, дурӯғгӯ нест". Инчунин Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дурӯғ иҷозат аст, магар дар се чиз: Дурӯғ дар ҷанг, дурӯғ дар эҷоди сулҳу оштӣ дар байни мардум ва дурӯғи шавҳар ба занаш ва дурӯғи зан ба шавҳараш". Бухорӣ ва Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٤.jpg | Download |

ҲУКМИ ЗИЁД ҚАСАМ ХӮРДАН БА АЛЛОҲ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device