ҲУКМИ ГИРИФТАНИ САГ БАРОИ НИГАҲБОНИИ ХОНАҲО
حكم اتخاذ الكلاب لحراسة البيوت ҲУКМИ ГИРИФТАНИ САГ БАРОИ НИГАҲБОНИИ ХОНАҲО Сагҳое, ки барои посбонии замин, ҳавлӣ, анбор, галаҳо ва ё он сагҳое, ки барои шикор нигоҳ дошта мешаванд, доштани он бар асоси заруратҳои боло ҷоиз аст. Бидуни ин навъ заруратҳо, барои бозиву ҳавас саг...
ҲУКМИ ГИРИФТАНИ САГ БАРОИ НИГАҲБОНИИ ХОНАҲО
حكم اتخاذ الكلاب لحراسة البيوت
ҲУКМИ ГИРИФТАНИ САГ
БАРОИ НИГАҲБОНИИ ХОНАҲО
Сагҳое, ки барои посбонии замин, ҳавлӣ, анбор, галаҳо ва ё он сагҳое, ки барои шикор нигоҳ дошта мешаванд, доштани он бар асоси заруратҳои боло ҷоиз аст. Бидуни ин навъ заруратҳо, барои бозиву ҳавас саг нигоҳ доштан дар хона амали ҳаром ва гуноҳ буда сабаби ҳамарӯза кам шудани аҷру савоб аз амалҳои неки соҳибаш мегардад. Сагҳое, ки нигоҳ доштанашон ҷоиз аст, хариду фурӯшаш (бар асоси мазҳаби ҳанафӣ) ҷоиз аст. Саге, ки нигоҳ доштанаш ҳаром аст, низ он пуле, ки аз фурӯши он ба даст меояд ҳаром аст. Нигоҳ доштани он барои ниёз ва зарурат, ки барои мо он саг вазифаеро, ҳамчун шикор кардани сайд ва посбонии анборҳову хонаҳо аст, ҷоиз аст. Сагҳое, ки барои тафтиши ҷиноятҳо ба кор бурда мешаванд ва барои пайдо намудани ҷинояткорон муфаттишонро мусоидат мекунанд, ҷоиз аст. Навъи дуввуми нигаҳдории саг ҳамон аст, ки чунин заруратҳои номбурда мавҷуд набошад ва шахс барои бозиву ҳаваси худ ва ё ба хотири тақлид аз кадом як шахсияти машҳури шарқӣ ё ғарбӣ барои худ саг гирад, ин навъ доштани саг шаръан ҳаром буда, будани он дар хона гуноҳи ҳамарӯза такроршаванда ба ҳисоб меравад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳарки саге нигоҳ дорад, ки саги шикорӣ ё барои нигаҳбонии гала ё посбонии замин набошад, ҳаррӯз аз аҷри амалҳои некаш ду қирот кам мегардад”. Баъзеҳо гуфтанд, як қирот аз савоби амалҳои фарзаш ва як қирот аз савоби амалҳои нафлаш кам мегардад. Сабаби дигар ин аст, ки мавҷуд будани саг дар хона сабаб мегардад, ки фариштагон ба он хона надароянд. Сабаби дигар дар ин аст, ки арақи бадан ва оби даҳони саг наҷосату палид аст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٩.jpg | Download |
ҲУКМИ ГИРИФТАНИ САГ БАРОИ НИГАҲБОНИИ ХОНАҲО
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device