ҲИС МЕКУНАМ, КИ ТУ ПАЗМОНИ Ӯ МЕШАВӢ
أشعر أنك تفتقده ҲИС МЕКУНАМ, КИ ТУ ПАЗМОНИ Ӯ МЕШАВӢ Як рӯз Паёмбар ﷺ занеро ба ёд оварда аз саҳобагон пурсиданд, ки ӯ дар куҷост? Саҳобагон гуфтанд: Ӯ вафот кардааст. Пас Паёмбар ﷺ фармуданд: “Барои чӣ аз марги ӯ ба ман хабар надодед? Зеро ӯ масҷидро гоҳе поку тоза мекард ва мерӯфт...
ҲИС МЕКУНАМ, КИ ТУ ПАЗМОНИ Ӯ МЕШАВӢ
أشعر أنك تفتقده
ҲИС МЕКУНАМ, КИ ТУ ПАЗМОНИ Ӯ МЕШАВӢ
Як рӯз Паёмбар ﷺ занеро ба ёд оварда аз саҳобагон пурсиданд, ки ӯ дар куҷост? Саҳобагон гуфтанд: Ӯ вафот кардааст. Пас Паёмбар ﷺ фармуданд: “Барои чӣ аз марги ӯ ба ман хабар надодед? Зеро ӯ масҷидро гоҳе поку тоза мекард ва мерӯфт ва аз сиёҳпӯстон буд. Ва саҳобагон ӯро пасту ҳақир шумурда аз марги ӯ ба Паёмбар ﷺ хабар надода буданд. Дар ривояти дигар омадааст, Паёмбар ﷺ ба назди қабри ӯ рафтанд ва ба ӯ намози ҷаноза хонданд”. Як рӯз шахсе шикоят кард, ки аз суханҳои ӯ фаҳмида мешуд, ки хоҳони аз ин дунё рафтанро дорад. Ӯ мегуфт, ки ҳеҷ кас маро намепурсад, ёд намекунад, пазмони ман намешавад. Намегӯянд, ки оё ӯ зинда аст ва ё мурда? Ман дар назди ҳеҷ кас қадру қимате надорам. Ин мактуб ва ин суханро ба ҳар як падар, модар, ҳамсар, шавҳар ва дӯстон аз мардон бошанд ва ё занон бояд фиристода шавад. Ва бидонем, ки байни ҳар оила ба ҳар рафиқу дӯстон шахсеро пайдо кардан мумкин аст, ки он шахс дар байни онҳо шахси бофаросат ва фарқкунандаи неку бад аст ва танҳо ӯ моро ёд мекунад ва пазмони мо мешавад. Зеро ӯ ислоҳкор аст ва ё хеле зираку меҳрубон аст. Ва ё дар ҳақиқат мард аст, ки танҳо ӯ таҳаммули масъулият мекунад. Ва аз тарафи дигар дар атрофи мо бисёр инсонҳое ҳастанд, ки дар тӯли умрашон ҳеҷгоҳ ҳис намекунанд, ки ба мо ягон зараре расидааст ва ё не. Зеро мо дар назди онҳо ҳеҷ ва нонамоён ҳастем. Ва онҳо ҳатто тобу тавон ва имкону фурсате надоранд, ки аз онҳо як бор бипурсанд. Ва дар гузашти вақт чунин инсонҳо ҳис мекунанд, ки гуё дигарон ӯро бад мебинанд. Пас дар охир ин шахс ба бемории рӯҳӣ гирифтор мешавад. Ва ҳис мекунад, ки баданаш варимида аст. Шояд чунин инсон ҳаётро бад бинад. Пас агар ба мо савол дода шавад, ки агар мо ҳаррӯз аз аҳволи фарзандонамон бипурсем, ба мо чи заҳмату азияте мерасад? Аз оне, ки дар наздамон аст ва ё дур аз мо. Ва ё дигар инсонҳое, ки адои фароизи Илоҳӣ мекунанд ва ё шахсони гунаҳкор ҳастанд. Ба ту чи душворие аст, ки ҳамчу шавҳар аз аҳволи ҳамсарат бипурсӣ? Ва ба мо чи заҳмате мешавад, агар ба як дӯст ва ё хешамон занг бизанем, ба он шахсе, ки ӯ шахси оддӣ, хоксор ва фақир аст. Пас мо бо аҳволпурсии ҳама атрофиён ва бо каме аз аҳмият додан ба онҳо, онро зинда бикунем.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٢-٤٥.jpg | Download |
ҲИС МЕКУНАМ, КИ ТУ ПАЗМОНИ Ӯ МЕШАВӢ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device