
ҲИММАТБАЛАНДӢ
علو الهمة ҲИММАТБАЛАНДӢ Дар ин ҳаёт чи кор кардӣ, оё ба ҳимматбаландӣ саъйу кӯшиш кардаӣ? Зеро гуфта шуд, ки “қадру қимати ҳар шахс ба миқдори некиҳои ӯст”. Аллоҳ ҳимматбаландиро дӯст медорад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Албатта Аллоҳ таъоло Карим аст ва бо карам буданро дӯст медорад”....
ҲИММАТБАЛАНДӢ
علو الهمة
ҲИММАТБАЛАНДӢ
Дар ин ҳаёт чи кор кардӣ, оё ба ҳимматбаландӣ саъйу кӯшиш кардаӣ? Зеро гуфта шуд, ки “қадру қимати ҳар шахс ба миқдори некиҳои ӯст”. Аллоҳ ҳимматбаландиро дӯст медорад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Албатта Аллоҳ таъоло Карим аст ва бо карам буданро дӯст медорад”. Ва ахлоқҳое, ки дараҷаи баланд дорад, онро дӯст медорад. Ва ахлоқҳои паст, ба мисли ғайбат ва суханчиниро бад мебинад. Саъйу кӯшиш дар ахлоқҳои нек аз сифатҳои муъминон аст. Аллоҳ фармуд: “Ин ҷамоа дар некуҳо саъй мекунанд ва онҳо ба сӯйи он мусобиқакунанда ҳастанд”. Муъминун:61. Ва барои боло рафтани мусалмон дар ҳар намуд фурсатҳо ба ӯ лозим аст, ки дар саъйу кӯшиши худ содиқ ва ҳимматбаланд бошад, то ба он бирасад. Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Ба ҳиммати олӣ расидан нияти дуруст лозим аст. Пас агар ҳимматбаландӣ ва нияти дуруст бо ҳам ҷамъ гарданд, ба поёни мақсад бирасанд”. Фавоид; ҷ1.с200. Оне, ки ҳимматбаланд аст, тамоми сабабҳоро ба худ мегирад. Ҳамчуноне, ки Аллоҳ дар бораи Зулқарнайн фармуд: “Ба дурусти, ки мо ба ӯ дар замин дастрасӣ додем ва ба ӯ дар ҳар чиз сабабе додем. Пас дар пайи сабабе афтод”. Каҳф:84,85. Яъне, Аллоҳ ба ӯ сабабҳоеро ато мекард, ки бо он амал мекард ва ба мақсад мерасид. Шахси ҳимматбаланд бо ақлаш кор мекунад, то дар ҳама майдонҳо ба олитарин мартабаҳо бирасад. Оне, ки ҳиммати баланд дорад, ҳеҷгоҳ аз охират ғофил намемонад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳар шахсе, ки ғаму андӯҳаш ва қасдаш дар ин дунё танҳо охират бошад, Аллоҳ дар қалбаш бойиро ато мекунад. Ва ба ризқаш қаноат мекунад, тамаъ намекунад. Ҳама кораш барояш осон ва ҷамъ гардад. Ва ба ӯ дунёе ояд, ки онро бад медид”. Тирмизӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-١٤_٢٢-١٠-٤٥.jpg | Download |

ҲИММАТБАЛАНДӢ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025