ҲАР ҶАЗО ТААЛЛУҚ БА АМАЛ АСТ
الجزاء من جنس العمل ҲАР ҶАЗО ТААЛЛУҚ БА АМАЛ АСТ Марде буд ба мардум қарз медод ва ба ғуломаш мегуфт: Ҳаргоҳ ба назди қарздоре рафтӣ, ки ӯ чизе барои пардохт надошта бошад, аз ӯ даргузар ва фурсат бидеҳ ва сахт магир. Пас вақте ки он мард аз дунё даргузашт, Аллоҳро дар ҳоле мулоқот...
ҲАР ҶАЗО ТААЛЛУҚ БА АМАЛ АСТ
الجزاء من جنس العمل
ҲАР ҶАЗО ТААЛЛУҚ БА АМАЛ АСТ
Марде буд ба мардум қарз медод ва ба ғуломаш мегуфт: Ҳаргоҳ ба назди қарздоре рафтӣ, ки ӯ чизе барои пардохт надошта бошад, аз ӯ даргузар ва фурсат бидеҳ ва сахт магир. Пас вақте ки он мард аз дунё даргузашт, Аллоҳро дар ҳоле мулоқот намуд, ки аз гуноҳаш даргузашт. Ва ин сабаби осонгирӣ ва хушрафтории ӯ бо мардум буд. Чун ӯ ба Аллоҳ гумони нек дошт ва ба бандаҳои Аллоҳ некӣ менамуд. Аллоҳ ӯро бахшид, зеро подоши ҳар амал аз ҷинси амал аст. (Бухорӣ ва Муслим). Пас некӣ намеояд, магар ба сабаби некӣ. Ва некон дар дунё, ҳамон некон дар охират ҳастанд. Аллоҳ таъоло фармуд: “Оё ҷазои некукорӣ ҷуз некукорӣ аст?”. Раҳмон:60. Оне, ки саъйу кушиш дорад, Аллоҳ онро зиёда мегардонад. Оне, ки дар ғами баровардани ҳоҷати як бародараш бошад, Аллоҳ ҳоҷати ӯро бароварда мегардонад. Онҳое, ки ба бандагони Аллоҳ раҳм карданд, Аллоҳ ба онҳо раҳм кард. Аллоҳ фармуд: “Ҳар ки кори бад ба амал орад, ба ҷуз монанди он ҷазо дода нахоҳад шуд”. Ғофир:40. Оне, ки як кор ва ё қавлеро мегӯяд, лекин он ба хотири Аллоҳ нест, Аллоҳ ба ӯ савобе намедиҳад ва дар охират айби ӯро ошкор мекунад. Оне, ки зоҳиран як амали неке мекунад, ки он риё бошад, пас он амал барбод карда мешавад. Оне, ки муроқиби айби бародари мусалмонаш бошад, то ӯро дар назди мардум шарманда гардонад, Аллоҳ айби ӯро дар дунё ва охират ошкор гардонад. Оне, ки ба як мусалмоне зарар мерасонад ва фиреб медиҳад, Аллоҳ ӯро зарар мерасонад ва фиреб медиҳад. Аллоҳ фармуд: “Ончи дар осмонҳову ончи дар замин аст, аз они Аллоҳ аст, то ононро ки бадкорӣ карданд ва ба ончи амал намуданд, ҷазо диҳад ва ононро, ки некукорӣ карданд, ба некӣ ҷазо диҳад”. Наҷм:31.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-١٥_١٧-٢٦-٤٥.jpg | Download |
ҲАР ҶАЗО ТААЛЛУҚ БА АМАЛ АСТ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device